Вазорати энергетика ва саноати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

Роҳбалад

Дархости лозимaро ворид кунед

Рӯзҳои таърихии вазорат


Имрӯз дар Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба таҷлили 20-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид

Таърихи рӯз: 2011-09-02

Имрӯз дар Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба таҷлили 20-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.

Просмотров: 873


Имрӯз дар Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими сарфароз гардонидани як қатор кормандони пешқадами соҳаи энергетика ва саноати ҷумҳурӣ баргузор гардид

Таърихи рӯз: 2011-09-06

Имрӯз дар Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими сарфароз гардонидани як қатор кормандони пешқадами соҳаи энергетика ва саноати ҷумҳурӣ баргузор гардид.

Просмотров: 1044


Ифтитоҳи агрегати аввали нерӯгоҳи барқи обии Сангтӯда – 2

Таърихи рӯз: 2011-09-05

Бо шарофати истиқлолияти давлатии Тоҷикистон муяссар шуд, ки робитаҳои анъанавии таърихӣ бо кишварҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг, алалхусус бо Ҷумҳурии Исломии Эрон барқарор намуда, дар ҳамаи соҳаҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ҳамкориҳои мутақобилан судманд ба роҳ монда шавад.

Просмотров: 815


Истеҳсоли атлас афзуд

Таърихи рӯз: 2011-09-07

ҶДММ «Атласи Хуҷанд» бо истеҳсоли саноатии атлас машғул буда, дар ҳашт моҳи соли 2011 70,3 метри мураббаъ ба маблағи 784,0 ҳазор сомонӣ матои атлас маҳсулот истеҳсол намудааст, ки назар ба соли 2010 15,8 ҳазор метрии мураббаъ зиёд мебошад. Суръати афзоиши истеҳсоли маҳсулот 128 % ташкил намудааст.

Просмотров: 1270


Форуми дуюми умумиҷаҳонии «Самаранокии энергия»

Таърихи рӯз: 2011-09-12

Имрӯз дар пойтахти ватанамон ш. Душанбе Форуми дуюми умумиҷаҳонии «Самаранокии энергия» барузор гардид.
Форумро бо сухани муқаддимавӣ муовини аввали Вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳиддинов П.М. ифтитоҳ намуда, меҳмононро ба сарзамини Тоҷикистон хайрамақдам гуфт.

Просмотров: 936


Дастовардҳои соҳаи ангишт барои 8 моҳи соли ҷорӣ

Таърихи рӯз: 2011-09-12

Дар ҳашт моҳи соли ҷорӣ корхонаҳои соҳаи ангишти ҷумҳурӣ 111437,0 тонна ангишт истихроҷ намуданд, ки ин 105,1 фоизи нақшаро ташкил дод. Дар давраи ҳисоботӣ, фурӯши ангишт 110568,7 тоннаро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригардида 1670,7тн. зиёд мебошад. Зиёд гардидани фурӯши ангишт, дар соли ҷорӣ ин аз ҳисоби ба хориҷа содир намудани он, аз ҷумла ба Ҷумҳурии Исломии Покистон мебошад. Дар давраи ҳисоботӣ, аз конҳои ангишти «Фон-Яғноб» ва «Зиддӣ» 15 200,0 тонна ангишт содирот карда шуд.

Просмотров: 847


Оғози сохтмони корхонаи нави сементбарорӣ дар ҷумҳурӣ

Таърихи рӯз: 2011-09-14

Пагоҳ 15 сентябри соли 2011 сохтмони корхонаи нави сементбарорӣ дар ноҳияи Ёвон оғоз мегардад. ҶДММ «Хуаксин Ғаюр Семент» аз ҷониби корхонаи муштараки ширкати тоҷикистонии «Ғаюр» ва ширакти хитоии «Хуаксин Сентрал Эйша Инвестмент» таъсис дода шуда, дар асоси қарордод ба маблағи умумии 100 млн. доллари амрикоӣ сохтмони Заводи истеҳсоли сементро дар ноҳияи Ёвон ба нақша гирифтааст. Иқтидори истеҳсолии заводи мазкур дар як сол 1 млн. тоннаро ташкил медиҳад. Завод бо истифода аз технологияи наву муосир бунёд гардида, ҷавобгӯ ба талаботи экологии минтақа мебошад.

Просмотров: 1011


Пойафзолҳо барои ташхис ба Руссия фиристода шуданд

Таърихи рӯз: 2011-09-16

ҶДММ «Бисеҷ»-и шаҳри Исфара соли 2011 ҳамкории истеҳсолиро бо ширкати Россиягии «Магнитогорская обувная фабрика» ба роҳ монда, бо дастгирии Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳилаи аввали истеҳсоли қисми болои пойафзолҳои бачагонаро аз ашёи супоришгар оғоз намуда, дар моҳи августи соли ҷорӣ 2000 дона маҳсулоти нимтайёр истеҳсол ва барои гузаронидани ташхис ба супоришгар равона намуд. Баъд аз гузаштани ташхис дар Федератсияи Россия, корхонаи ватанӣ ният дорад силсилаи пурраи истеҳсоли пойафзолҳои бачагонаро ба роҳ монад.

Дар корхона 30 ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шуда, метавонад ҳамасола зиёда аз 100 ҳазор ҷуфт пойафзоли бачагона истеҳсол намояд.

Просмотров: 935


Нерӯгоҳи хурди барқи обии "Марзиҷ"

Таърихи рӯз: 2011-09-26

Имрӯз дар соҳили дарёи Зарафшон нерӯгоҳи хурди барқи обии "Марзиҷ" мавриди истифодабарӣ қарор дода шуд. Дар маросими кушодашавии нерӯгоҳи мазкур Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ намуд. Иқтидори лоиҳавии нерӯгоҳ 4300 кВт буда, як қисми калони ноҳияи Айниро бо нерӯи барқ таъмин хоҳад гардонд.

Мавриди зикр аст, ки сохтмони нерӯгоҳи мазкур ҳанӯз аз соли 2007 оғоз гардида, он аз ҳисоби маблағҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарзи Бонки Исломии Рушд бо ҷамъи умумии маблағи 4 млн доллари амрикоӣ бунёд карда шудааст.

Просмотров: 867


ХИБ Хуҷанд-Айнӣ 220 кВт мавриди истифода қарор гирифт

Таърихи рӯз: 2011-09-27

Имрӯз дар ноҳияи Айнии вилояти Суғд зеристгоҳи хатти барқии 220 кВт Хуҷанд-Айнӣ мавриди истифодабарӣ қарор дода шуд.

Дар маросими кушодашавии зеристгоҳи хатти барқии мазкур Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ намуд.

Маблағи лоиҳавии зеристгоҳи мазкур 36,9 млн доллари амрикоӣ буда, зиёда аз 83 км-ро дар бар мегирад.

Мавриди зикр аст, ки дар сохтмон ва ба истифода додани зеристгоҳи мазкур ШСХК «Барқи Тоҷик» ва Ширкати «ТВЕА»-и Ҷумҳурии Чин ҳиссаи худро гузоштанд.

Просмотров: 844

Ахбори рӯз

Мулоқот дар вазорат 2014-04-28

Кӯмаки навбатӣ ба хонаи кӯдакон 2013-12-30

Коргоҳҳои нави соҳаи саноати маъдани кўҳӣ ва металлҳои қиматбаҳо 2013-12-30

Таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар соҳаи саноати маъдани кӯҳӣ ва металҳои қимматбаҳо 2013-12-31

Фаъолияти ҶМСП «ТоҷИрон»-и шаҳри Душанбе 2013-12-19

Пешравиҳо дар ҶДММ «Хуаксин Ғаюр семент»-и ноҳияи Ёвон 2013-12-19

Оғози фаъолияти ҶММ «Тоҷис-Эко-чарм» дар Душанбе 2013-12-06

Мулоқот дар вазорат 2013-12-03