Вазорати энергетика ва саноати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

Роҳбалад

Дархости лозимaро ворид кунед

Рӯзҳои таърихии вазорат


Муло#&1179от дар Вазорат

Таърихи рӯз: 2012-07-12

Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар санаи 20-уми июли соли 2012 дар ш.Душанбе (Коҳи Ваҳдат) дар якҷоягӣ бо Котиботи Паймони Нерў баргузории 8-умин ҷаласаи Гурўҳи корӣ вобаста ба ҳамкориҳои минтақавӣ ва энергетикии кишварҳои Осиёи Миёна ва ҷанубии кишварҳои аъзои Паймони Нерў мегузаронад.

Просмотров: 738


Ҷаласаи Комиссияи муштарак

Таърихи рӯз: 2012-07-24

Имрўз дар шаҳри Душанбе ҷаласаи чоруми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Туркманистон оид ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва илмию техникӣ ба кори худ шурўъ намуд. Қисми тоҷикистонии комиссияи мазкурро Вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гул Шералӣ ва ҷониби Туркманистонро Вазири молияи Туркманистон Садиқов Д. роҳбарӣ мекунанд.

Просмотров: 718


Протоколи ҳамкориҳо ба имзо расид

Таърихи рӯз: 2012-07-26

Нимаи аввали имрўз дар шаҳри Душанбе Протоколи ҷаласаи чоруми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Туркманистон оид ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва илмию техникӣ ба имзо расид. Санади мазкурро Вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гул Шералӣ ва Вазири молияи Туркманистон Садиқов Д. ба имзо расониданд.

Просмотров: 735


«Ҷобири Собир» ба фаъолият шурўъ намуд

Таърихи рӯз: 2012-07-27

Бо мусоидати Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ғончии вилояти Суғд корхонаи коркарди санги ороишӣ бо иқтидори солонаи 10 ҳазор м2 аз тарафи ҶДММ «Ҷобири Собир» ба фаъолият оғоз намуд.

Просмотров: 711


Фаъолияти корхонаҳои истихроҷи нафту газ дар ҷумҳурӣ

Таърихи рӯз: 2012-07-27

Фаъолияти корхонаҳои истихроҷи нафту газ дар ҷумҳурӣ

Просмотров: 921


Мулоқот дар Вазорат

Таърихи рӯз: 2012-07-27

Нимаи дуюми имрўз мулоқоти Вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гул Шералӣ бо роҳбари Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ Кристофер Миллер баргузор гардид.

Просмотров: 680


Баргузории ярмаркаи фурўши маҳсулотҳои мактабӣ

Таърихи рӯз: 2012-07-31

Пагоҳ 1 августи соли ҷорӣ, бо ибтикори Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон кушодашавии ярмаркаи фурўши маҳсулотҳои мактабии истеҳсолкунандагони ватанӣ баргузор мегардад. Дар ярмарка-намоишгоҳ маҳсулоти истеҳсоли корхонаҳои ватанӣ барои мактаббачагон дар маъраз ва ҳамчунин барои фурўш гузошта мешавад. Дар назар аст, ки дар он корхонаҳои зерини шаҳри Душанбе бо пешниҳоди маҳсулотҳои худ иштирок меварзанд: ҶММ «Ёқут - 2000» - шиму костюм, куртаҳои писарона, куртаҳои духтарона, курткаҳо, сарафанҳо, сумкаҳои мактабӣ ва галстукҳои гуногуни бачагона, ҶСП «Гулистон» - куртаҳои пахтагин, ҳамчунин либосҳои гуногуни бачагона ва духтарона, ҶММ «ИИ Нассоҷии Тоҷик» - либосҳои гуногуни мактабӣ, ҶСШК «Нафиса» - ҷўробу пайпоқҳои гуногун, ҶММ «Пойафзоли чармӣ» - пойафзолҳо барои мактаббачагон.

Просмотров: 741

Ахбори рӯз

Мулоқот дар вазорат 2014-04-28

Кӯмаки навбатӣ ба хонаи кӯдакон 2013-12-30

Коргоҳҳои нави соҳаи саноати маъдани кўҳӣ ва металлҳои қиматбаҳо 2013-12-30

Таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар соҳаи саноати маъдани кӯҳӣ ва металҳои қимматбаҳо 2013-12-31

Фаъолияти ҶМСП «ТоҷИрон»-и шаҳри Душанбе 2013-12-19

Пешравиҳо дар ҶДММ «Хуаксин Ғаюр семент»-и ноҳияи Ёвон 2013-12-19

Оғози фаъолияти ҶММ «Тоҷис-Эко-чарм» дар Душанбе 2013-12-06

Мулоқот дар вазорат 2013-12-03