Вазорати энергетика ва саноати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

Роҳбалад

Дархости лозимaро ворид кунед

Рӯзҳои таърихии вазорат


Маҳсулотҳои нави корхонаҳои вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд

Таърихи рӯз: 2012-02-02

Корхонаву муассисаҳои тобеъи Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, то имрӯз корҳои муайянро ба сомон расонида, ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидаанд. Дар соли 2011 корхонаҳои саноатӣ ба миқдори 2437,1 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуда, суръати афзоишро нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 123,8% ташкил намуд.

Просмотров: 990


Афзоиши маҳсулоти корхонаҳои масолеҳи сохтмонӣ дар Суғд

Таърихи рӯз: 2012-02-03

Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон вусъат бахшидани фаъолияти корхонаҳои масолеҳи сохтмониро дар вилояти Суғд мунтазам пайгирӣ намуда, соли сипаришуда дар ин самт ба натиҷаҳои дилхоҳ ноил гардид.

Просмотров: 843


Нарх дар конҳо бетағйир аст

Таърихи рӯз: 2012-02-06

Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар доираи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2011, №204 «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самаранок дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2011-2012» ҷиҳати зиёд намудани истихроҷи ангишт ва таъмини ҷумҳурӣ бо ин намуди маҳсулот пайваста чораҷӯӣ намуда, ба он муваффақ гардид, ки соли сипаришуда, корхонаҳои соҳаи ангишт 236 ҳазору 735 тонна ангишт истеҳсол намоянд.

Просмотров: 846


Ҳайати ҶСК “Газпром” дар шаҳри Душанбе

Таърихи рӯз: 2012-02-07

Вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гул Шералӣ ва Сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим бо гурӯҳи кории ҶСК “Газпром” ва ҶСП “Газпром EP INTERNATIONAL BV” бо роҳбарии аъзои Правления - Сардори Раёсати таъминоти газ, гази конденсат ва газу нафтии ҶСК “Газпром” В.В. Черепанов ва директори генералии ҶСП “Газпром EP INTERNATIONAL BV” В.Л.Гулев, ки 6- уми феврали соли Ҷорӣ ба шаҳри Душанбе ташриф оварданд, аз рафти корҳои пармакунӣ дар чоҳи №1п Сариқамиш боздид ба амал оварда, бо рафти корҳо дар майдони мазкур шинос гардиданд. Пас аз он Вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гул Шералӣ бо ҳайати мазкур мулоқот анҷом дод, ки дар он масъалаҳои вусъат бахшидани корҳо дар майдони мазкур, оғоз кардани корҳои ҷустуҷӯию геологӣ дар майдони нафту гази “Шоҳамбарии ғарбӣ”, ҳамчунин масъалаҳои дигари ҳамкориҳои дуҷониба мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Просмотров: 986


Таъмин бо нерӯи барқи ватанӣ

Таърихи рӯз: 2012-02-08

Тавре маълум аст, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини аҳолӣ ва соҳаҳои иқтисодиёти вилояти Суғд бо барқ ҷиҳати пайвасти саривақтии вилоят бахусус ноҳияҳои Айнӣ, Панҷакент ва кӯҳистони Мастчоҳ ба системаи ягонаи энергетикии кишвар татбиқи лоиҳаи «Хати интиқоли барқ 220 кВт Хуҷанд-Айнӣ»-ро дар якҷоягӣ бо ширкати «ТВЕА»-и Ҷумҳурии Халқии Хитой таъмин намуд. Ҳаҷми умумии маблағи лоиҳа 36,9 млн. доллари ИМА-ро ташкил намуда, сохтмони иншооти мазкур 10 октябри 2010 сол оғоз ёфт ва 26-уми сетябри соли 2011 пеш аз мӯҳлат бо муваффақият сохта, мавриди истифодабарӣ қарор дода шуд.

Просмотров: 1043


Муаррифии боз як нерӯгоҳ

Таърихи рӯз: 2012-02-08

Имрӯз дар Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифии лоиҳаи нерӯгоҳи барқи обии «Шӯроб» аз тарафи Пажӯҳишгоҳи лоиҳакашии «Нурофар» баргузор гардид.

Просмотров: 949


Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар Суғд

Таърихи рӯз: 2012-02-10

Саҳми корхонаву муассисаҳои Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар корхонаҳо дар истеҳсоли саноати сабук дар вилоят Суғд хеле назаррас аст.

Просмотров: 873


Ҷамъбасти моҳи январ дар соҳаҳои энергетика ва саноат

Таърихи рӯз: 2012-02-10

Моҳи январи соли 2012 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, 690,3 млн. сомониро ташкил дода, суръати афзоиш дар миқёси ҷумҳурӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2011, ба 115,9% баробар шуд, ки ин нисбат ба моҳи январи соли 2011 ба маблағи 94,5 млн. сомонӣ зиёд аст.

Просмотров: 915


Семинари Бонки Ҷаҳонӣ оид ба барқ

Таърихи рӯз: 2012-02-14

Нимаи дуюми имрӯз дар Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ оид ба лоиҳаи «Арзёбии вариантҳои таъминоти барқ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.

Просмотров: 886


Саҳми Вазорати энергетика ва саноат дар рушди соҳаи иҷтимоии вилояти Суғд

Таърихи рӯз: 2012-02-16

Корхона ва муассисаҳои Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар баробари таъмини иҷрои нишондиҳандаҳои истеҳсолӣ, тавассути амалӣ намудани чорабиниҳо инчунин дар рушди соҳаҳои иҷтимоии вилоят мунтазам саҳми худро мегузоранд.

Просмотров: 987


Мулоқот бо ширкати «DWM Petroleum»

Таърихи рӯз: 2012-02-16

Дар Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гул Шералӣ бо роҳбарияти ширкати «DWM Petroleum»- Швейтсария (муассиси ҶМСП «Сомон-ойл») баргузор гардид.

Просмотров: 844


Тӯҳфаҳои Наврӯзӣ

Таърихи рӯз: 2012-02-22

Корхонаҳои саноатии Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои сазовор пешвоз гирифтани ҷашни Иди байналмилалии Наврӯз як қатор маҳсулотҳоро бо рамзҳои ҷашни Наврӯзӣ истеҳсол хоҳанд кард.

Просмотров: 994


Тадқиқотҳои афзалиятноки илмӣ барои эҳтиёҷоти иқтисодиёти ҷумҳурӣ

Таърихи рӯз: 2012-02-28

Муассисаи давлатии Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии саноати Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон мавзӯи илмӣ-тадқиқотии «Тадқиқот ва коркарди технологии истифодаи саноатии канданиҳои фоиданоки Тоҷикистон»-ро, ки муддати се соли охир мавриди тадқиқот қарор дода буд, ба анҷом расонид. Дар доираи мавзӯи мазкур тадқиқоти назариявӣ ва озмоишии раванди бо усули гравитатсионӣ ғанӣ гардонидани фосфоритҳои кони Каратоғ мавқеъи муҳим ва аҳамиятнокро соҳиб мебошад. Тадқиқоти кони фосфоритҳои Қаратоғ собит намуд, ки ин манбаи ашёи хоми ватанӣ барои истеҳсоли орди фосфоритӣ, ки ба сифати нурии минералӣ истифода бурда мешавад, аҳамияти бағоят муҳим дорад. Ба замми ин орди фосфоритиро бо технологияи на чандон мураккаб ва истифодаи партовҳои саноатии ҶСШК «Тоҷикхимпром» ва КМ «Тоҷик Азот» ба нуриҳои минералии суперфосфат ва аммофос табдил додан мумкин аст.

Просмотров: 947


Тадқиқоти муҳими самти экологӣ дар Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии «Ғизо»

Таърихи рӯз: 2012-02-29

Дар муассисаи давлатии Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии «Ғизо»-и Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон мавзӯи илмии «Омӯзиши қиматнокии ғизогӣ ва хосиятҳои кимиёвӣ – токсикологии баъзе зироатҳои сабзавот, меваҷот, полезӣ ва доругӣ», ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон афзоиш меёбанд», мавриди тадқиқот қарор дода шудааст.

Просмотров: 935


Истеҳсол ва содироти маҳсулот афзуд

Таърихи рӯз: 2012-02-07

Дар давоми соли 2012 корхонаҳои мошинсозӣ, саноати мудофиа ва химия аз захираю имкониятҳо ба маблағи 238,0 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд, ки назар ба соли 2011 44,5 млн. сомонӣ зиёд мебошад.

Просмотров: 793

Ахбори рӯз

Мулоқот дар вазорат 2014-04-28

Кӯмаки навбатӣ ба хонаи кӯдакон 2013-12-30

Коргоҳҳои нави соҳаи саноати маъдани кўҳӣ ва металлҳои қиматбаҳо 2013-12-30

Таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар соҳаи саноати маъдани кӯҳӣ ва металҳои қимматбаҳо 2013-12-31

Фаъолияти ҶМСП «ТоҷИрон»-и шаҳри Душанбе 2013-12-19

Пешравиҳо дар ҶДММ «Хуаксин Ғаюр семент»-и ноҳияи Ёвон 2013-12-19

Оғози фаъолияти ҶММ «Тоҷис-Эко-чарм» дар Душанбе 2013-12-06

Мулоқот дар вазорат 2013-12-03