Вазорати энергетика ва саноати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

Роҳбалад

Дархости лозимaро ворид кунед

Рӯзҳои таърихии вазорат


Имрӯз дар Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба Рӯзи забон ҷамъомад баргузор гардид

Таърихи рӯз: 2011-10-03

Имрӯз дар Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Нақшаи кори Комиссияи татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатӣ» оид ба Рӯзи забон ҷамъомад баргузор гардид.

Просмотров: 900


Корхонаи ҶДММ «АЛМ» ба кор шурӯъ кард

Таърихи рӯз: 2011-10-07

Бо мақсади расидан ба ҳадафҳои «Барномаи коркарди пурраи нахи пахтаи дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсолшаванда дар давраи то соли 2015» дар ноҳияи Ҳисор аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «АЛМ» сохтмони корхонаи коркарди пурраи нахи пахта дар заминаи корхонаи «Ришта»-и Ҳисор, ки солҳои охир аз фаъолият боз монда буд, аз 1 ноябри соли 2010 ба кор оғоз намуд.

Просмотров: 981


Корхонаи нав дар минтақаи Кӯлоб

Таърихи рӯз: 2011-10-10

Тавре маълум аст, моҳи августи соли ҷорӣ дар як қисми ҷДММ «Пойафзоли Кӯлоб»-и ш.Кӯлоб коргоҳи нави дӯзандагӣ сохта ба истифода дода шуда буд.

Просмотров: 930


Вохӯрии Вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гул Шералӣ бо Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Белорус дар Тоҷикистон О. А. Гаврук

Таърихи рӯз: 2011-10-03

Имрӯз дар Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гул Шералӣ бо Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Белорус дар Тоҷикистон О. А. Гаврук баргузор гардид.

Просмотров: 872


Фаъолияти корхонаҳои соҳаи саноати масолеҳи бинокорӣ дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ

Таърихи рӯз: 2011-10-12

Дар семоҳаи сеюми соли ҷорӣ як қатор корхонаҳои соҳаи саноати масолеҳи сохтмонӣ тавонистанд, суръати афзоиши истеҳсолотро таъмин намоянд. Масалан, дар ин давра:

- 240 ҳазор тн семент, назар ба 9 моҳи соли гузашта 16 ҳазор тн зиёд;

- 47, 1 млн. дона хишт, 7,1 млн. дона зиёд;

- 8,5 км шарӣ қубурҳои асбестӣ, 1,3 км зиёд;

- 10,7 ҳазор м2 тахтасанг, 5,6 ҳазор м2 зиёд;

- хишти сементӣ 5,7 млн. дона, 31 ҳазор дона зиёд;

- 127,3 ҳазор м2 шиша истеҳсол карда шудааст.

Просмотров: 968


Воридот ва фурӯши гази моеъ

Таърихи рӯз: 2011-10-19

>Бо мақсади иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2011, таҳти рақами 204 «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2011-2012» ҷиҳати зиёд намудани воридот ва нуқтаҳои фурӯши гази моеъ Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои зиёдеро ба анҷом расонид.

Просмотров: 858


Маълумот оид ба НБО-ҳои хурд

Таърихи рӯз: 2011-10-20

Тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон № 73 аз 2 феврали соли 2009 «Дар бораи Барномаи дарозмуддати бунёди силсилаи нерӯгоҳҳои хурди барқӣ дар давраи солҳои 2009-2020» дар якҷоягӣ бо вазорату идораҳои дахлдор ва сармоягузорони ватанӣ ва хориҷӣ то 1 октябри соли 2011, дар самти сохтмони НБО-и хурд корҳои муайяне ба сомон расонида шудааст.

Просмотров: 1267


Нуқтаҳои фурӯш зиёд гардидаанд

Таърихи рӯз: 2011-10-24

Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷиҳати иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2011, №204 «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самаранок дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2011-2012» ва дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, оид ба зиёд намудани истихроҷи ангишт, захира ва ташкили нуқтаҳои фурӯши ангишт пайваста корҳои фаҳмондадиҳӣ ва вохӯриҳоро бо роҳбарони корхонаҳои тобеъи Вазорат ва соҳибкорон анҷом дода истодааст. Корхонаҳои соҳаи ангишт нақшаи солонаи ангиштро ду моҳ пеш аз мӯҳлат иҷро карда, 203490 тонна ангишт истеҳсол намуданд.

Просмотров: 933


Баҳри рушди соҳа

Таърихи рӯз: 2011-10-25

Бо ташаббуси Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Восеи вилояти Хатлон дар мавзӯи «Истифодаи хатҳои технологии пешқадам дар соҳаи коркарди намаки ошӣ ва коркарди меваю сабзавот» семинар-машварат гузаронида шуд.

Просмотров: 990


Баррасии масъалаи ҳамкориҳо дар Шӯрои электроэнергетикии ИДМ

Таърихи рӯз: 2011-10-26

Дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия охири ҳафтаи сипаришуда ҷаласаи 40-и Шӯрои электроэнергетикии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир гардид.

Просмотров: 911


Ёддошти ҳусни тафоҳум ба имзо расид

Таърихи рӯз: 2011-10-28

Охири рӯзи 27 октябри соли ҷорӣ дар Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гул Шералӣ бо Вазири саноати Ҷумҳурии Беларус Д.С.Катеринич баргузор гардид.

Просмотров: 939

Ахбори рӯз

Мулоқот дар вазорат 2014-04-28

Кӯмаки навбатӣ ба хонаи кӯдакон 2013-12-30

Коргоҳҳои нави соҳаи саноати маъдани кўҳӣ ва металлҳои қиматбаҳо 2013-12-30

Таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар соҳаи саноати маъдани кӯҳӣ ва металҳои қимматбаҳо 2013-12-31

Фаъолияти ҶМСП «ТоҷИрон»-и шаҳри Душанбе 2013-12-19

Пешравиҳо дар ҶДММ «Хуаксин Ғаюр семент»-и ноҳияи Ёвон 2013-12-19

Оғози фаъолияти ҶММ «Тоҷис-Эко-чарм» дар Душанбе 2013-12-06

Мулоқот дар вазорат 2013-12-03