Вазорати энергетика ва саноати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

Роҳбалад

Дархости лозимaро ворид кунед

Рӯзҳои таърихии вазорат


Истихроҷи ангишт - бештар нисбат ба даврони шўравӣ

Таърихи рӯз: 2012-10-02

Аввалин маротиба дар таърихи ҷумҳурӣ истихроҷи ангишт ба 314 ҳазор тонна расонида шуд, ки ин яке аз дастовардҳои бузург дар давраи соҳибистиқлолиятии ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад.

Просмотров: 750


Ҷамъомад ба муносибати ҷашни Рўзи забони давлатӣ

Таърихи рӯз: 2012-10-02

Имрўз дар Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Нақшаи кории Комиссияи татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатӣ» оид ба Рўзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомад баргузор гардид.

Просмотров: 822


Содироти маҳсулоти ватанӣ меафзояд

Таърихи рӯз: 2012-10-04

Содироти мол ба хориҷи кишвар яке аз омилҳои пешрафти соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти кишвар маҳсуб меёбад. Инро ба инобат гирифта, корхонаҳои соҳаи маводи сохтмони ҷумҳурӣ фурўши якчанд намуди масолеҳи сохтмониро берун аз кишвар ба роҳ мондаанд.

Просмотров: 758


Фаъолияти корхонаҳои истихроҷи нафту газ дар ҷумҳурӣ

Таърихи рӯз: 2012-10-11

Дар 9 моҳи соли 2012 дар корхонаву муассисаҳои соҳаи истихроҷи нафту газ ба миқдори 9361 ҳаз.м3 гази табиӣ истихроҷ гардида, он ба аҳолию корхонаҳои саноатии шаҳрҳои Қурғонтеппа, Кулоб, қисман ба шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои Ҷ. Румӣ, Сарбанд, Исфараю Конибодом интиқол дода шуд.

Просмотров: 864


Нафти истихроҷшуда коркард мешавад

Таърихи рӯз: 2012-10-12

Дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ аз 22377 тонна нафти истеҳсолшуда 19181,8 тонна (85,7%) дар заводҳои нафтии ватанӣ ҶММ «Шоҳон», ҶСП «Ҳасан ва К», ҶММ «Салоса», ҶММ «Ҷалолӣ», ҶДММ «Нафти Темурмалик», ҶДММ «ТИЕНГ-МА», ҶДММ «ДОН-ФАН» ва ҶДММ «Абадӣ» коркард шуда, аз он ҷумла бензин–776,1 тонна, сўзишвории дизелӣ - 3715,2 тонна, мазут – 8337,6 тн, битум барои сохтмон (БНД 60/90)– 90,6тн, битум барои роҳсозӣ (МГ 40/70) –1424,0 тонна истеҳсол карда шуд.

Просмотров: 920


Маҳсулотҳои нав дар корхонаҳои саноати сабук

Таърихи рӯз: 2012-10-22

Дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ аз ҷониби корхонаҳои соҳаи саноати сабук истеҳсоли намудҳои нави маҳсулот ба роҳ монда шудааст. Аз ҷумла дар ҶММ «Ёқут-2000», дўхтани хаймаҳои ҳарбии (палаткаҳо) андозаҳои гуногун, ки минбаъд истеҳсоли он дар асоси талаботи бозори дохилӣ ва фармоишҳо аз ҷониби мақомотҳои қудратӣ амалӣ мегардад. Ҳамчунин дар як қисми корхона, коргоҳ оид ба истеҳсоли сумкаҳои мактабӣ, сайёҳӣ ва хоҷагӣ ташкил карда шуд, ки мунтазам фаъолият дорад. Дар ҶСП «Гулистон» истеҳсоли халатҳои якбормасрафи тиббӣ (барои ҷарроҳӣ) ба роҳ монда шуда, СИ «Раҳимов» ва корхонаи дўзандагии «Фирўз» - ба истеҳсоли либосҳои варзишӣ (кимано) машғул мебошанд.

Просмотров: 852


Ҷойҳои корӣ дар корхонаҳои саноати сабук

Таърихи рӯз: 2012-10-29

Давоми нўҳ моҳи соли ҷорӣ дар корхонаҳои соҳаи саноати сабук коргоҳҳои зерин сохта ба истифода дода шудаанд, дар маҷмуъ: ҶММ «Ёқут - 2000» - коргоҳ оид ба истеҳсоли сумкаҳо ва парчам, ҶСП «Гулистон» - коргоҳ оид ба истеҳсоли халатҳои якбормасраф, васеъгардонии коргоҳи дўзандагии КВД «Заводи Заря Востока», ҶММ «Бибиҳалима» - оид ба истеҳсоли қолинҳои дастӣ, ҶММ «Фирўз», СИ «Дадобоев», ҶММ «Гулдухтарон», СИ «Асомуддинов», ҶММ «Саодат», ҶММ «Иззат», ҶММ «Сарей», СИ «Орипов», СИ «Оқилова» ва СИ «Раҳимов» оид ба истеҳсоли маҳсулотҳои дўзандагӣ, СИ «Ахмедов» истеҳсоли мебел, СИ «Набиев» ва ҶММ «Муҳаммадинаҷот» оид ба коркарди пўст, ки дар натиҷа зиёда аз 573 ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шуда, айни замон шаҳрвандони маҳаллӣ ба фаъолияти корӣ машғул мебошанд.

Просмотров: 869


Иштироки Вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гул Шералӣ дар Форуми умумиҷаҳонии энергетикӣ

Таърихи рӯз: 2012-10-24

Тавре маълум аст, 23-24 октябри соли ҷорӣ дар ш. Дубайи (АМА) Форуми умумиҷаҳонии энергетикӣ оид ба дастрасӣ ба энергия баргузор гардид.

Дар ин Форум Вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гул Шералӣ иштирок намуда, 23 октябр дар ҷаласаи бахши энергетикӣ, ҳамчунин дар форум рўзи 24 октябр дар мавзўи «Энергетика, рушди устувори нерўи барқи обӣ» баромад намуд.

Форум имрўз кори худро ба анҷом расонид.

Просмотров: 871


Кўмаки навбатӣ ба Хонаи кўдакон

Таърихи рӯз: 2012-10-23

Бо мақсади таъмин бо маводи ғизоӣ ва захираи он дар фасли зимистон аз тарафи Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тарбиятгирандагони Хонаи кўдакони деҳаи Танобчии ноҳияи Темурмалик маводи ғизоӣ – картошка ва пиёз кўмак расонида шуд.

Просмотров: 713


«Суғд семент» - ба фаъолияти худ шуруъ намуд

Таърихи рӯз: 2012-10-29

Имрўз корхонаи сементбарории ҶДММ «Суғд-семент» ба фаъолияти худ оғоз намуд. Дар маросими кушодашавӣ ва ба фаъолияти мунтазам оғоз намудани корхона Вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гул Шералӣ иштирок намуд. Тавре қаблан иттилоъ дода шуда буд, корхонаи сементбарорӣ ба истеҳсоли таҷрибавӣ озмоишии семент рўзи 27 августи соли 2012 оғоз намуда буд. Иқтидори солонаи истеҳсолии марҳилаи аввали корхона 100 ҳазор тонна сементро ташкил дода, айни замон 142 ҷойҳои нави корӣ муҳайё гардидааст. Завод бо маблағгузории сармоягузори ватанӣ бунёд ёфта, таҷҳизоти он бо маблағи 1842000 долл. ИМА аз Ҷумҳурии Халқии Хитой ворид карда шудааст.

Просмотров: 804


Оғози фаъолияти корхонаи пластикии ҶДММ «Суғдпласт»

Таърихи рӯз: 2012-10-29

Имрўз бо иштироки вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Гул Шералӣ дар ноҳияи Б. Ғафуров корхонаи нави ҶДММ «Суғд пласт» оид ба истеҳсоли профилҳои пластикӣ ба фаъолият оғоз кард.

Просмотров: 782


Конфронси рушди иноватсионӣ дар ДТТ

Таърихи рӯз: 2012-10-31

Дар доираи чорабиниҳои Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти тайёр кардани мутахассисон дар ҳамбастагӣ бо Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2011 № 640 «Дар бораи тасдиқи Нақшаи баргузории машваратҳои илмӣ ва илмию техникӣ, конфронсҳо, симпозиумҳо, анҷуманҳо ва семинарҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2012», рўзҳои 2-3 ноябри соли ҷорӣ дар мавзўи «Модели тайёр кардани мутахассисони замони муосир дар самти рушди инноватсионии соҳаҳо» Конференсияи 3-юми байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор мегардад.

Просмотров: 812

Ахбори рӯз

Мулоқот дар вазорат 2014-04-28

Кӯмаки навбатӣ ба хонаи кӯдакон 2013-12-30

Коргоҳҳои нави соҳаи саноати маъдани кўҳӣ ва металлҳои қиматбаҳо 2013-12-30

Таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар соҳаи саноати маъдани кӯҳӣ ва металҳои қимматбаҳо 2013-12-31

Фаъолияти ҶМСП «ТоҷИрон»-и шаҳри Душанбе 2013-12-19

Пешравиҳо дар ҶДММ «Хуаксин Ғаюр семент»-и ноҳияи Ёвон 2013-12-19

Оғози фаъолияти ҶММ «Тоҷис-Эко-чарм» дар Душанбе 2013-12-06

Мулоқот дар вазорат 2013-12-03