Вазорати энергетика ва саноати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

Роҳбалад

Дархости лозимaро ворид кунед

Рӯзҳои таърихии вазорат


Ташрифи ҷаноби Сафир

Таърихи рӯз: 2011-07-08

Имрӯз дар Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гул Шералӣ бо Сафири Мамлакати Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – Бандар Муҳаммад Ҷамил баргузор гардид.
Зимни вохўрӣ Вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гул Шералӣ оид ба соҳаҳои гуногуни энергетика ва саноат, аз ҷумла соҳаи нафту газ, коркарди пўсу пашм, меваю сабзавот ва имконияти ба роҳ мондани ҳамкориҳои миёни ҳарду кишвар дар бахшҳои мазкур ибрози назар намуд.

Просмотров: 865


ҶСП КМ «Тоҷик Азот» ба фаъолияти худ шурӯъ намуд

Таърихи рӯз: 2011-07-11

Бо иқдоми Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҶСП «Тоҷик Азот», ки самти фаъолияти он ба истеҳсоли нуриҳои минералӣ барои эҳтиёҷоти соҳаи кишоварзӣ нигаронида шудааст, пас аз бозистии тулонӣ санаи 10.07.2011 фаъолияти истеҳсолиашро оғоз намуд.

Просмотров: 1011


Барномаи рушди масолеҳи сохтмонӣ дар давраи то соли 2015

Таърихи рӯз: 2011-07-12

Бо мақсади амалӣ намудани «Барномаи рушди масолеҳи сохтмонӣ дар давраи то соли 2015» бунёди корхонаҳои нав, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ба роҳ мондани намудҳои нави масолеҳ, таҷдиди корхонаҳои амаликунанда идома ёфта истодааст.

Просмотров: 1063


Тўҳфаи Вазорат ба Китобхонаи миллӣ

Таърихи рӯз: 2011-07-14

Бо ташабусси Вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гул Шералӣ Вазорат ба Китобхонаи миллӣ 4 ҳазору 50 дона китоб ҳадя намуд.

Просмотров: 949


Ҷаласаи васеи Ҳайати мушовараи Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таърихи рӯз: 2011-07-15

Дар Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи васеи мушовараи Вазорат баргузор гардид.

Дар ҷаласа Вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гул Шералӣ фаъолияти корхонаю муассисаҳои соҳаҳои энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар нимсолаи аввали соли 2011 таҳлил ва ҷамъбаст намуда, барои нимсолаи дуюми соли 2011 дар назди корхонаҳо, муассисаҳои соҳаҳои энергетика ва саноат вазифањои мушаххас гузошт.

Просмотров: 853


Дастовардҳои нимсолаи аввал

Таърихи рӯз: 2011-07-16

Дар нимсолаи аввали соли 2011, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – 3 млрд. 225 млн. 420,1 ҳазор сомониро ташкил дода, суръати афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли 2010 ба 105,8% баробар шуд.
Ҷаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии ҷумҳурӣ нисбат ба 6 моҳи соли 2010, дар маҷмӯъ ба маблағи 177,6 млн. сомонӣ зиёд аст. Бояд тазаккур дод, ки аз ҳисоби КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик» ҳаҷми маҳсулоти саноатии ҷумҳурӣ ба маблағи 58,9 млн. сомонӣ (аз ҷумла дар моҳи июн 21,6 млн. сомонӣ), аз ҳисоби ШСХК «Барқи Тоҷик» 39,3 млн. сомонӣ ва корхонаҳои тобеияти идоравӣ надошта 74,6 млн. сомонӣ кам шуда, афзоиш асосан аз ҳисоби корхонаҳои системаи Вазорати энергетика ва саноат таъмин гардидааст.

Просмотров: 886


Ахбор оиди саноати сабук

Таърихи рӯз: 2011-07-20

Дар муддати 6 моҳи сипаригашта корхонаҳои коркарди пӯст ба миқдори 378,8 ҳазор донна пӯсти чорворо коркард намуданд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 30,8 маротиба зиёд мебошад.

Давоми ҳамин нимсола ҶСШК «Атласи Хуҷанд» 54,1 ҳазор метри тӯлонӣ матои атлас истеҳсол намудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ду маротиба зиёд мебошад.

Просмотров: 935


Нишасти матбуотӣ

Таърихи рӯз: 2011-07-22

Мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 04.03.2005 № АП-1677 дар Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ гузаронида шуд.

Просмотров: 916


Корхонаи нав дар Турсун-зода

Таърихи рӯз: 2011-07-22

Бо ташаббус ва дастгирии Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Коммунаи ҷамоати деҳоти 1 майи шаҳри Турсунзода корхонаи ҶДММ «Сомон-Турон-Инвест» бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ гардид.

Корхонаи нав дар Турсунзода 22.07.2011

Корхонаи нав дар Турсунзода 22.07.2011

Просмотров: 1455


Боз як корхонаи нафт

Таърихи рӯз: 2011-07-22

Бо ташаббуси Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Турбақалъаи ноҳияи Шаҳринав бо иштироки Ҷаноби Олӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон хишти аввалини сохтмони як корхонаи нави коркарди нафт ҶДММ «Капитал» гузошта шуд.

Корхонаи нафт

Просмотров: 926


Таҷҳизотҳои барқи офтобӣ ба минтақаҳои кӯҳистон

Таърихи рӯз: 2011-07-27

Бо ташаббусу дастгирии Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба 20- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ҳамкориҳо ва муносибатҳои хориҷӣ бо кишвару созмонҳо ва ширкатҳо ба ҷумҳурӣ зиёда аз 2 ҳазор маҷмӯи таҷҳизотҳои барқи офтобӣ ворид намудааст. Мутобиқи дастури Президенти кишвар ҳамчун кӯмак ба ноҳияҳои кӯҳӣ ба тариқи ройгон ба минтақаҳои кӯҳистони ноҳияҳои ҷумҳурӣ тақсим карда мешавад

Просмотров: 973


Истеҳсоли аввалин аккумуляторҳо

Таърихи рӯз: 2011-07-29

Имрӯз бо ташаббуси Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе боз як корхонаи нави аккумуляторбарорӣ кушода шуд.
Дар маросими ифтитоҳ Вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гул Шералӣ иштирок доштанд.

Просмотров: 915

Ахбори рӯз

Мулоқот дар вазорат 2014-04-28

Кӯмаки навбатӣ ба хонаи кӯдакон 2013-12-30

Коргоҳҳои нави соҳаи саноати маъдани кўҳӣ ва металлҳои қиматбаҳо 2013-12-30

Таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар соҳаи саноати маъдани кӯҳӣ ва металҳои қимматбаҳо 2013-12-31

Фаъолияти ҶМСП «ТоҷИрон»-и шаҳри Душанбе 2013-12-19

Пешравиҳо дар ҶДММ «Хуаксин Ғаюр семент»-и ноҳияи Ёвон 2013-12-19

Оғози фаъолияти ҶММ «Тоҷис-Эко-чарм» дар Душанбе 2013-12-06

Мулоқот дар вазорат 2013-12-03