Вазорати энергетика ва саноати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

Роҳбалад

Дархости лозимaро ворид кунед

Рӯзҳои таърихии вазорат


Фаъолияти Корхонаи воҳиди давлатии «Гӯшту шир»

Таърихи рӯз: 2012-01-05

Корхонаҳои КВД «Гӯшту шир» дар ҷамбасти соли 2011 дар маҷмӯъ ба маблағи 28 943 501 сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда, пешкаши харидорон намуданд, ки ин 131.8% -и нақшаро ташкил намуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6 986456 сомонӣ зиёд мебошад.
Корхонаҳои зертобеъ маҳсулоти шириро 110,0%, равғани маскаро 75,4%, маҳсулоти беравғанро 96,7%, панирҳои равғандорро 100,0%, маҳсулоти ҳасибиро 141,6% ва яхмосро 101,9% иҷро намуданд.

Просмотров: 919


Фаъолияти корхонаҳои соҳаи саноати хӯрокворӣ

Таърихи рӯз: 2012-01-13

Корхонаю муассисаҳои соҳаи саноати хӯроквории Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияташонро баҳри рушди соҳа ва таъмини аҳолии кишвар бо маҳсулоти озуқаворӣ равона намуда, соли равон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти соҳаи саноати хӯроквориро ба 308,9 млн. сомонӣ расониданд, ки ин нишондиҳандаҳо нисбат ба ҳамин давраи соли 2010-ум 49,8 млн. сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиш -115,7%-ро ташкил дод.

Просмотров: 1047


Истихроҷ ва таъмини минтақаҳои ҷумҳурӣ бо гази табиӣ

Таърихи рӯз: 2012-01-12

Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо мутахассисони соҳаи нафту газ, корхонаи воҳиди далатии КВД «Нафтугаз ва ангишт» корҳои таъмириву барқароркуниро дар чоҳи № 103 кони Патинак анҷом доданд, ки дар натиҷа истихроҷи гази табиӣ аз 5 то 10 ҳазор м3 дар шабонарӯз расонида шуд, ки пурра ба аҳолии шаҳри Кулоб интиқол дода мешавад. Аз ҷумла аз 11 январи соли ҷорӣ боз як микрорайони ш.Кӯлоб бо қубурҳои гази табиӣ пайваст шуда аҳолии шаҳрро бо гази табиӣ таъмин менамояд.

Просмотров: 1130


Фаъолияти корхонаҳои истеҳсоли пластмасса дар ҷумҳурӣ

Таърихи рӯз: 2012-01-12

Тавре маълум аст, ки айни замон талабот ба маҳсулотҳои пластмассӣ дар бахшҳои гуногун, аз ҷумла иншоотҳои обрасонӣ, коммуналӣ, биноҳои маъмурӣ ва истиқоматӣ, хоҷагии қишлоқ, корхонаҳои саноатӣ, сохтмон ва рӯзгор меафзояд. Вобаста ба ин Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо корхонаҳои саноатӣ ҷиҳати таҳияи лоиҳаҳои инвеститсионӣ, азнавтаҷҳизонии корхонаҳо, бунёди корхонаҳои нави саноатӣ, дарёфти сармоягузорӣ воридоти таҷҳизот ба ҷумҳурӣ бахусус корхонаҳои истеҳсоли пластмасса, дар 15 соли охир корҳои назаррасро анҷом додаст.
Айни замон дар ҷумҳурӣ 8 корхона ва 4 коргоҳи истеҳсолкунандаи маҳсулотҳои пластмассӣ мавҷуд мебошад.

Просмотров: 1128


Аввалин тракторҳо дар таърихи ҷумҳурӣ

Таърихи рӯз: 2012-01-12

ҶМСП «ТоҷИрон» дар ҷумҳурӣ ягона корхонаест, ки бо истеҳсоли тракторҳо ва техникаи кишоварзӣ машғул буда, аввалин бор дар таърихи ҷумҳурӣ ин намуд маҳсулот аз аввали соли 2007 истеҳсол мешавад.

Просмотров: 959


Воридоти маҳсулоти макарони аз хориҷи кишвар кам мешавад

Таърихи рӯз: 2012-01-13

Дар соли 2011 дар корхонаҳои маҳсулоти орди истеҳсоли маҳсулот ба 92,3 млн. сомонӣ расид, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4,5 млн. сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиш 105,3%-ро ташкил дод. Корхонаҳои ордбарорию нонпазӣ бе истифода аз қарзҳои бонкӣ аз ҳисоби истифодаи самарабахши имконияту захираҳои дохилӣ дар соли 2011-ум 1068324 тонна орд ва 1765473 тонна нон ва маҳсулоти нонӣ истеҳсол намуданд.

Просмотров: 1129


473 ҷои нави корӣ дар соҳаи саноати масолеҳи сохтмонӣ

Таърихи рӯз: 2012-01-17

Тавре маълум аст, талабот ба масолеҳи маводи сохтмонӣ дар ҷумҳурӣ мунтазам меафзояд. Бо ин назардошт корхонаҳои соҳа ҷиҳати зиёд кардани ҳаҷми истеҳсолот тавассути васеъгардонӣ бунёди корхонаҳои нав, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, воридоти таҷҳизоти нави техникиву технологӣ чораҳо меандешанд.

Просмотров: 925


Коркарди аввалияи пӯсти чорвои хурду калони шохдор дар нақша

Таърихи рӯз: 2012-01-17

Соҳаи коркарди пӯсти чорвои хурду калони шохдор яке аз соҳаҳое ба шумор меравад, ки таваҷҷӯҳи Вазорати энергетика ва саноат ва корхонаҳои зерсохтори ба он равона гардида, ҷиҳати рушди доимии он мунтазам чораҳо андешида мешавад. Вобаста ба ин як қатор корхонаҳои ватанӣ коркарди пӯсти чорворо то истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ, яъне пойафзол ба роҳ мондаанд. Дар соли 2011 дар ҷумҳурӣ 60 487 ҷуфт пойафзол истеҳсол карда шудааст, ки нисбат ба соли 2010 2,2 маротиба зиёд мебошад. Дар ин самт саҳми корхонаҳои ҶДММ «Кӯҳандиз», ҶДММ «Пойафзолдӯзи Хуҷанд» назаррас мебошад. Ҳамчунин як қатор корхонаҳои дигари коркарди аввалияи пӯсти чорвои хурду калони шохдор, аз қабили ҶДММ « Тоҷик чарм», ҶДММ «Комёби Мино», ҶДММ «Чарми Осиё», ҶДММ «Такомул» , ҶДММ «Файзи Мастчоҳ», соҳибкори инфиродӣ «Шавкат Абдусатторов» дар оянда ба нақша гирифтаанд, ки истеҳсолотро бо технологияҳои замонавӣ тачҳизонида, коркарди пӯстро то маҳсулоти ниҳоӣ афзоиш диҳанд ва сифати маҳсулоти истеҳсолшударо беҳтар гардонанд.

Просмотров: 990


80 адад таҷҳизоти барқи офтобӣ ба сокинони шаҳри Роғун

Таърихи рӯз: 2012-01-17

Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон боз 80 адад таҷҳизотҳои барқи офтобиро ба сокинони шаҳри Роғун тӯҳфа намуд. Бояд ёдовар шуд, ки бо ташаббусу дастгирии Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ва Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати 20-солагии истиқлолияти кишвар дар доираи ҳамкориҳо бо дигар ширкатҳои хориҷӣ ба ҷумҳурӣ таҷҳизотҳои барқи офтобӣ барои минтақаҳои кӯҳистон ворид карда шуд.

Просмотров: 832


Трансформаторҳои шаҳри Қӯрғонтеппа барои бозори ҷаҳонӣ рақобат пазиранд

Таърихи рӯз: 2012-01-18

ҶСШК «Трансформатори»-и ш. Қӯрғонтеппа, ягона корхонаи истеҳсолкунандаи трансформаторҳо дар ҷумҳурӣ буда , соли 1937 таъсис ёфтааст. Айни замон дар корхона трансформаторҳои тамғаҳои ТМ25/6-10, ТМ 63/-10, ТМ100/6-10, ТМ160/6-10, ТМ250/6-10, ТМ400/6-10, ТМ-25/20, ТМ-160/20, ТМ-100/20 ва ТМ-630/10 ва қуттиҳои зеристгоҳи трансформаторҳо (ГКТП) ва (КТП) истеҳсол карда мешавад.

Просмотров: 893


Макаронҳои ватанӣ ҷавобгӯи талабот

Таърихи рӯз: 2012-01-18

Соҳаи саноати хӯрокворӣ яке аз соҳаҳои ҳаётан муҳим ба ҳисоб рафта, Вазорати энергетика ва саноат ва корхонаҳои зерсохтор ҷиҳати рушди доимии ин соҳа мунтазам чораҳо меандешанд.

Просмотров: 1065


Сардиҳо ба пешрафт монеъ нахоҳанд шуд

Таърихи рӯз: 2012-01-18

Артели заршӯии «Одина» ба фаъолияти худ соли 1999 бо маблағгузории Бонки Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бонки хизматрасон ҶСП «Фононбанк» шурӯъ намуд. Дар ибтидо дар корхона ҳамагӣ 45 нафар фаъолият мекарданд. Ҳоло дар артели заршӯии «Одина» 165 нафар бо ҷои кори доимӣ таъминанд.
Соли сипаришуда, корхона нишондиҳандаҳои истеҳсолиро аз 142% то ба 180% расониданд.

Просмотров: 826


Нишондиҳандаҳои истеҳсолӣ дар соли 2011

Таърихи рӯз: 2012-01-20

Аз рӯи маълумоти фаврӣ, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар соли 2011 7 млрд. 583,2 млн. сомониро ташкил дода, суръати афзоиш дар миқёси ҷумҳурӣ нисбат ба соли 2010, ба 105,9% баробар шуд.
Корхонаҳои системаи Вазорати энергетика ва саноат ба маблағи 2 млрд. 897,3 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд, ки ин нисбат ба соли 2010 ба маблағи 437,1 млн. сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиш 117,8% бе ҳисоби иловагии корхонаҳои саноати мудофиа ва корхонаҳои хурду хусусии соҳаи коркарди гӯшту шир ва 118% якҷоя бо корхонаҳои зикршуда, таъмин гардидааст.

Просмотров: 841


Медали тилло барои сифати баланд

Таърихи рӯз: 2012-01-25

ҶДММ «Намаки Ёвон» дар соли 2011 ба маблағи 797,0 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудааст, ки аз ин 256,1 ҳазор сомонӣ маҳсулотро ба дохили кишвар фурӯхтааст.
Харидори асосии маҳсулоти корхона ширкатҳои тиҷоратии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Узбекистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон ба шумор мераванд. Ҳамчунин, қисми дигари маҳсулот ба КВД «Обу корезӣ»-и шаҳри Душанбе ва аҳолӣ фурӯхта мешавад. Соли 2010 корхона ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Қирғизистон 420 тонна намак ва соли 2009 ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон 300 тонна намакро содирот намуда буд.

Просмотров: 951


Вохӯрии судбахш

Таърихи рӯз: 2012-01-25

Дар Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гул Шералӣ бо Ҳайати Иттиҳоди Аврупо Директори бахши кишварҳои Осиё, Осиёи Марказӣ ва Ҳавзаи уқёнуси Ором Мудирияти ниҳоди рушд ва ҳамкории Комисияи Аврупо (DEVCO) Дирк Меганк, роҳбари бахш Марио Ронкони ва мудири барномаи ҳамкорӣ бо Осиёи Марказии идораи «Рушди кӯмаки аврупоӣ ва ҳамкорӣ» (Europe Aid Development and Cooperation) Эрик Дешонмакер баргузор гардид.

Просмотров: 863


Вокуниш

Таърихи рӯз: 2012-01-25

Вобаста ба маводи интишорнамудаи сомонаи «ЦентрАзия» аз 25.01.12 таҳти унвони «Рахмон впал в зависимость от Кремля. Просит Москву аннулировать экспортные пошлины на светлые нефтепродукты» иброз медорем, ки дар маълумот оид ба таъсис дода шудани Ҳайати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба зиммаи муовини Вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзуллоев З.Қ. вогузор гардидани роҳбарии ҳайати ҳукуматӣ ҷиҳати баррасӣ намудани масъалаҳои марбут ба пардохтҳои гумрукӣ ба маҳсулоти нафтии аз Русия ба ҷумҳурӣ воридшаванда дарҷ гардидааст.

Просмотров: 861


Мулоқоти судманд дар шаҳри Москва

Таърихи рӯз: 2012-01-26

Нимаи аввали рӯзи 25-уми январи соли 2012 вохӯрии Вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гул Шералӣ бо муовини Раиси ҶСК «Газпром» Голубев В.А. ва мутахассисони ҷамъияти мазкур баргузор гардид. Дар рафти вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкориҳо дар доираи Созишнома оид ба принсипҳои умумии гузаронидани омӯзиши геологии қаъри замин дар майдонҳои ояндадори нафту гази Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 10.06.2008 ба имзо расидааст, баррасӣ гардид. Аз ҷумла, вусъат бахшидан ба корҳои сейсмо-иктишофӣ дар майдонҳои Шоҳамбарии ғарбӣ, ба итмом расонидани натиҷаҳои корҳои дар майдони Саргазон баанҷомрасонида ва ҳарчӣ зудтар ба анҷом расонидани корҳои пармакунӣ дар чоҳи №1 Сариқамиш, инчунин оид ба ворид намудани таљҷҳизотҳо, лӯлаҳо ва таҷҳизотҳои пармакунӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Дар доираи сафари мазкур вохӯрии Вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Раиси ҶСП «Зарубежнефтегаз» Гулев В.Л. баргузор гардид.

Просмотров: 966


Бо амалӣ шудани лоиҳаҳо ҷойҳои нави корӣ зиёд мешавад

Таърихи рӯз: 2012-01-27

ҶДМ корхонаи муштараки «Зарафшон» соли 2011 ба маблағи 315683,3 ҳазор сомонӣ маҳсулоти молӣ истеҳсол намуд, ки ҳамин давраи соли гузашта 25128,0 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот бошад зиёда аз 1329 кг тилло ва бештар аз 243 кг нуқра ва 94,954 тонна хокаи мисро ташкил намуд.

Просмотров: 960


Афзоиши истеҳсоли мебелҳо дар корхонаи пойтахт

Таърихи рӯз: 2012-01-31

Корхонаҳои мебелбарории шаҳри Душанбе дар соли 2011 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро афзун гардонида, ба маблағи зиёда аз 5 млн. 795,7 ҳазор сомонӣ маснуоти мебелӣ истеҳсол кардаанд, ки ин нисбат ба соли 2010 ба миқдори 1 млн.869,7 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад, ки ин 146,6%-и нақшаро ташкил медиҳад.

Просмотров: 909


Истеҳсоли оҳак ру ба афзоиш

Таърихи рӯз: 2012-01-24

Дар соли 2012 корхонаҳои оҳакбарории ҷумҳурӣ ба миқдори 2729 тонна оҳак истеҳсол карданд, ки нисбат ба соли 2011 1068 тонна зиёд буда, суръати афзоиш 162%-ро ташкил кардааст. Аз миқдори оҳаки истеҳсолшуда 1460 тоннаш ба ҶДММ «Ғаюр»-и ноҳияи Ёвон таалуқ дорад.

Просмотров: 880

Ахбори рӯз

Мулоқот дар вазорат 2014-04-28

Кӯмаки навбатӣ ба хонаи кӯдакон 2013-12-30

Коргоҳҳои нави соҳаи саноати маъдани кўҳӣ ва металлҳои қиматбаҳо 2013-12-30

Таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар соҳаи саноати маъдани кӯҳӣ ва металҳои қимматбаҳо 2013-12-31

Фаъолияти ҶМСП «ТоҷИрон»-и шаҳри Душанбе 2013-12-19

Пешравиҳо дар ҶДММ «Хуаксин Ғаюр семент»-и ноҳияи Ёвон 2013-12-19

Оғози фаъолияти ҶММ «Тоҷис-Эко-чарм» дар Душанбе 2013-12-06

Мулоқот дар вазорат 2013-12-03