Вазорати энергетика ва саноати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

Роҳбалад

Дархости лозимaро ворид кунед

Рӯзҳои таърихии вазорат


Ду корхонаи хиштбарорӣ дар як ноҳия

Таърихи рӯз: 2011-08-02

Дар ноҳияи Мастчоҳ ду корхонаи хиштбарорӣ ба фаъолият оғоз намуд. Корхонаи аввал аз тарафи ҶДММ «Мир Исмоил» бо иқтидори солонаи 3,0 миллион дона таъсис ёфта, 20 нафар бо ҷойи корӣ таъмин карда шуданд. Корхонаи дуюм аз тарафи соҳибкори инфиродӣ Шарипов А. таъсис дода шуд, ки иқтидори он як миллион дона, хишт дар як сол мебошад. Айни замон дар ин корхона сохтмони хумдон пурра ба итмом расонида шуда 15 нафар сокинони ноҳия бо ҷои кор фаро гирифта шудаанд.

Просмотров: 924


Насби таҷҳизот дар корхона шурӯъ гардид

Таърихи рӯз: 2011-08-02

Дар ноҳияи Мастчоҳ васлу насби таҷҳизотњои технологии заводи сементбарории «Суғд семент» оғоз гардид. Айни замон 60% таҷҳизот ворид шуда, барои он 1,3 миллион сомонӣ пардохт гардидааст. Дар васлу насби таҷҳизот ва сохтмони корхона ду мутахассиси хитойӣ ва як олмонӣ 87 нафар коргарони маҳаллӣ машғули кор мебошанд. Воридсозии боқимонда 40%-и таҷҳизот охирҳои моҳи сентябр дар назар дошта шудааст. Аз рӯи нақшаи корӣ мутахассисон моҳи январи соли 2012 ба истеҳсоли маҳсулот оғоз хоҳанд кард. Дар сурати ба фаъолият оғоз кардани корхона 150 ҷойҳои нави корӣ пайдо мешавад. 80 % корҳои сохтмонӣ анҷом ёфта, аз моҳи октябр захираи ангиштро аз кони «Фон Яғноб» ва Ҷумҳурии Қирғизистон оғоз мегардад, ки талаботи якрӯзаи корхона 35-40 тоннаро ташкил медиҳад.

Просмотров: 916


Дастрас намудани боз 200 адад таҷҳизотҳои барқи офтобӣ

Таърихи рӯз: 2011-08-12

Боз 200 адад таҷҳизоти барқӣ офтобӣ ба сокинони минтақаҳои кӯҳистон дастрас карда шуд.

Ин бор ба аҳолӣ ва муассисаҳои иҷтимоии деҳаҳои ҷамоати деҳоти Сағирдашти ноҳияи Дарвоз 100 адад ва деҳаҳои Сари Камар, Мавлак, Олиҷгон, Санги Ҷувозак, Шаҳтут, кӯчаи Яхпули Тутқовул, Колта Чинор ш.Норак 100 адад таҷҳизоти барқи офтобӣ тақсим гардид.

Просмотров: 898


Ярмарка – фурӯши либосҳои мактабии истеҳсоли корхонаҳои ватанӣ

Таърихи рӯз: 2011-08-17

Имрӯз бахшида ба 20 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мағозаи ҶММ «Ёқут - 2000» ярмарка - фурӯши либосҳои мактабӣ баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур 5 корхонаҳои калонтарин бо пешниҳоди маҳсулот аз қабили ҶММ «Ёқут – 2000» ва ҶСП «Гулистон» бо маҳсулотҳои дӯзандагӣ, ҶММ «Кӯҳандиз» ва ҶММ «Пойафзолдӯзи Хуҷанд» бо пешниҳоди пойафзолҳои мардона, занона ва кӯдакона ва ҶСШК «Нафиса» бо пешниҳоди маснуоти ҷуробу пайпоќҳои мардона, занона ва кӯдакона иштирок менамоянд.

Мавриди тазаккур аст, ки маҳсулотҳои пешниҳодгардида аз ҷиҳати сифатнокӣ рақобатнок буда, нархи онҳо нисбат ба бозор 20 – 40 % арзон мебошанд. Ярмаркаи мазкур ҳамарӯза аз соати 8 00 то соати 16 00 то 01 сентябри соли равон баргузор мегардад.

Просмотров: 873


Кумаки моддӣ ба мактаб-интернат

Таърихи рӯз: 2011-08-25

Бахшида ба ҷашни 20-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон мавҷуда ба хонаи кӯдакони деҳаи Танобчии ноҳияи Темурмалик ба маблағи 14000 (чордаҳ ҳазор) сомонӣ маводи хӯрока, маводҳои варзишӣ инчунин сару либос, мавод ва ашёи хониш барои тарбиятгирандагон кӯмак расонид.

Просмотров: 924


Дастовардҳои кормандони соҳаи ангишт

Таърихи рӯз: 2011-08-26

Дар ҷумҳурӣ истихроҷи ангишт то 25 августи соли ҷорӣ ба 104553,0 тонна расонида шуд, ки ин нисбат ба нақша +7678,0 тонна зиёд, ё ин ки 108,0%-и нақшаро ташкил медиҳад. Нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба миқдори +1939,0 тонна (102,0%) зиёдтар ангишт истихроҷ карда шудааст. Дар давраи ҳисоботӣ 102114,5 тонна ангишт ба фурӯш бароварда шудааст. Айни замон, захираи ангишт бо бақияи ангишти аз солҳои пешин 51107,7 тоннаро ташкил медиҳад.

Просмотров: 794


Кормандони соҳаи ангишт иди касбии худро ҷашн хоҳанд гирифт

Таърихи рӯз: 2011-08-26

Охири ҳафтаи моҳи августи соли ҷорӣ кормандони соҳаи ангишт иди касбии худро ҷашн мегиранд. Бояд қайд кард, ки «Рӯзи ангиштканон» ҳамасола якшанбеи охири моҳи август қайд карда мешавад. Дар арафаи иди касбӣ ва ҷашни 20—солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон кормандони соҳаи ангишт нақшаҳои истеҳсолиро бо нишондиҳандаҳои назаррас ҷамъбаст намуданд.

Просмотров: 860

Ахбори рӯз

Мулоқот дар вазорат 2014-04-28

Кӯмаки навбатӣ ба хонаи кӯдакон 2013-12-30

Коргоҳҳои нави соҳаи саноати маъдани кўҳӣ ва металлҳои қиматбаҳо 2013-12-30

Таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар соҳаи саноати маъдани кӯҳӣ ва металҳои қимматбаҳо 2013-12-31

Фаъолияти ҶМСП «ТоҷИрон»-и шаҳри Душанбе 2013-12-19

Пешравиҳо дар ҶДММ «Хуаксин Ғаюр семент»-и ноҳияи Ёвон 2013-12-19

Оғози фаъолияти ҶММ «Тоҷис-Эко-чарм» дар Душанбе 2013-12-06

Мулоқот дар вазорат 2013-12-03