Вазорати энергетика ва саноати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

Роҳбалад

Дархости лозимaро ворид кунед

Рӯзҳои таърихии вазорат


Ҳайати «TUSKON» дар Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таърихи рӯз: 2011-12-02

Вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гул Шералӣ имрӯз як гурӯҳ роҳбарони ширкатҳои аъзои Конфедератсияи соҳибкорон ва саноатчиёни «TUSKON»-и Туркияро ба ҳузур пазируфт.

Просмотров: 1106


Протоколҳои ҳамкорӣ ба имзо расид

Таърихи рӯз: 2011-12-05

Дар Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Протоколи ҳамкорӣ оид ба омӯзиши масъалаи ташхиси истеҳсолоти коркарди нахи пахта ва пашм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Протоколи ҳамкорӣ оид ба таҷҳизоти техникаи кишоварзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид.

Просмотров: 865


Ҳамкориҳо дар бахши истеҳсоли таҷҳизоти барқӣ

Таърихи рӯз: 2011-12-07

Дар Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Протоколи ҳамкорӣ оид ба омӯзиши масъалаҳои сохта ба истифода додани корхонаи истеҳсоли таҷҳизот гидроэнергетикӣ, гидромеханикӣ ва электромеханикӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид.

Просмотров: 842


Пармакунии чоҳҳо идома дорад

Таърихи рӯз: 2011-12-09

Бо назардошти вазъияти кунунии таъмини ҷумҳурӣ бо маводи сӯзишворӣ, Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон корхонаҳои истихроҷи нафту газро ҷиҳати ҳарчӣ бештар фаъол намудани корҳои иктишофиву истихроҷӣ вазифадор намудааст ва дар ин робита дар ҳудуди ҷумҳурӣ дар чор майдонҳои ояндадор корҳои пармакунӣ ва озмоишии қабатҳои маҳсулотдор идома дорад.

Просмотров: 1328


Мулоқоти Сарвазири Ҷумҳурии Украина Азаров Н.Я. бо Вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гул Шералӣ

Таърихи рӯз: 2011-12-09

Охири ҳафтаи гузашта дар шаҳри Киев вохӯрии Сарвазири Ҷумҳурии Украина Азаров Николай Янович бо Вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гул Шералӣ баргузор гардид.

Просмотров: 1419


Бунёди НБО-ҳои хурд бо сармоягузории ватанию хориҷӣ

Таърихи рӯз: 2011-12-14

Дар давоми солҳои 1991 то 2011 262 адад НБО-ҳои хурд сохта ба истифода дода шудааст, ки иқтидори умумиашон 23 МВт-ро ташкил медиҳад. Бояд тазаккур дод, ки дар асоси «Барномаи дарозмуддати бунёди НБО-ҳои хурд барои солҳои 2009-2020», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон № 73 аз 2 феврали соли 2009 қабул карда шудааст, 189 адад нерӯгоҳ сохта ба истифода дода мешавад, ки иқтидори умумии онҳо 103,2 МВт-ро ташкил медиҳад. Барномаи мазкур бо мақсади истифода аз манбаъҳои барқароршавандаи энергия равона гардида, имконият медиҳад, ки энергияи потенсиалии дарёчаҳои хурд ва обравҳо барои таъмини ноҳияҳои дурдасти ҷумҳурӣ аз нерӯи барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза ва дастрас таъмин карда шавад.

Просмотров: 1408


Нақшаи солонаи ангишт пеш аз мӯҳлат иҷро шуд

Таърихи рӯз: 2011-12-15

Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба ҳалли масъалаҳои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2011, «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2011-2012» ҳаматарафа чораҷӯӣ мекунанд.

Просмотров: 1428


Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти қубурҳои пластикӣ меафзояд

Таърихи рӯз: 2011-12-16

Мақолаи «Оё Вазорати энергетика ва саноат вокуниши фаъолияти корхонаҳои саноатиро намегузаронад?» «Минэнергопром не проводит мониторинг промышленных предприятий?»-ро дар сомонаи Оҷонсии иттилоотии «Авесто» аз 12.12.2011 хонда, чунин иброз менамоем:
Айни замон, дар ҷумҳурӣ 4 корхонаи хурд ва 3 коргоҳ ба истеҳсоли маҳсулоти пластмассӣ машғул мебошанд.
Бори аввал дар ҷумҳурӣ ҳанӯз соли 2005 истеҳсоли қубурҳои пластмассии қутраш аз 15 то 90 мм дар заминаи КВД «Завод Заря Востока»-и Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шуда буд.

Просмотров: 1086


Боз як корхонаи нав ба кор оғоз кард

Таърихи рӯз: 2011-12-26

Бо дастгирии Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи иҷрои «Барномаи коркарди пурраи ашёи хоми чорво (пӯст ва пашм) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2015» дар ш. Душанбе боз як корхонаи нави коркарди пӯст бо иқтидори 250 ҳазор дона коркарди пӯсти чорвои калону майда ба фаъолият шурӯъ намуд. Корхонаи мазкур ҶММ «Тоҷикинтиқол» номгузорӣ шуда, дар он 40 нафар бо ҷои кор таъмин шуданд. Корхона бо техникаву технологияи замонавии истеҳсоли Ҷумҳурии Мардумии Чин таҷҳизонида шудааст. Айни ҳол дар ҷумҳурӣ иқтидори умумии корхонаҳои коркарди пӯст ба 2 млн. 200 ҳазор дона расид.

Просмотров: 821


Истихроҷи ангишт дар Корхонаи Фаърии «Шахтаи Фон-Яғноб» сол то сол вусъат меёбад

Таърихи рӯз: 2011-12-27

Вазорати энергетиқа ва саноати Ҷумҳурии Тоҷиқистон ҷиҳати самараноқ истифода бурдани нерӯи энергетиқӣ аз тарафи истифодабарандагон, бахусус қорхонаву муассисаҳои ҷумҳурӣ қорҳои муайянро амалӣ менамояд. Яқе аз чунин чорабиниҳо гузаронидани қорхонаҳои саноатӣ ба истифода аз ангишт мебошад. Дар соли сипаригардида яқ қатор қорхонаҳои саноатӣ фаъолияташонро бо ангишт ба роҳ монданд: аз ҷумла; 6-адад қорхонаҳои сементбарорӣ, 15-адад хӯроқворӣ, 80-адад хиштбарорӣ, 23-адад оҳангудозӣ ва 1-адад қорхонаи шишабарорӣ, қи талаботи солонаи ин қорхонаҳо ба ангишт зиёда аз 146,0 ҳазор тоннаро ташқил менамояд.

Просмотров: 920


Кумаки навбатӣ ба хонаи кӯдакон

Таърихи рӯз: 2011-12-28

Дар арафаи фарорасии соли нави 2012 Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои 121 нафар тарбиятгирандагони Хонаи кӯдакони деҳаи Танобчии ноҳияи Темурмалик ба маблағи 8000 (ҳашт ҳазор) сомонӣ маводи хӯрока, либосу пойафзол ва молҳои ниёзи аввалия аз қабили орду равған, шакар, гӯшту биринҷ, марҷумаку(гречка) нахуд, лӯбиёву мош, картошкаву сабзӣ, майкаҳои варзишӣ, пойафзолҳои гарм, намудҳои гуногуни собун, лампаҳои каммасраф ва ғайра кӯмак расонида шуд.

Просмотров: 831


Пирӯзии футболбозони “Энергетик-Душанбе”

Таърихи рӯз: 2011-12-29

Дар соли барои мо-тоҷикистониён хотирамон -20 солагии истиқлолияти кишварамон ва дар арафаи оғози соли нави 2012 командаи футболбозони ҷавони “Энергетик-Душанбе”-и Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Чемпионати ҷумҳурӣ дар байни 11 дастаи лигаи олӣ ҷои аввалро соҳиб гашта, сазовори медалҳои тиллоӣ ва Кубоки чемпионати Тоҷикистон гардиданд.

Просмотров: 858

Ахбори рӯз

Мулоқот дар вазорат 2014-04-28

Кӯмаки навбатӣ ба хонаи кӯдакон 2013-12-30

Коргоҳҳои нави соҳаи саноати маъдани кўҳӣ ва металлҳои қиматбаҳо 2013-12-30

Таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар соҳаи саноати маъдани кӯҳӣ ва металҳои қимматбаҳо 2013-12-31

Фаъолияти ҶМСП «ТоҷИрон»-и шаҳри Душанбе 2013-12-19

Пешравиҳо дар ҶДММ «Хуаксин Ғаюр семент»-и ноҳияи Ёвон 2013-12-19

Оғози фаъолияти ҶММ «Тоҷис-Эко-чарм» дар Душанбе 2013-12-06

Мулоқот дар вазорат 2013-12-03