Вазорати энергетика ва саноати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

Роҳбалад

Дархости лозимaро ворид кунед

Рӯзҳои таърихии вазорат


Сомонаи Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз таҷдид дар арафаи ҷашни Ваҳдати миллӣ боз аз нав фаъол карда шуд.

Таърихи рӯз: 2011-06-24

Дар фазои иттилоотӣ боз як сомонаи дигар фаъол гардид. Сомонаи Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз таҷдид дар арафаи ҷашни Ваҳдати миллӣ аз нав фаъол карда шуд. Хонандагон тавассути сомонаи Вазорат бо хабар ва маълумотҳои лозима оид ба соҳаҳои энергетика ва саноат шиносоӣ пайдо хоҳанд кард. Фаъол шудани сомонаи мазкур фоли неке хоҳад буд. Нишонаи сомонаи мо: www.minenergoprom.tj

Просмотров: 1837


Ҷамъомади тантанавӣ ба муносибати Рўзи Ваҳдати миллӣ дар Вазорат.

Таърихи рӯз: 2011-06-24

Имрўз дар Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба рўзи Ваҳдати миллӣ ҷаласаи васеъи кормандони дастгоҳи марказӣ ва муассисаву корхонаҳои тобеи Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Инчунин дар ҷаласа Раиси Кумитаи иҷроияи ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Восиев Қ. ва мудири шўъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур Мусофиров Ҳ. иштирок намуданд.

Просмотров: 1079


Намоишгоҳи ИДМ дар шаҳри Москав

Таърихи рӯз: 2011-06-28

28.06.2011 дар ш.Москваи Федератсияи Русия бахшида ба 20 солагии таъсисёбии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Намоишгоҳи давлатии молу маҳсулоти кишварҳои узви ИДМ оғоз гардид.
Дар ин намоишгоҳ аз корхонаҳои саноатии системаи Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҶММ «Насоҷии Тоҷик», ҶСШК «Нафиса», ҶММ «Ёқут-2000», ҶСК «Қолинҳои Қайроқум», ҶММ «Атласи Хуҷанд», ҶДММ «Рухом» , ҶММ «Шоҳона», ҶСП «Оби Зулол», ҶС «Консервзаводи Хуҷанд», ШСХК «Барқи Тоҷик», дар маҷмўъ зиёда аз 15 корхона иштирок менамоянд. Қобили қайд аст, ки молу маҳсулоти истеҳсолнамудаи корхонаҳои ҷумҳурӣ, ба монанди калоба ва матои пахтагин, ҷўробҳои мардона, занона ва кўдакона, маҳсулоти дӯзандагӣ, қолинҳо, матои атлас, шимҳо, ҷўробҳои мардона, маҳсулотҳо аз сангҳои ороишӣ, шарбату нўшобаҳо ва ғайра ба намоиш гузошта шудаанд.
Намоишгоҳи мазкур то 03.07.2011 идома меёбад.

Просмотров: 979

Ахбори рӯз

Мулоқот дар вазорат 2014-04-28

Кӯмаки навбатӣ ба хонаи кӯдакон 2013-12-30

Коргоҳҳои нави соҳаи саноати маъдани кўҳӣ ва металлҳои қиматбаҳо 2013-12-30

Таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар соҳаи саноати маъдани кӯҳӣ ва металҳои қимматбаҳо 2013-12-31

Фаъолияти ҶМСП «ТоҷИрон»-и шаҳри Душанбе 2013-12-19

Пешравиҳо дар ҶДММ «Хуаксин Ғаюр семент»-и ноҳияи Ёвон 2013-12-19

Оғози фаъолияти ҶММ «Тоҷис-Эко-чарм» дар Душанбе 2013-12-06

Мулоқот дар вазорат 2013-12-03