Вазорати энергетика ва саноати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

Роҳбалад

Дархости лозимaро ворид кунед

Рӯзҳои таърихии вазорат


Кўмаки навбатӣ ба Хонаи кўдакон

Таърихи рӯз: 2012-09-04

Бахшида ба муносибати 21-умин солгарди Рўзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тарбиятгирандагони Хонаи кўдакони деҳаи Танобчии ноҳияи Темурмалик ба маблағи 12000 (дувоздаҳ ҳазор) сомонӣ маводи хўрока, либосу пойафзол ва молҳои ниёзи аввалия, аз қабили нахўд, марҷумак (гречка), лўбиё, шакар, макарон, гўшту биринҷ, равған, пиёз, сабзиву картошка, шири қоқ, орд, чой, наск, каду, намудҳои гуногуни собун, айна, курткаи замистона ва ғайра кўмак расонида шуд.

Просмотров: 751


Нақшаи солонаи ангишт иҷро шуд

Таърихи рӯз: 2012-09-05

Корхонаҳои соҳаи ангишт, нақшаи солонаи ангиштро дар ҷумҳурӣ (нақшаи солона 220000,0тн.) пеш аз мўҳлат иҷро намуданд.

Просмотров: 788


Ҷамъомади тантанавӣ

Таърихи рӯз: 2012-09-06

Имрўз дар Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати 21-умин солгарди Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид. Ҷамъомадро муовини Вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадуллоев Хайрулло Амонуллоевич ифтитоҳ намуда, дар аввал оид ба моҳият ва аҳамияти истиқлолият, дастовардҳо, рушду пешрафти ҷумҳурӣ дар марҳилаҳои истиқлолияти ҷумҳурӣ, ҷойгоҳи давлати тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ ва ғайра ибрози назар намуд. Ҳамчунин қайд гардид, ки дар замони истиқлолияти ҷумҳурӣ, бунёди иншоотҳои дорои аҳамияти стратегӣ ва дигар иншоотҳо, аз ҷумла дар соҳаҳои энергетика ва саноат аз дастовардҳои қобили таваҷҷуҳ ба ҳисоб мераванд.

Просмотров: 859


Мулоқот бо намояндагони олмонӣ ва имзои Ёддошти тафоҳум

Таърихи рӯз: 2012-09-07

Нимаи аввали имрўз дар Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохўрии Вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гул Шералӣ бо Директори лоиҳаи байналмилалии Агентии энергетикии олмонии Dena Наргис Вик, роҳбари корхонаи олмонии BAE Batterian GmbH Ян Айсперт ва роҳбари ширкати DPU Investment GmbH-и Олмон Томас Меттин баргузор гардид.

Просмотров: 802


Афзоиши масолеҳи сохтмонӣ дар корхонаҳо

Таърихи рӯз: 2012-09-13

Корхонаҳои соҳаи маводи сохтмони ҷумҳурӣ дар 8 моҳи соли ҷорӣ - 65,2 млн. дона хишт, назар ба ҳамин давраи соли гузашта (23,5 млн. дона зиёд), 456,6 тонна андоваи минералӣ (шпатлевка), (313,6 тонна зиёд), 39,7 ҳазор тонна қуми квартсӣ, (7,1 ҳазор тонна зиёд), 190 ҳазор м2 шиша, (94,7 ҳазор м2 зиёд), 7,5 ҳазор тонна гаҷ, (1,0 ҳазор тонна зиёд), 141,7 тонна ранг истеҳсол карда шудааст.

Просмотров: 932


Имсол «Восили Тобон» ба кор шурўъ кард

Таърихи рӯз: 2012-09-13

Дар ҷумҳурӣ 5 корхонаи гаҷбарорӣ бо фарогирии 103 нафар коргарон фаъолият менамояд. Иқтидори умумии онҳо 60 ҳазор тонна гаҷро дар як сол ташкил медиҳад. Дар 8 моҳи соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ 8207,0 тонна гаҷ истеҳсол карда шудааст, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 593 тонна зиёдтар мебошад.

Просмотров: 859


Истеҳсоли беш аз 65 млн. дона хишт

Таърихи рӯз: 2012-09-14

Имрўзҳо дар ҷумҳурӣ 83 корхонаҳои хурду миёнаи хиштбарорӣ фаъолият дошта, 2235 нафар коргаронро фаро гирифтаанд. То моҳи сентябри соли равон ба ми?дори 65 миллиону 189,5 ҳазор дона хишт истеҳсол шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 23,5 миллион дона хишт зиёд мебошад.

Просмотров: 942


200% ангишт - нисбат ба соли гузашта

Таърихи рӯз: 2012-09-26

Дар асоси барномаву ва чорабиниҳои таҳия ва тасдиқнамудаи Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати рушди соҳаи ангишт, бо назардошти мунтазам зиёд шудани талаботи аҳолӣ, корхонаву муассисаҳо ба ангишт корхонаҳои истихроҷкунанда фаъолияти худро самаранок ба роҳ монда, иҷрои нақшаро то имрўз қариб ду баробар нисбат ба ҳамин давраи соли сипаришуда таъмин намуданд. Қобили қайд аст, ки то санаи 24 сентябри соли равон, корхонаҳои соҳаи ангишт ба миқдори 292250,0 тонна ангишт истихроҷ намудаанд.

Просмотров: 794


Беш аз 300 000 тн. ангишт истихроҷ шуд

Таърихи рӯз: 2012-09-27

Ҳаҷми умумии истихроҷи ангишт то 27 сентябри соли ҷорӣ ба 300 380 тн. расонида шуд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариб 200 %-ро ташкил медиҳад.

Просмотров: 773

Ахбори рӯз

Мулоқот дар вазорат 2014-04-28

Кӯмаки навбатӣ ба хонаи кӯдакон 2013-12-30

Коргоҳҳои нави соҳаи саноати маъдани кўҳӣ ва металлҳои қиматбаҳо 2013-12-30

Таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар соҳаи саноати маъдани кӯҳӣ ва металҳои қимматбаҳо 2013-12-31

Фаъолияти ҶМСП «ТоҷИрон»-и шаҳри Душанбе 2013-12-19

Пешравиҳо дар ҶДММ «Хуаксин Ғаюр семент»-и ноҳияи Ёвон 2013-12-19

Оғози фаъолияти ҶММ «Тоҷис-Эко-чарм» дар Душанбе 2013-12-06

Мулоқот дар вазорат 2013-12-03