Вазорати энергетика ва саноати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

Роҳбалад

Дархости лозимaро ворид кунед

Рӯзҳои таърихии вазорат


Лоиҳаи Созишнома омода карда шуд

Таърихи рӯз: 2012-11-02

Рўзҳои 31 октябр ва 1 ноябри соли 2012 дар бинои Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони Вазорати энергетикаи Федератсияи Россия, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфтушунид оид ба омода намудани лоиҳаи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия ворид намудани маҳсулоти нафтӣ аз Федератсияи Россия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Просмотров: 786


Ҷамъомад бахшида ба Рӯзи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таърихи рӯз: 2012-11-02

Имрӯз, бахшида ба Рўзи Конститутсияи (Сарқонуни)Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид. Ҷамъомадро муовини Вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзуллоев З.Қ. кушода, иштирокчиёни ҷамъомад ва меҳмононро бо Рўзи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод намуд. Ҳамчунин изҳори итминон карда шуд, ки кормандони вазорат, корхонаву муассисаҳои соҳавӣ ҷиҳати татбиқи Сарқонун дар кору фаъоляит ва ҳаёти рузмарраи худ ва аз ин тариқ баҳри баланд бардоштани нишондиҳандаҳои истеҳсолӣ, рушди соҳаҳои иқтисодиёти кишвар ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардуми кишвар саҳм хоҳанд гузошт.

Просмотров: 1495


Фурўши ангишт - 400ҳ.тн

Таърихи рӯз: 2012-11-05

Корхонаҳои соҳаи ангишт дар ҷамъбасти 10 моҳи соли ҷорӣ истихроҷи ангиштро дар ҷумҳурӣ ба 371,5 ҳаз. тонна расонид, ки ин нисбат ба соли 1991, 62,5 ҳазор тонна ва нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригардида +157,5 ҳазор тонна зиёд мебошад. Бояд қайд намуд, ки соли 1991 дар ҷумҳурӣ ба миқдори 309,0 ҳазор тонна ангишт дар як сол истихроҷ гардида буд.

Просмотров: 816


Иштироки бонувони вазорат дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ

Таърихи рӯз: 2012-11-09

Рўзҳои 7-8 ноябри соли ҷорӣ мусобиқаи чумҳуриявӣ оид ба бадбинтон байни бонувони мақомоту идораҳои ҷумҳуриявӣ бахшида ба таҷлили 20-солагии Иҷлосияи 16-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе баргузор гардид. Дар қатори дастаҳои варзишии дигар мақомот дастаи бонувони Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон қувваозмоӣ намуда, дар байни вазорату кумитаҳо ҷои сеюмро ишғол намуданд. Ғолибон бо туҳфаҳои хотиравӣ мукофонида шуданд.

Просмотров: 784


Ҷамъомади тантанавӣ дар вазорат

Таърихи рӯз: 2012-11-15

Имрўз дар Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 20-солагии Иҷлосияи 16-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи васеи кормандони Дастгоҳи марказӣ ва муассисаву корхонаҳои тобеи Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Просмотров: 835


Мулоқот дар Вазорат

Таърихи рӯз: 2012-11-15

Имрўз дар Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохўрии Вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гул Шералӣ бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Белорус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Олга Гаврук баргузор гардид.

Просмотров: 803


Маълумоти лоиҳаи Созишнома оид ба ворид намудани маҳсулоти нафтӣ аз Федератсияи Россия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таърихи рӯз: 2012-11-20

Мақсади Созишнома муайян намудани шартҳои ҳамкории тарафҳо оид ба ворид намудани маҳсулотҳои нафтӣ аз Федератсияи Россия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақоми ваколатдори дикоординасия, фаъолияти назорати иҷрои созишнома, ҳамасола ҳаҷм, вақти омода ва ҳамоҳанг намудани тавозуни интикативии маҳсулоти нафтӣ, ҳалли баҳсҳо, мўҳлати амали Созишнома ва мўҳлати дар амал тадбиқ намудани онро муайян менамояд.

Просмотров: 917


Мулоқоти судманд дар Шоҳигарии Норвегия

Таърихи рӯз: 2012-11-21

20 ноябри соли ҷорӣ Вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гул Шералӣ зимни сафари кориаш ба ш.Ослои Шоҳигарии Норвегия ташриф овард.

Просмотров: 915


Вохўрии судманд дар ш. Вена

Таърихи рӯз: 2012-11-23

22 ноябри соли ҷорӣ Вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гул Шералӣ зимни сафари кории худ ба Пойтахти Федеративии Австрия ш.Вена ташриф овард.

Просмотров: 1007


Ҷамъомад бахшида ба Рўзи Парчами Давлатӣ

Таърихи рӯз: 2012-11-23

Имрўз, дар Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба «Рўзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид. Ҷамъомадро муовини Вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Холов Ҳ.С. ифтитоҳ намуда, иштирокчиёни ҷамъомадро бо «Рўзи Парчами Далатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» табрику муборакбод намуда, зимни табрикоти хеш ў дар бораи арзишҳо ва муқаддасоти миллию давлатӣ, моҳияти парчами давлатӣ ва ғайра ибрози назар кард. Ў ҳамчунин изҳори итминон намуд, ки кормандони вазорат, корхонаву муассисаҳои соҳавӣ баҳри баланд бардоштани нишондиҳандаҳои истеҳсолӣ, рушди соҳаҳои иқтисодиёти кишвар ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардуми кишвар саҳм хоҳанд гузошт.

Дар ҷамъомад ҳамчунин кормандони вазорат, даъватшудагон ва намояндагони зерсохторҳои вазорат иштирок ва баромад намуданд.

Просмотров: 839

Ахбори рӯз

Мулоқот дар вазорат 2014-04-28

Кӯмаки навбатӣ ба хонаи кӯдакон 2013-12-30

Коргоҳҳои нави соҳаи саноати маъдани кўҳӣ ва металлҳои қиматбаҳо 2013-12-30

Таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар соҳаи саноати маъдани кӯҳӣ ва металҳои қимматбаҳо 2013-12-31

Фаъолияти ҶМСП «ТоҷИрон»-и шаҳри Душанбе 2013-12-19

Пешравиҳо дар ҶДММ «Хуаксин Ғаюр семент»-и ноҳияи Ёвон 2013-12-19

Оғози фаъолияти ҶММ «Тоҷис-Эко-чарм» дар Душанбе 2013-12-06

Мулоқот дар вазорат 2013-12-03