Вазорати энергетика ва саноати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

Роҳбалад

Дархости лозимaро ворид кунед

Рӯзҳои таърихии вазорат


Ёддошти тафоҳум ба имзо расид

Таърихи рӯз: 2012-04-04

Дирӯз 3 апрели солӣ ҷорӣ дар Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ширкати «Гиговатт Глобал» вохӯри баргузор гардида, бегоҳирӯзӣ Ёддошти тафоҳум байни Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати «Гиговатт Глобал» ба имзо расонида шуд.

Просмотров: 772


Вохӯрии судманд

Таърихи рӯз: 2012-04-05

Нимаи аввали имрӯз дар Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гул Шералӣ бо Роҳбари Раёсати Агентии энергетикии «Дена»-и Олмон Ҷаноби Штефан Коллер баргузор гардид.

Просмотров: 759


Шарипов С. – вакили ҳолӣ, ,,стратеги” қаблӣ ва аз масъулият холӣ ?

Таърихи рӯз: 2012-04-05

Дар рафти баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ангишт» дар ҷаласаи поёнии парлумонӣ, вакил С. Шарипов нисбат ба фаъолияти Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон эрод гирифтааст.

Просмотров: 839


То 2 млрд. сомонӣ-маҳсулоти саноатӣ

Таърихи рӯз: 2012-04-06

Аз рӯи маълумоти фаврӣ, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар моҳҳои январ-марти соли 2012 1 млрд. 956,7 млн. сомониро ташкил дода, суръати афзоиш дар миқёси ҷумҳурӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2011, ба 114,6% баробар шуд, ки ин нисбат ба моҳҳои январ-марти соли 2011 ба маблағи 249,5 млн. сомонӣ зиёд аст.

Просмотров: 814


Сафарбарии гурӯҳои корӣ ба шаҳру ноҳияҳо

Таърихи рӯз: 2012-04-09

Ҳафтаи сипаришуда бо супориши Вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Гул Шералӣ аз ҳисоби кормандони Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳҳои корӣ, таъсис дода шуда, ба минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ сафарбар карда шуданд.

Просмотров: 797


Вобаста ба маводи нашрнамудаи сомонаи ASIA-Plus дар таърихи 09.04.2012

Таърихи рӯз: 2012-04-09

Вобаста ба маводи нашрнамудаи сомонаи ASIA-Plus дар таърихи 09.04.2012 таҳти унвони «В Таджикистане в первом квартале произведено промпродукции на $420 млн.» иброз дошта мешавад, ки дар варақаи иттилоотии нашрнамудаи котиботи Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 06.04.12 дарҷ гардидааст, ки истеҳсоли маҳсулот аз тарафи бахши хусусӣ 31,8 млн сомонӣ таъмин карда шудааст. Аммо дар ахбори ASIA-Plus аз 09.04.12 «… предприятия не входящие в составе Минэнергопрома – на 31 млн.сомони» навишта шудааст.

Просмотров: 998


Вобаста ба маводи нашрнамудаи сомонаи TojNEWS, дар таърихи 09.04.2012

Таърихи рӯз: 2012-04-10

Вобаста ба маводи нашрнамудаи сомонаи TojNEWS, дар таърихи 09.04.2012 дар аввал таҳти унвони « КВД «ТАЛКО» дуруғи Гул Шералиро фош кард» ва баъдан «Исботи бемаълумотии Гул Шералӣ аз ҷониби КВД «ТАЛКО» (бо баъзе иловаҳо) иброз дошта мешавад, ки нисбат ба маълумот оид ба он, ки корхона ҳаҷми маҳсулотро дар давраи ҳисоботӣ нисбат ба семоҳаи соли гузашта 27,5 млн.сомонӣ кам кардааст, КВД «ТАЛКО» ба Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон расман ҳеҷ гуна эътироз накардааст.

Просмотров: 973


Ғолиб қадр гардид

Таърихи рӯз: 2012-04-11

Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар доираи амалӣ намудани дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар мулоқот бо варзишгарони кишвар аз 20 декабри соли 2010 баён гардида буд, ҷиҳати рушди варзиш дар донишгоҳ тадбирҳои зарурӣ меандешад.

Просмотров: 862


Масъалаи гузаштан ба ангишт дар ҶСК «Тоҷиксемент» баррасӣ гардид

Таърихи рӯз: 2012-04-11

Бегоҳирӯзии 10 апрели соли ҷорӣ мулоқоти Вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гул Шералӣ бо Директори намояндагии ҶСК «ТВЕА» дар Тоҷикистон Ван Цзян ва мутахассисони ин ширкат баргузор гардид.

Просмотров: 863


19588 қуттии кирмак хобонида шуд

Таърихи рӯз: 2012-04-11

Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба иҷрои бандҳои қарори Ҳукумати Тоҷикистон аз 24.01.2012 № 34 ва фармоиши Вазорат аз 02.02.2012 иброз медорад, ки тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2011, №409 дар «Барномаи рушди соҳаи кирмакпарварӣ ва коркарди он дар ҷумҳурӣ барои солҳои 2012-2020» истеҳсоли пилла дар ҷумҳурӣ 1860 тонна пешбинӣ карда шудааст.

Просмотров: 826


Нишондиҳандаҳои истеҳсолии соҳаи саноати маводи сохтмон

Таърихи рӯз: 2012-04-16

Корхонаҳои системаи Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хусусӣ корҳоро дар доираи «Барномаи рушди масолеҳи сохтмонӣ дар давраи то соли 2015» дар самти бунёди корхонаҳои нав, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ба роҳ мондани намудҳои нави масолеҳ, таҷдиди корхонаҳои амалкунанда мунтазам вусъат медиҳанд.

Просмотров: 1009


Нақшаҳо барзиёд иҷро гардиданд

Таърихи рӯз: 2012-04-17

Дар семоҳаи якуми соли 2012 корхонаҳои саноати мошинсозӣ ва химияи тобеи Вазорат ба маблағи 46588,4 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 13753,8 ҳазор сомони зиёд мебошад. Суръати афзоиши истеҳсоли маҳсулот назар ба ҳамин давраи соли гузашта 141,9 фоиз таъмин гардидааст.

Просмотров: 973


«Одина» ба корҳои сохтмонӣ шурӯъ кард

Таърихи рӯз: 2012-04-17

Артели заршӯӣ «Одина» бо мақсади ташкил ва сохтмони коргоҳи заргарӣ, як қатор корҳоро ба анҷом расонида истодааст. Лоиҳаи сохтмони бинои коргоҳи заргарӣ барои 30 – нафар коргарон дар назар дошта шудааст. Ҳамчунин корхонаи мазкур дар шаҳраки Шуғнови н. Ховалинги вилояти Хатлон лоиҳаи сохтмони бинои мактаб-интернат барои 320 нафар ва лоиҳаи сохтмони коргоҳи нонпазиро барои 10 нафар амалӣ хоҳад кард. Айни замон аз тарафи Артели заршӯӣ «Одина» як бригадаи сохтмончиён барои корҳои сохтмони таъсис дода, рӯзи 16 апрели соли 2012 ба корҳои сохтмонии таҳкурсии бинои мактаб-интернат оғоз намуда, ба миқдори 80 тонна семент, 30 тонна арматура ва дигар маводҳои сохтмониро ба мавзеи корӣ дастрас кард. Баъди ба анҷом расонидани таҳкурсии бинои мазкур ба корҳои сохтмонӣ иловатан боз 60 нафар сохтмончӣ ба кор ҷалб карда мешаванд, ки ин барои фаро гирифтан ва таъмини шумораи ҳарчӣ бештари аҳолӣ ба кор, дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ, бахусус минтақаҳои дурдаст мусоидат хоҳад кард.

Просмотров: 928


Мулоқот дар Вазорат

Таърихи рӯз: 2012-04-19

Имрӯз дар Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гул Шералӣ бо ҳайати Шӯрои миллии Ҷумҳурии Халқии Хитой оид ба энергетика ва барқ, бо роҳбари муовини сардори Институти умумихитоии илмӣ-тадқиқотӣ оид ба нерӯи барқ Ҷаноби Сюй Сяодун баргузор гардид.

Просмотров: 759


Мулоқот бо намояндагони СММ

Таърихи рӯз: 2012-04-19

Нимаи дуюми имрӯз мулоқоти Вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гул Шералӣ бо ёвари Дабири кулли СММ Ҷаноби Луис Горатсио Гомез Ечеверри, сармушовири Бонки Ҷаҳонӣ оид ба энергетика Ҷаноби Венката Рамана Путти, мушовири техникии минтақавии барномаи рушди СММ оид ба Аврупо ва ИДМ хонум Марина Олшанская, дар Ҳайати Комиссияи Олии СММ, ки дар доираи «Соли байналмилалии энергияи устувор барои ҳама» ва ташаббуси Дабири кулли СММ «Энергияи устувор барои ҳама» таъсис гардидааст, баргузор гардид.

Просмотров: 808


Имзои санадҳо дар Вазорати энергетика ва саноат

Таърихи рӯз: 2012-04-23

Дар Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гул Шералӣ бо Ҳайъати Вазорати илм ва техникаи Ҷумҳурии Мардумии Чин, ширкати «Beijing Jinchuang Combined Gas Meter Co.,Ltd» Ҷумҳурии Мардумии Чин бо сардории профессор Жэн Сянкун баргузор гардид.

Просмотров: 1101


Корхонаи хишт дар ноҳияи Муминобод

Таърихи рӯз: 2012-04-23

Дар ноҳияи Муминободи вилояти Хатлон бо ташаббусси соҳибкор Чориев Холназар (ҶММ «Гулдаст») корхонаи истеҳсоли хишти сохтмонӣ ба фаъолият шурӯъ намуд. Иқтидори лоиҳавии корхона 3 млн. дона хишт дар як сол мебошад. Айни замон дар корхона истеҳсоли хишти хом ба роҳ монда шуда, дар як шабонарӯз 15,0 ҳазор дона хишт истеҳсол карда мешавад. Дар корхона 25 нафар бо ҷойи кор таъмин гардида, дар назар дошта шудааст, ки дар моҳи май шумораи коргарон ба 50 нафар расонида шавад.

Просмотров: 1879


Тоҷиксемент 500 тн семент истеҳсол кард

Таърихи рӯз: 2012-04-26

Дирўз пас аз танаффуси қариб якмоҳа ҶСК «Тоҷиксемент» ба фаъолияти истеҳсолӣ шурўъ намуд. Кор дар корхона шабонарўзӣ ба роҳ монда шуда, айни замон ба корхона 6000 м3 гази табиӣ дар як соат интиқол дода мешавад, ки чунин миқдор танҳо барои таъмини як хумдони корхона басанда аст. Корхона бо ҳамин миқдори газ метавонад дар як шабонарўз 600 тн. семент истеҳсол намояд.

Просмотров: 1041


Афзоиши шумораи коргарони маҳаллӣ

Таърихи рӯз: 2012-04-26

Тавре маълум аст, ҶММ «Ғаюр»-и ноҳияи Ёвон ва Ширкати хитоии «Хуаксин Сентрал Эйша Инвестмент» дар якҷоягӣ Ширкати муштараки «Хуаксин Ғаюр семент»-ро соли 2011 таъсис дода, дар ноҳияи Ёвон моҳи сентябри соли гузашта ва бунёд намудани корхонаи сементбарорӣ шурўъ намудан, ки иқтидори солона 1 млн. тонна семент ва ҳаҷми маблағгузорӣ 100 млн. долларро ташкил медиҳад.

То имрўз асосноккунии техникӣ- иқтисодӣ анҷом дода шуда, айни замон 25 нафар мутахассисони хитойӣ ва 110 нафар коргарони маҳаллӣ ба корҳои омодагӣ ва тахту ҳамворкунӣ машғуланд. Маблағи то ин вақт азхудкардаи корҳои иҷрошуда 10 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

Мавриди қайд аст, ки баъди сохта ба истифода додани завод, зиёда аз 1000 нафар коргарон бо ҷойҳои нави корӣ таъмин шуда, бозори дохилӣ бо сементи хушсифати ватанӣ таъмин мегардад, як қисми он ба хориҷи кишвар содир карда мешавад. Аз ин шумора 80 фоизи онро коргарони маҳаллӣ ва 20 фоизашро мутахассисони хитойӣ ташкил медиҳад.

Просмотров: 801


Конфронс дар ДСХ

Таърихи рӯз: 2012-04-26

Пагоҳ дар Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат Конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзўи «Масоили рушди соҳибкории истеҳсолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор мегардад.

Ҳадаф аз баргузории ин конфронс баррасии масъалаҳои вобаста ба соҳибкории истеҳсолӣ, мушкилот ва роҳҳои ҳалли онҳо бо мақсади рушди он, ҳамчунин ташаккули инкишофи зеҳнӣ, аҳамияти омўзиши соҳибкорӣ дар пешрафти иқтисодиёти кишвар, интегратсияи илм бо технология иборат мебошад.

Бояд зикр намуд, ки конфронси мазкур дар доираи барномаҳои Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.12.11, №640 «Дар бораи тасдиқи Нақшаи баргузории машваратҳои илмию-техникӣ, конфронсҳо, симпозиумҳо, анҷуманҳо ва семинарҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012» дар назар дошта шудааст.

Просмотров: 812


Омодагиҳо дар соҳаи кирмакпарварӣ

Таърихи рӯз: 2012-04-27

Бо мақсади таъмин намудани хоҷагиҳои кирмакпарварӣ бо тухми кирмаки хушсифат сармоягузорон ҶДММ «Дўстии Афғонистон» 19200 қуттӣ ва ҶДММ «Дук» 5000 қуттӣ, ҶДММ КМ «ВТ Силк»-и ш.Хуҷанд 6580 қуттӣ ва ҶДММ «Абрешими » н.Панҷ 1000 қуттӣ аз хориҷи кишвар тухми кирмак ворид карданд. Айни замон сармоягузорон кирмакпарваронро пеш аз тақсимоти тухми кирмак бо маводҳои лозимӣ бо коғазҳои такагндоз, сурохдор, ҳароратсанҷ, намисан7, шолча ва маблағ таъмин карда истодаанд. Мавриди зикр аст, ки дар корхонаҳои тухми кирмаки ҷумҳурӣ ба миқдори 6100 қуттӣ тухми кирмак тайёр карда шудааст, ки барои аз касалии пебрина эмин будан аз комиссияи назорати давлатӣ гузаштааст.

Просмотров: 943


Иштироки фаъолона дар ҳашари умумиҷумҳуриявӣ

Таърихи рӯз: 2012-04-28

Имрӯз кормандони дастгоҳи марказии Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастаҷамъона ба ҳашари умумиҷумҳуриявӣ баромада, дар тозаву ободгардонии майдону бино, азпартовтозакунӣ, шинонидани гулу сабзаҳо, тоза кардани дохили бино, утоқҳои корӣ, фаъолона иштирок намуданд.

Просмотров: 887


Баррасии Паём дар Вазорат

Таърихи рӯз: 2012-04-27

Имрўз дар Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи васеи кормандони дастгоҳи марказӣ ва як қатор муассисаву корхонаҳои тобеи Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба баррасии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Просмотров: 866

Ахбори рӯз

Мулоқот дар вазорат 2014-04-28

Кӯмаки навбатӣ ба хонаи кӯдакон 2013-12-30

Коргоҳҳои нави соҳаи саноати маъдани кўҳӣ ва металлҳои қиматбаҳо 2013-12-30

Таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар соҳаи саноати маъдани кӯҳӣ ва металҳои қимматбаҳо 2013-12-31

Фаъолияти ҶМСП «ТоҷИрон»-и шаҳри Душанбе 2013-12-19

Пешравиҳо дар ҶДММ «Хуаксин Ғаюр семент»-и ноҳияи Ёвон 2013-12-19

Оғози фаъолияти ҶММ «Тоҷис-Эко-чарм» дар Душанбе 2013-12-06

Мулоқот дар вазорат 2013-12-03