Вазорати энергетика ва саноати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

Роҳбалад

Дархости лозимaро ворид кунед

Рӯзҳои таърихии вазорат


Масолеҳи сохтмонии ватанӣ дар маърази намоишгоҳ

Таърихи рӯз: 2012-06-06

Бо иқдоми Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон рўзи 15 июни соли 2012 дар шаҳри Душанбе намоишгоҳи масолеҳи сохтмонии истеҳсоли корхонаҳои соҳавии ватанӣ дар бинои Ҷамъияти саҳомии пўшидаи Иттиҳодияи илмию истеҳсолию сохтмонии «Техноинвест» (кўчаи дўстии Халқҳо 47) баргузор хоҳад шуд.

Дар назар дошта шудааст, ки то 25 намуд маҳсулоти гуногуни масолеҳи сохтмонии дар корхонаҳои ҷумҳурӣ истеҳсолшаванда дар маърази намоишгоҳ гузошта хоҳад шуд. Ширкату муассисаҳои сохтмонӣ, шахсони инфиродӣ имкон доранд, ки аз намоишгоҳ дидан намуда, бо маҳсулоти мазкур шинос ва барои харидорӣ намудани онҳо шартномаҳо ба имзо расонанд.

Просмотров: 897


Насби дастгоҳҳои наву муосир дар ҶСК «Қолинҳои Қайроққум»

Таърихи рӯз: 2012-06-06

Дар асоси нақшаҳо, бо дастгирӣ ва мусоидати Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани сифати маҳсулоти истеҳсолшаванда (қолин ва маҳсулоти қолинӣ), паст намудани арзиши аслии маҳсулот ва рақобатпазирӣ дар бозори истеъмолӣ дар ҶСК «Қолинҳои Қайроққум» дастгоҳу таҷҳизотҳои нави муосир ворид ва васл карда шуд. Дастгоҳи қолинбофиии дуқабатаи тамғаи «ALFA - 360», истеҳсоли Олмон буда, иқтидори истеҳсолнокии дастгоҳ дар 1 соат – 70 м2 мебошад. Таҷҳизоти пардоздиҳии тамғаи «Анмак», истеҳсоли Туркия буда, аз 6 қисм иборат аст: дастгоҳи бартарафкунии нуқсонҳо, дастгоҳи ширешмолӣ, дастгоҳи лаблўлакунӣ, дастгоҳи ширешкунии лаби қолин, дастгоҳи тарошӣ ва дастгоҳи селофанкунӣ, ҳамчунин як адад дастгоҳи тортанӣ (сновальный станок) – истеҳсоли Туркия насб карда шудааст. Ин дастгоҳҳо имконият медиҳанд, ки сифати маҳсулоти истеҳсолшаванда нисбатан баланд шуда дар бозори истеъмолӣ рақобатпазир гардад.

Просмотров: 1028


Соҳаи пилла - самти афзалиятнок

Таърихи рӯз: 2012-06-06

Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади муташаккилона гузаронидани мавсими кирмакпарварӣ дар соли равон мунтазам чораҳои мушаххас меандешад. Дар ин замина аз ибтидои имсол ҳамаи корхонаҳои зертобеъ, аз ҷумла КВД «Пилла», корхонаи фаръии тухми кирмаки шаҳрҳои Душанбею Хуҷанд ва корхонаи фаръии зотпарварии тухми кирмаки ш. Ваҳдат нақша чорабиниҳо таҳия намуда, барои амалӣ намудани он корҳоро ба роҳ мондаанд. Бояд тазаккур дод, ки бо мақсади омодагӣ барои мавсими соли ҷорӣ то 1 январи соли 2012 майдони тутзорҳо ба 2954,7 гектар ва тутҳои қадбаланд ба 25345 ҳазор расонида шуд. Яъне барои тақсими миқдори зарурии тухми кирмак, заминаи ғизоии он дар ҳаҷми лозимӣ муҳайё карда шуд. Соли ҷорӣ ба кирмакпарварони ҷумҳурӣ ба миқдори 38002 қуттӣ тухми кирмак тақсим карда шуд, ки аз он 6100 қуттиаш тухми кирмаки ватанӣ ва 31902 қуттиаш тухми кирмаки хориҷӣ мебошад.

Просмотров: 1097


Ҳамкориҳои илм ва истеҳсолот густариш меёбад

Таърихи рӯз: 2012-06-08

Имрўз дар Вазорати энергетика ва саноат Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо филиали Университети миллии тадқиқотҳои технологии «МИСиС» дар шаҳри Душанбе мулоқот-семинари намояндагони корхонаҳои саноатии Тоҷикистон бо олимони шинохтаи Университети миллии тадқиқотҳои технологии «МИСиС»-и шаҳри Москва (УМТТ«МИСиС») дар мавзўи «Инноватсия ва баланд бардоштани самаранокии истеҳсолоти маъданҳои кўҳӣ ва саноати металлургӣ» баргузор мегардад.

Просмотров: 996


Воридоти маҳсулоти нафтӣ дар 5 моҳи соли 2012

Таърихи рӯз: 2012-06-13

Тибқи маълумотҳои дастрасшуда дар 5 моҳи соли 2012 воридоти намудҳои маҳсулоти нафтӣ аз ҷумла бензин – 68957 тонна, сўзишвории дизелӣ – 43972 тонна , сўзишвории реактивӣ – 21475 тонна, мазут – 5313 тонна, битум – 4054 тонна, равғанҳои молиданӣ 4824 тоннаро ташкил додааст. Беш аз 65 адад корхонаҳои хусусӣ ва давлатӣ ба воридоти маҳсулоти нафтӣ машғул шудаанд.

Просмотров: 950


Ҷаласаи Шўрои НБО «Роғун» баргузор гардид

Таърихи рӯз: 2012-06-15

Тибқи маълумоти дастрасгардида 22 майи соли 2012 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи навбатии Шўрои нозирони ҷамъияти саҳомии кушодаи «Нерўгоҳи барқи обии Роғун» баргузор гардид. Дар ҷаласа қарор қабул карда шуд, ки бо сабаби пешниҳод нагардидани хулосаи экспертҳои байналмилалӣ доир ба асосноккунии техникӣ-иқтисодӣ (ТЭО) ва баҳодиҳии таъсири иҷтимоӣ – экологии (ОСЭВ) нерўгоҳи барқи обии Роғун дар соли 2012, корҳои барқарорсозии дарғот (перемычка) ва дигар кардани маҷрои дарёи Вахш дар соли 2012 ба таъхир гузошта шавад.

Просмотров: 1300


40 намуди маҳсулот дар маърази намоишгоҳ

Таърихи рӯз: 2012-06-18

Тавре қаблан иттилоъ дода шуда буд, бо ташаббуси Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 15 июни соли 2012 дар бинои намоишгоҳи ҶСП «Иттиҳодияи илмию истеҳсолию сохтмонии Техноинвест» (кӯчаи Дӯстии Халқҳо 47) намоиши масолеҳи сохтмонии истеҳсоли корхонаҳои ватанӣ доир гардид. Дар намоишгоҳ намояндагони Вазорату идораҳои дахлдор, роҳбарони корхонаҳои саноатӣ, ширкатҳои сохтмонӣ ва шаҳрвандон иштирок намуданд.

Просмотров: 965


Ҷашни Рӯзи ваҳдати миллӣ дар Вазорат

Таърихи рӯз: 2012-06-22

Имрўз дар Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба таҷлили 15-умин солгарди Рўзи ваҳдати миллӣ ҷаласаи васеи кормандони Дастгоҳи марказӣ ва муассисаву корхонаҳои тобеи Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ҷаласа номзади илмҳои таърих, дотсент, устоди Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат Саъдиев Ш.С. ва муовини Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар н.Шоҳмансур Мусофиров Ҳ.Ҷ. иштирок намуданд.

Просмотров: 1072


Мизи мудаввар дар ДТТ

Таърихи рӯз: 2012-06-29

Бо мақсади гузаронидани маъракаи қабули довталабон ба муассисаҳои таълимии зертобеи Вазорат рўзи 2 июли соли 2012, соати 1000дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Мизи мудаввар баргузор мегардад.

Просмотров: 993

Ахбори рӯз

Мулоқот дар вазорат 2014-04-28

Кӯмаки навбатӣ ба хонаи кӯдакон 2013-12-30

Коргоҳҳои нави соҳаи саноати маъдани кўҳӣ ва металлҳои қиматбаҳо 2013-12-30

Таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар соҳаи саноати маъдани кӯҳӣ ва металҳои қимматбаҳо 2013-12-31

Фаъолияти ҶМСП «ТоҷИрон»-и шаҳри Душанбе 2013-12-19

Пешравиҳо дар ҶДММ «Хуаксин Ғаюр семент»-и ноҳияи Ёвон 2013-12-19

Оғози фаъолияти ҶММ «Тоҷис-Эко-чарм» дар Душанбе 2013-12-06

Мулоқот дар вазорат 2013-12-03