Вазорати энергетика ва саноати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

Роҳбалад

Дархости лозимaро ворид кунед

Рӯзҳои таърихии вазорат


Бунёди 2 НБО-и хурд дар соли 2012

Таърихи рӯз: 2012-03-02

Тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №73 аз 2 феврали соли 2009 «Дар бораи Барномаи дарозмуддати бунёди силсилаи нерӯгоҳҳои хурди барқӣ дар давраи солҳои 2009-2020» Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо вазорату идораҳои дахлдор ва сармоягузорони ватанӣ ва хориҷӣ оиди сохтмони НБО-и хурд корҳои муайянеро ба сомон расонидаанд.

Просмотров: 971


Озмуни корхонаи беҳтарини саноатии сол

Таърихи рӯз: 2012-03-02

Бо мақсади рушди соҳибкорӣ дар соҳаи саноат, дастраси умум гардонидани таҷрибаи мусбати ташкили истеҳсолот, навсозии техникию технологии корхонаҳо ва афзун намудани намунаҳои нави маҳсулоти саноатӣ, ҳамасола бо ташаббуси Вазорати энергетика ва саноат гузаронидани озмуни «Корхонаи беҳтарини сол» муқаррар гардидааст.

Просмотров: 812


Насби таҷҳизотҳо дар ҶДММ «Назирӣ»

Таърихи рӯз: 2012-03-05

Корхонаҳои саноати маъданҳои кӯҳӣ ва металлҳои қиматбаҳои Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади истифодаи самараноки захираҳои табиӣ, ҷиҳати ба роҳ мондани истифодаи технологияи пешқадаму замонавӣ, ворид намудани дастгоҳҳои заршӯии замонавӣ, мунтазам чораҷӯӣ менамоянд.

Просмотров: 760


Нақшаи истеҳсоли пилла 1860

Таърихи рӯз: 2012-03-05

Ҷиҳати муташаккилона гузаронидани мавсими кирмакпарварӣ, корхонаҳои Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла КВД Пилла, корхонаҳои фаръии тухми кирмаки ш. Душанбею Хуҷанд ва корхонаи фаръии зотпарварии тухми кирмаки ш. Ваҳдат нақшаю чорабиниҳо таҳия намуданд. Бояд тазаккур дод, ки ҳамаи ноҳияҳои кирмакпарварӣ ба сармоягузорон вобаста карда шудаанд. Сармоягузорон ҶДММ «Дук», ҶДММ «Дӯстии Афғонистон», ҶДММ «ВТ Силк» ш. Хуҷанд, ҶДММ «ВТ Роҳи Абрешим», ҶДММ «Дӯстии Н.Р», КВД «Пилла», КФ «Сарбанд силк» ш. Сарбанд, КФ «ВТ Силк» ш. Кӯлоб, ҶДММ «Хуҷанд Атлас» ва ҶДММ «ВЧ Пилла» н. Данғара тибқи нақша кирмакпарваронро бо тухми кирмаки хушсифат, маводҳои лозимӣ ва бо маблағи зарурӣ таъмин хоҳад кард. Тухми кирмаки дар корхонаҳои фаръӣ тайёркарда шуда, барои аз бемории пебрина эмин будан ва муайян намудани фоизи зиндашавии тухми кирмак, зарур аст ва бо иштироки мутахассисони соҳа комиссияи назорати давлатӣ таъсис дода шуда, аз назорат гузаронида мешавад.

Просмотров: 1045


Таҷрибаомӯзӣ дар корхонаи истеҳсолӣ

Таърихи рӯз: 2012-03-06

Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат, Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон, Филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб ва Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон, коллеҷҳои технологии Исфара ва энергетикии Қурғонтеппа ва Коллеҷи кӯҳии ба номи С.Юсупова аз ҷумлаи муассисаҳои таълимие мебошанд, ки асосан соҳаҳои энергетика ва саноат мутахассисони касбиро вобаста барои талаботи бозори меҳнат омода менамоянд.

Просмотров: 931


Рушди соҳаи ангишт дар ҷумҳурӣ

Таърихи рӯз: 2012-03-06

Корхонаҳои соҳаи ангишти Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷамъбасти ду моҳи соли ҷорӣ (январ-феврал) истихроҷи ангишт ба 13161,0 тонна расонида, нисбати нақша 3261,0 тн. (133,0%) ва нисбати ҳамин давраи соли сипаригардида 3709,0 тн. (140,0%) зиёд ангишт истеҳсол карданд.

Просмотров: 966


Мулоқот бо Сафири Норвегия

Таърихи рӯз: 2012-03-06

Нимаи дуюми имрӯз дар Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гул Шералӣ бо Сафири Шоҳигарии Норвегия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Даг М. Халворсен баргузор гардид.

Просмотров: 778


Парчами миллӣ дар корхонаи ватанӣ

Таърихи рӯз: 2012-03-09

дастгирии Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арафаи таҷлили «Рӯзи модар» ҶДММ «Ёқут» дастгоҳи муосиру замонавӣ насб намуда, ба тайёр кардани парчамҳо шурӯъ намуд. Парчамҳои истеҳсолшаванда гуногунандоза буда, онҳо барои барафроштан дар бинову иншоотҳои маъмуриву ғайримаъмурӣ, кӯчаҳои шаҳру ноҳияҳо, дафтарҳои корӣ дар назар дошта шудаанд.

Просмотров: 888


Ёддошти тафоҳум ба имзо расид

Таърихи рӯз: 2012-03-09

9 марти соли 2012 мулоқоти Вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гул Шералӣ бо Роҳбари ширкати Бритонии «Jirehouse Capital»- Стивен Ҷонс баргузор гардид.

Просмотров: 875


Корхонаи хишт дар вилояти Суғд

Таърихи рӯз: 2012-03-12

Бо мақсади амалӣ намудани «Барномаи рушди масолеҳи сохтмонӣ дар давраи то соли 2015» бунёди корхонаҳои нав, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ба роҳ мондани намудҳои нави масолеҳ, таҷдиди корхонаҳои амалкунанда идома дорад.

Просмотров: 956


Номаи табрикотии Вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гул Шералӣ ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик

Таърихи рӯз: 2012-03-09

Бо камоли эҳтиром ва арзи самимияти бепоён тамоми рӯзноманигорон ва кормандони соҳаи матбуотро бо Рӯзи матбуоти тоҷик табрику муборакбод мегӯям.

Просмотров: 960


Мулоқот бо Сафири Ҷумҳурии Исломии Покистон

Таърихи рӯз: 2012-03-13

Нимаи аввали имрӯз дар Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гул Шералӣ бо Сафири Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Амҷад Ҳусейн Сйал баргузор гардид.

Просмотров: 867


Воридоти маҳсулоти нафтӣ

Таърихи рӯз: 2012-03-15

Корхонаҳои таъминоти нафту гази Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба амалӣ кардани қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 январи соли 2012 №34 «Дар бораи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2011 ва вазифаҳои барои соли 2012» саъю кӯшиш карда, дар ду моҳи соли ҷорӣ аз ҳисоби соҳибкорони ватанӣ ба ҷумҳурӣ ба миқдори 15015,6 тонна гази моеъ ворид шудааст, ки ин воридот нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба миқдори 11829,3 тонна зиёд мебошад ва бақияи гази моеъ ба 1 марти соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ 1281,8 тоннаро ташкил медиҳад.

Просмотров: 798


Кӯмаки навбатӣ ба Хонаи кӯдакон

Таърихи рӯз: 2012-03-16

Дар арафаи иди байналмилалии Наврӯз Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон тарбиятгирандагони Хонаи кӯдакони деҳаи Танобчии ноҳияи Темурмалик ба маблағи 15445 (понздаҳ ҳазору чорсаду чилу панҷ) сомонӣ маводи хӯрока, либосу пойафзол ва молҳои ниёзи аввалия аз қабили нахӯд, марҷумаку (гречка), лӯбиё, шакар, макарон, гӯшту биринҷ, равған, пиёз, сабзиву картошка, шалғам, намудҳои гуногуни собун, айна, шими мактабӣ, кафшҳои хонапӯшак (домашник), маводҳои доруворӣ, бастаи рахти хоб ва ғайра кӯмак расонида шуд.

Просмотров: 847


Наврӯзи байналмилалӣ дар Вазорат

Таърихи рӯз: 2012-03-19

Имрӯз дар Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯзи аҷам ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид.

Просмотров: 924


Таҷҳизотҳо ба корхона ворид шуданд

Таърихи рӯз: 2012-03-30

Бо мақсади амалӣ намудани «Барномаи рушди масолеҳи сохтмонӣ дар давраи то соли 2015» бунёди корхонаҳои нав, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ба роҳ мондани намудҳои нави масолеҳ идома ёфта истодааст.

Просмотров: 820


Истеҳсоли маҳсулоти шишагӣ афзуд

Таърихи рӯз: 2012-03-30

ҶДММ «Корхонаи нонпазию қаннодӣ»-и шаҳри Қайроққум ба Ҷумҳурии Тоҷикистон хатти технологии истеҳсоли шиша ва зарфҳои шишагӣ ворид намуда, моҳи марти соли 2011 бо иштироки Сарвари давлат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корхона (бо истифода аз ангишт) ба фаъолият оғоз намуд. Иқтидори солонаи корхона 1,3 миллион м2 шишаи сохтмонӣ ва то 25 миллион дона зарфҳои шишагиро ташкил медиҳад.

Просмотров: 836

Ахбори рӯз

Мулоқот дар вазорат 2014-04-28

Кӯмаки навбатӣ ба хонаи кӯдакон 2013-12-30

Коргоҳҳои нави соҳаи саноати маъдани кўҳӣ ва металлҳои қиматбаҳо 2013-12-30

Таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар соҳаи саноати маъдани кӯҳӣ ва металҳои қимматбаҳо 2013-12-31

Фаъолияти ҶМСП «ТоҷИрон»-и шаҳри Душанбе 2013-12-19

Пешравиҳо дар ҶДММ «Хуаксин Ғаюр семент»-и ноҳияи Ёвон 2013-12-19

Оғози фаъолияти ҶММ «Тоҷис-Эко-чарм» дар Душанбе 2013-12-06

Мулоқот дар вазорат 2013-12-03