Вазорати энергетика ва саноати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

Роҳбалад

Дархости лозимaро ворид кунед

Рӯзҳои таърихии вазорат


Барномаи мунтазам амалӣ мегардад

Таърихи рӯз: 2011-11-02

Бо мақсади амалӣ намудани «Барномаи рушди масолеҳи сохтмонӣ дар давраи то соли 2015» бунёди корхонаҳои нав, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ба роҳ мондани намудҳои нави масолеҳ идома ёфта истодааст.

ҶДММ «Қувватулло» дар ноҳияи Ҷ. Расулов як корхонаи хурди хиштбарориро бо иқтидори солонаи 2,0 миллион дона сохта истодааст. Бунёди хумдон қариб ба итмом расида, то охири моҳи ноябр ба пухтани хишти хом, ки зиёда аз 200 ҳазор донаро ташкил медиҳад, оғоз менамояд. Корхона дар заминаи майдони хирмангоҳи хусусии соҳибмулк сохта шуда, 14 нафар бо кор таъмин шудаанд.

Просмотров: 892


…Ҳамчунин, ***

Таърихи рӯз: 2011-11-02

Дар ноҳияи Мастчоҳ аз ҷониби ҶДММ «Суғд семент» сохтмон ва васлу насби таҷҳизоти навбати аввали заводи истеҳсоли семент (бо иқтидори солонаи 100 ҳазор тонна семент) давом дорад. Роҳбарияти корхона иқдом гирифтааст, ки дар давоми 5 сол марҳила ба марҳила иқтидори заводро дар як сол ба 1,0 миллион тонна семент расонад. Айни замон 70 % таҷҳизотҳо васлу насб карда шудаанд. Дар сохтмони корхона 67 нафар коргарон дар ду баст кор мекунанд. Дар назар дошта шудааст, ки рӯзҳои наздик 20 нафар мутахассисони хитойӣ ба корхона омада корҳои озмоиширо анҷом ва коргарони маҳаллиро хоҳанд омӯзанд. Мувофиқи нақшаҳо корхона моҳи январи соли 2012 ба истеҳсоли таҷрибавии семент оғоз намуда, то ҷашни Наврӯз ифтитоҳи расмии он бо фаро гирифтани 152 нафар бо ҷойи кори доимӣ сурат хоҳад гирифт.

Просмотров: 825


Истеҳсоли семент дар зарфи 10 моҳи соли 2011

Таърихи рӯз: 2011-11-03

Дар даҳ моҳи соли ҷорӣ 6 корхонаи сементистеҳсолкунандаи ҷумҳурӣ ба миқдори 264,4 ҳазор тонна семент истеҳсол карданд, ки баробари 109,8 % суръатафзоӣ буда, назар ба ҳамин давраи соли гузашта 23,8 ҳазор тонна зиёд мебошад.

Просмотров: 851


Воридоти маҳсулоти гази моеъ

Таърихи рӯз: 2011-11-03

Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мувофиқи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди бо гази моеъ ва сӯзишворӣ ва самарабахш мунтазам таъмин намудани аҳолӣ дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2011 - 2012, дар якҷоягӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, ва тоҷирони ватанӣ масъалаи мазкурро дар мавриди баррасӣ қарор дод.

Просмотров: 978


Кӯмак бахшида ба ҷашнҳо

Таърихи рӯз: 2011-11-04

Бахшида ба рӯзи Конститутсия (Сарқонуни)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иди Қурбон Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Хонаи кӯдакони деҳаи Танобчии ноҳияи Темурмалик ба маблағи 5000 (панҷ ҳазор) сомонӣ маводи хӯрока аз ҷумла орд, қанду шакар, гӯшту равған, биринҷу перловка, чойю макарон, сабзию картошка кӯмак расонид.

Просмотров: 937


Нақшаи истеҳсол иҷро гардид

Таърихи рӯз: 2011-11-04

Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2011, №204 “Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самаранок дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2011-2012” доир ба зиёд намудани истихроҷи ангишт, захира ва ташкил намудани нуқтаҳои фурӯши ангишт корҳои зиёдеро ба анҷом расонид.

Просмотров: 872


Боз як корхонаи нав ба кор оғоз хоҳад кард

Таърихи рӯз: 2011-11-09

Сохтмони корхонаи коркарди сангҳои ороишӣ аз тарафи ҶДММ «Ҷ.Собир» дар бинои истеҳсолии «Сельхозтехника»-и ноҳияи Ғончӣ ҷой гирифта, феълан 8 нафар коргарон ба корҳои сохтмони ҳавзҳо, бетонгирии ҷойҳои таҷҳизот ва ғайра машғуланд. Таҷҳизотҳои технологии сохти хитойӣ то 10-15 ноябри соли ҷорӣ оварда мешавад. Маблағи сармояи корхона як миллион сомониро ташкил дода, то охири соли ҷорӣ ба кор оғоз менамояд. Шумораи коргарон дар марҳилаи аввал 55 нафар ва пас аз вориди таҷҳизотҳои коркарди маснуотҳои ороишӣ ба 80 нафар расонида мешавад. Корхона дорои иҷозатномаи истихроҷи кони мармари «Новобод»-и н.Истаравшан буда, бо назардошти наздик будани кон, ки боиси кам гардидани арзиши аслии маҳсулот мегардад, ин ҷойро интихоб кардаанд.

Просмотров: 945


Ҳамкориҳо густариш меёбанд

Таърихи рӯз: 2011-11-11

Дирӯз дар Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии роҳбарияти Вазорат бо намояндагони Оҷонсии Кореягӣ оид ба ҳамкориҳои байналхалқӣ «KOICA» доир гардид.

Просмотров: 860


Ҷаласаи намояндагони CASA дар Тоҷикистон

Таърихи рӯз: 2011-11-15

Имрӯз дар ш. Душанбе ҷаласаи гурӯҳҳои кории Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон оид ба лоиҳаи байниминтақавии интиқоли электроэнергия «CASA- 1000» баргузор мегардад.

Просмотров: 890


Ҷамъомад бахшида ба Рӯзи Парчами Давлатӣ

Таърихи рӯз: 2011-11-22

Имрӯз, бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид. Ҷамъомадро муовини Вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадуллоев Х.А. кушода, иштирокчиёни ҷамъомад ва меҳмононро бо Рӯзи Парчами Далатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод намуда, зимни табрикоти хеш ӯ дар бораи арзишҳо ва муқаддасоти миллию давлатӣ, моҳияти парчами давлатӣ ва ғайра ибрози назар кард. ӯ ҳамчунин изҳори итминон намуд, ки кормандони вазорат, корхонаву муассисаҳои соҳавӣ баҳри баланд бардоштани нишондиҳандаҳои истеҳсолӣ, рушди соҳаҳои иқтисодиёти кишвар ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардуми кишвар саҳм хоҳанд гузошт.

Дар ҷамъомад ҳамчунин кормандони вазорат, даъватшудагон ва намояндагони зерсохторҳои вазорат иштирок ва баромад намуданд.

Просмотров: 852


Пӯсту пашм бештар коркард ва истеҳсол мешавад

Таърихи рӯз: 2011-11-28

Корхонаҳои коркарди пӯсти ватанӣ дар даҳ моҳи соли ҷорӣ 820,1 ҳазор дона пӯсти чорвои калон ва хурдро коркард кардаанд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4,6 маротиба зиёд мебошад. Дар соҳаи коркарди пашм бошад, корхонаҳо 327,3 тонна пашмро ба маблағи 1 431 050 сомонӣ коркард намудаанд. Қобили қайд аст, ки зиёд гардидани истифодабарии иқтидорҳои истеҳсолӣ дар корхонаҳои коркарди пӯст ва пашм баъд аз қабули Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муваққатан манъ намудани содироти ашёи хоми чорво (пӯст ва пашм) – и коркарднашуда аз Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 30 апрели соли 2011, №249 имконпазир гардиданд.

Просмотров: 916


Истеҳсоли сангҳои ороишӣ меафзояд

Таърихи рӯз: 2011-11-23

Саноати маводи сохтмон яке аз соҳаҳои афзалиятноки саноати кишвар ба шумор рафта, дар рушди иқтисодиёти кишвар нақши муҳим мебозад.

Просмотров: 1064

Ахбори рӯз

Мулоқот дар вазорат 2014-04-28

Кӯмаки навбатӣ ба хонаи кӯдакон 2013-12-30

Коргоҳҳои нави соҳаи саноати маъдани кўҳӣ ва металлҳои қиматбаҳо 2013-12-30

Таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар соҳаи саноати маъдани кӯҳӣ ва металҳои қимматбаҳо 2013-12-31

Фаъолияти ҶМСП «ТоҷИрон»-и шаҳри Душанбе 2013-12-19

Пешравиҳо дар ҶДММ «Хуаксин Ғаюр семент»-и ноҳияи Ёвон 2013-12-19

Оғози фаъолияти ҶММ «Тоҷис-Эко-чарм» дар Душанбе 2013-12-06

Мулоқот дар вазорат 2013-12-03