Вазорати энергетика ва саноати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

Роҳбалад

Дархости лозимaро ворид кунед

Рӯзҳои таърихии вазорат


Мулоқот дар Вазорат

Таърихи рӯз: 2012-05-02

Имрўз дар Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохўрии Вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гул Шералӣ бо Сафири фавқулодда ва мухтори Давлати Исроил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Хилел Нюман баргузор гардид.

Просмотров: 778


Вохўрии судбахш

Таърихи рӯз: 2012-05-03

Имрўз дар Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гул Шералӣ бо коршиносони Фонди Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) бо роҳбарии Лутаф Касам- мудири бахши иқтисодии Фонди Оғохон баргузор гардид.

Просмотров: 840


Кўмак бахшида ба ҷашн

Таърихи рӯз: 2012-05-04

Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12.01.2008 № АП-467 оид ба расонидани кўмаки доимии моддию молиявӣ ба маъюбону пиронсолон, иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, оилаҳои камбизоат, хона-интернатҳо ва муассисаҳои иҷтимоӣ барои расонидани кўмакҳои моддӣ мунтазам кўмак менамояд.

Просмотров: 769


Мулоқоти Вазир

Таърихи рӯз: 2012-05-07

Нимаи дуюми имрўз мулоқоти Вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гул Шералӣ бо муассисон ва саҳҳомони хориҷии «Сомон ойл» бо сардории ноиб-президенти ширкати австралиягии «Santos» Мартин Имз баргузор гардид.

Просмотров: 764


Ёддошти тафоҳум ба имзо расид

Таърихи рӯз: 2012-05-08

Нимаи дуюми имрўз дар Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохўрии Вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гул Шералӣ бо намояндагони ширкати HOS International Trading (PTY) Ltd бо сардории Хилай Абдул Сатар баргузор гардид.

Просмотров: 760


Ҷамъбасти чормоҳаи соли 2012 дар соҳаҳои энергетика ва саноат

Таърихи рӯз: 2012-05-09

Аз рўи натиҷаҳо ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар моҳҳои январ-апрели соли 2012 2 млрд. 559,3 млн. сомониро ташкил дода, суръати афзоиш дар миқёси ҷумҳурӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2011, ба 114,7% баробар шуд, ки ин нисбат ба моҳҳои январ-апрели соли 2011 ба маблағи 327,8 млн. сомонӣ зиёд аст.

Просмотров: 865


Истеҳсоли банкаҳо шурўъ шуд

Таърихи рӯз: 2012-05-10

Дар корхонаи ш.Қайроқум қолибҳои банкаҳои 1 ва 2 литра дастрас ва пурра насб гардида, 10 майи соли ҷорӣ истеҳсоли банка дар он оғоз ёфт. Иқтидори истеҳсолии хатти технологӣ 20 ҳазор дона банкаро дар як шабонарўз ташкил медиҳад. Айни замон 10 ҳазор донагӣ банкаҳои 1 ва 2 литра истеҳсол шуда истодааст. Дар коргоҳҳои корхона боз 50 ҷойҳои нави корӣ бунёд ёфтааст.

Просмотров: 756


Истеҳсоли ангишт зиёд гардид

Таърихи рӯз: 2012-05-10

Корхонаҳои соҳаи ангишти Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷамъбасти чор моҳи соли ҷорӣ (январ-апрел) 3 корхона ҶСШК «Ангишт», КФ «Фон-Яғноб», Минтақаи «Угольная»-и КМ «Анзоб» фаъолият намуда, истихроҷи ангишт ба 33204,0 тн расонида, нисбати нақша 10104,0 тн (143,7%) ва нисбати ҳамин давраи соли сипаригардида 11268,0 тн (151,30%) зиёд ангишт истеҳсол кардаанд.

Просмотров: 864


Тракторҳои МТЗ-и Ҷумҳурии Беларус дар ҷумҳурӣ

Таърихи рӯз: 2012-05-14

Бо мақсади ташкил намудани корхонаи ҷамъу васли тракторҳои МТЗ -и Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд корхонаҳо дар минтақаи ҷанубии кишвар пешниҳод гардида, дар натиҷа бо назардошти мавқеи ҷойгиршавӣ, мавҷудияти базаи техникию кадрӣ, биноҳо ва иншоотҳои истеҳсолӣ аз ҷониби мутахассисони корхонаи МТЗ-и Ҷумҳурии Беларус ба Ҷамъияти саҳомии пўшидаи «Сомон Кўлоб таҷҳизот»-и шаҳри Кўлоб бартарӣ дода шуд. Тарафҳо барои оғоз намудани ҷамъу васли тракторҳо то охири соли 2012 ба мувофиқа расиданд.

Просмотров: 844


Истеҳсолоти маводи ғизоӣ афзуд

Таърихи рӯз: 2012-05-16

Корхонаю муассисаҳои соҳаи саноати хўроквории Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро баҳри рушди соҳа ва таъмини аҳолии кишвар бо маҳсулоти озуқаворӣ равона намуда, дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ 688,30 ҳазор қутии шартӣ консерваи меваю сабзавот, 233,1 тонна маҳсулоти қаннодӣ, 839,7 тонна равғани растанӣ, 12,9 ҳазор декалитр спирти этилӣ, 11131,1 декалитр арақ, 7093,0 декалитр оби ҷав, 515,5 ҳазор декалитр нўшокиҳои беспирт, 105,22 ҳазор декалитр обҳои маъданӣ, 4353,0 тонна намаки ошӣ, 76,3 тонна маҳсулоти ҳасибӣ, 1033,2 тонна маҳсулоти шири холис, 3,3 ҳазор қуттии шартӣ консерваҳои гўштӣ, 8686,8 тонна орд, 280,5 тонна макарон ба маблағи 53,44 млн.сомонӣ истеҳсол намуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 14,5 млн. сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиш 125,6%-ро ташкил медиҳад.

Просмотров: 1175


Насби технологияи муосир – ру ба афзоиш

Таърихи рӯз: 2012-05-16

Бо ҷалби сармояи дохилӣ ва хориҷӣ ҳамасола дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ корхонаҳои нави саноати хўрокворӣ бо хатҳои технологии муосир бунёд мегарданд. Танҳо дар соли гузашта бо ҷалби сармояи дохилӣ дар ҷумҳурӣ 10 корхонаҳои коркарди гўшту шир (СИ «Тешазод» ва СИ «Азиза» дар ш. Душанбе, СИ «Додобоев», СИ «Маҳмудов», СИ «Усмонов», СИ «Раҳмонов», СИ «Азизи» ва СИ «Саидов» дар вилояти Суғд, ҶММ «Салимхон» ва СИ «Сафаров Холназар» дар ш. Қўрғонтеппаи в. Хатлон) бунёд гардида, истеҳсоли шарбати меваю сабзавот зиёда дар 29 корхонаҳои саноатӣ ба роҳ монда шудааст.

Просмотров: 1080


Воридоти маҳсулоти нафту гази ҷумҳурӣ

Таърихи рӯз: 2012-05-16

Тибқи маълумотҳои мавҷуда дар чор моҳи соли ҷорӣ ба ҷумҳурӣ ба миқдори 128 740 тн. маҳсулоти нафтӣ ба маблағи 150 379 доллари америкоӣ ворид шуда, аз ҷумла бензин -66579 тн., сўзишвории дизелӣ – 35269 тн., сўзишвории реактивӣ – 16268 тн., мазут – 5313тн., битум – 1512 тн., равғанҳои молиданӣ – 3799 тн. ташкил медиҳад.

Просмотров: 985


Ҷаласаи Шўрои байниҳукуматии чор кишвар дар АМА

Таърихи рӯз: 2012-05-17

Имрўзҳо таҳти раисии Ҷумҳурии Тоҷикистон (15-17 майи соли 2012) дар ш.Дубаи АМА Ҷаласаи байниҳукуматии чор кишвари иштирокчии лоиҳаи «CASA-1000» (Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Исломии Покистон) идома дорад. Ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистонро Вазири энергетика ва саноат Гул Шералӣ, Ҷумҳурии Қирғизистон муовини Вазири корҳои хориҷии Айтмурзоев Нурлан Ташмурзоевич, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Вазири энергетика ва захираҳои об Муҳаммад Исмоил Хон, Ҷумҳурии Исломии Покистон Вазири энергетика ва захираҳои об Саид Навид Қамар роҳбарӣ мекунанд.

Просмотров: 753


Вохўриҳои судманд дар Дубай

Таърихи рӯз: 2012-05-17

Дар доираи баргузории Ҷаласаҳои Шўрои байниҳукуматӣ ва сафари худ ба АМА Вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гул Шералӣ як қатор вохўриҳои судманд анҷом дод.

Просмотров: 795


Муаррифии боз як нерўгоҳ

Таърихи рӯз: 2012-05-23

Имрўз дар Ҷамоати деҳоти Язғуломи ноҳияи Ванҷи ВМКБ тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №73 аз 2 феврали соли 2009 «Дар бораи Барномаи дарозмуддати бунёди силсилаи нерўгоҳҳои хурди барқӣ дар давраи солҳои 2009-2020» бо дастгирии Сафорати Ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии ҳамкориҳои байналмилалии давлати Кореяи Ҷанубӣ (KOICA) бо ҷалби маблақҳои грантӣ, ки соли 2011 ба имзо расида буд, бо мақсади ба роҳ мондани рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманди кишварҳои ба ҳам дўст сохтмони НБО-и хурди маҷроӣ оғоз гардид. Хишти аввали сохтмони НБО-и мазкурро Вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гул Шералӣ гузошт.

Просмотров: 792


Боз як корхонаи нав ба кор оғоз кард

Таърихи рӯз: 2012-05-28

Бо дастгирии Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи иҷрои супориши Сарвари давлат дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 ноябри соли 2011, № 12 бо мақсади коркарди саноати маҳсулоти ватанӣ ва ташкили ҷойҳои нави корӣ, дар ноҳияи Шаҳринав як корхонаи коркарди маҳсулоти ширӣ бо номи ҶДММ «Бобоҷон» ба истифода дода шуд. Иқтидори истеҳсоли корхона 5 тонна ширро дар як шабонарўз ташкил медиҳад. Айни замон дар корхона 10 нафар коргарон фаъолият мекунанд.

Просмотров: 791


Даъват барои ҳамкориҳо оид ба масъалаҳои энергетикӣ

Таърихи рӯз: 2012-05-29

Рўзҳои 24 ва 25 майи соли 2012 дар ш.Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон бо даъвати Комиссияи Аврупоии Иқтисодии Созмони Милали Муттаҳид машварати коршиносони миллии мамлакатҳои Осиёи Марказӣ аз рўи лоиҳаи «Самаранокии васеи энергетикӣ-21» баргузор гардид.

Просмотров: 720


Ҷаласаи Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ дар ҶИЭ

Таърихи рӯз: 2012-05-30

Рўзҳои 26-29 майи соли 2012 дар шаҳри Теҳрони Ҷумҳурии Исломии Эрон ҷаласаи нуҳуми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, техникӣ ва фарҳангӣ баргузор гардид.
Ҳайати қисми тоҷикистонии Комиссияро Вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гул Шералӣ ва ҳайати қисми эронии Комиссияи мазкурро Вазири нерўи Ҷумҳурии Исломии Эрон - Маҷиди Номҷў роҳбарӣ намуданд.

Просмотров: 861

Ахбори рӯз

Мулоқот дар вазорат 2014-04-28

Кӯмаки навбатӣ ба хонаи кӯдакон 2013-12-30

Коргоҳҳои нави соҳаи саноати маъдани кўҳӣ ва металлҳои қиматбаҳо 2013-12-30

Таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар соҳаи саноати маъдани кӯҳӣ ва металҳои қимматбаҳо 2013-12-31

Фаъолияти ҶМСП «ТоҷИрон»-и шаҳри Душанбе 2013-12-19

Пешравиҳо дар ҶДММ «Хуаксин Ғаюр семент»-и ноҳияи Ёвон 2013-12-19

Оғози фаъолияти ҶММ «Тоҷис-Эко-чарм» дар Душанбе 2013-12-06

Мулоқот дар вазорат 2013-12-03