Вазорати энергетика ва саноати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

Роҳбалад

Дархости лозимaро ворид кунед

Рӯзҳои таърихии вазорат


Оғози фаъолияти корхонаи заргарӣ дар шаҳри Қўрғонтеппа

Таърихи рӯз: 2013-01-04

Моҳи декабри соли 2012 дар шаҳри Қўрғонтеппа як корхонаи хурди заргарии ҶДММ «Майрамбибӣ» ба истифода дода шуд, ки дар он маҳсулоти заргарӣ аз нуқра бо анъанаҳои халқии тоҷикӣ истеҳсол карда мешавад.

Просмотров: 774


Фаъолияти корхонаҳои соҳаи нафту газ дар соли 2012

Таърихи рӯз: 2013-01-09

Дар соли 2012 дар корхонаҳою муассисаҳои соҳаи истихроҷи нафту газ ба миқдори 10788 ҳаз. м3 гази табиӣ истихроҷ гардида, он ба аҳолию корхонаҳои саноатии шаҳрҳои Қурғонтеппа, Кўлоб, қисман ба шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои Ҷ. Румӣ, Сарбанд, Исфараю Конибодом интиқол дода шуд.

Просмотров: 1010


Мулоқот дар вазорат

Таърихи рӯз: 2013-01-10

Нимаи дуюми имрўз мулоқоти Вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гул Шералӣ бо Намояндаи доимии Бонки Осиёгии Рушд дар ҷумҳурии Тоҷикистон Си. Си. Йю баргузор гардид.

Просмотров: 780


Воридот ва фурўши маҳсулоти нафту газ дар ҷумҳурӣ

Таърихи рӯз: 2013-01-11

Тибқи маълумотҳои мавҷуда дар соли 2012 ҶСК «Тоҷиктрансгаз» мутобиқи шартномаи дутарафаи байни ШС «Узтрансгаз» дар ҳаҷми 132,4 млн. м3 ва ба маблағи 49,5 млн. доллари ИМА гази табиӣ харидорӣ намудааст.

Просмотров: 912


Ёддошти тафоҳум ба имзо расид

Таърихи рӯз: 2013-01-11

Нимаи дуюми имрўз дар Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохўрии Вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гул Шералӣ ва Сафири Созмони Ҳамкорӣ дар Аврупо Ивар Ваки баргузор гардид.

Дар вохўрӣ ҷонибҳо масъалаҳои иҷрои барнома дар соҳаи энергетика бо мақсади мустаҳкам намудани манбаи техникию меъёрӣ дар бахши неругоҳои хурди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва густариш ҳамкорӣ дар бахши энергетикӣ, инчунин таҷдид ва азнавсозии НБО-ҳои хурди амалкунандаро дар мавзеи ноҳияи тобеи ҷумҳурӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.
Пас аз вохўриҳо ва гуфтушунидҳо Меморандум оид ба ҳамкориҳо миёни Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони Ҳамкорӣ дар Аврупо дар соҳаи энергетика ба имзо расонида шуд.

Ҷонибҳо аз натиҷаҳои вохўрӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, ҳамчунин иброз доштанд, ки густариш додани ҳамкориҳои дуҷониба дар ин бахш ба манфиатҳои мутақобилан судманд хоҳад буд.

Просмотров: 800


Фаъолияти корхонаҳои соҳаи ангишт дар соли 2012

Таърихи рӯз: 2013-01-14

Дар соли 2012 истихроҷи ангишт дар ҷумҳурӣ ба 412 ҳазот тонна расонида шуд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2011 175 ҳазор тонна зиёд мебошад.

Просмотров: 829


Мулоқот дар Вазорат

Таърихи рӯз: 2013-01-16

Имрўз дар Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохўрии Вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гул Шералӣ бо намояндагони Ширкатҳои CNPC-и Ҷумҳурии Халқии Хитой, TOTAL-и Фаронса ва ширкати байналмилалии Teтиc – Петролеум Лимитед баргузор гардид.

Просмотров: 755


Мулоқоти корӣ дар Вазорат

Таърихи рӯз: 2013-01-16

Бегоҳирузии 16 январи соли ҷорӣ мулоқоти Вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гул Шералӣ бо Ноиби Президенти Ширкати «China Global new Technology imp. & exp» Ҷаноби Ҷан Ҷи Юэн сармоягузори асосии ҶДММ «Ширкати кўҳӣ саноатии Тоҷикистону Хитой» баргузор гардид.

Просмотров: 834


Имрўз дар Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таърихи рӯз: 2013-01-18

Имрўз дар Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи тадбирҳои амалигардонии Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати вилояти Свердловски Федератсияи Россия мизи мудаввар баргузор гардид. Дар он масъалаҳои вобаста ба тавсеа ва такмили мундариҷа, усул ва воситаҳои ҳамкорӣ дар самтҳои таъминоти илмӣ, методии ташкили корҳои иктишофӣ, геологӣ бо мақсади рушди заминаи ашёи хоми минералӣ ва геоэкологӣ, такмил ва муҷаҳҳазгардонии техникию технологии корҳои иқтишофӣ, истихроҷӣ ва коркарди канданиҳои фоиданок, таъминоти бехатарӣ ҳангоми иҷрои корҳои кўҳӣ – геологӣ, интихоби техникаи мувофиқ ва хизматрасонии техникӣ барои корҳои кўҳӣ аз ҷониби иштироккунандагон мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Просмотров: 883


Мулоқоти корӣ дар Вазорат

Таърихи рӯз: 2013-01-21

Имрўз дар Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохўрии Вазири энергетика ва саноат Гул Шералӣ бо ноиби президенти Ширкати ТВЕА-Ҷаноби Шу баргузор гардид.

Просмотров: 810


Мулоқот дар Вазорат

Таърихи рӯз: 2013-01-21

Нимаи дуюми имрўз дар Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохўрии Вазири энергетика ва саноат Гул Шералӣ бо Сафири Ҷумҳурии Халқии Хитой дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Фан Сян Жун баргузор гардид.

Просмотров: 781


Истеҳсоли маъдан ва металлҳои қиматбаҳо афзуд

Таърихи рӯз: 2013-01-24

Корхонаҳои соҳаи саноати маъдани кўҳӣ ва металлҳои қиматбаҳо дар соли 2012 ба маблағи 1,024 млрд. сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд, ки ин 130,5%-и иҷрои нақша мебошад. Суръати афзоиш назар ба ҳамин давраи соли 2011 - 126,5%-ро ташкил медиҳад.

Просмотров: 1086


Содироти барқ танҳо дар мавсими тобистон

Таърихи рӯз: 2013-01-24

Истеҳсоли нерӯи барқ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2012 16,9 миллиард кВт соат ташкил намуд, ки ин нисбат ба соли 2011 734 млн кВт соат зиёд аст.

Просмотров: 899


Мулоқот дар Вазорат

Таърихи рӯз: 2013-01-25

Нимаи дуюми рўз дар Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохурии Вазири энергетика ва саноати ҳурии Тоҷикистон Гул Шералӣ бо Раиси Шурои Деректорони Ширкати ҶСК «Кайсун Майнинг Корпорейшн» Ҷаноби Чан Неп Ки Джозефа баргузор гардид.

Просмотров: 726


Мулоқот дар вазорат

Таърихи рӯз: 2013-01-28

Имрўз дар Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохурии Вазири энергетика ва саноат Гул Шералӣ бо Директори Иҷроияи котиботи Шўрои байниҳукуматӣ оид ба лоиҳаи CASA-1000 Ҷаноби Томас Брюер баргузор гардид.

Просмотров: 758


Мулоқот дар вазорат

Таърихи рӯз: 2013-01-29

Нимаи дуюми имрўз дар Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гул Шералӣ бо муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Туркманистон Гурбанова Айна Айдогдыевна баргузор гардид.

Просмотров: 771


Кўмаки моддӣ ба кўдакистон

Таърихи рӯз: 2013-01-30

Бо иқдоми Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон КВД «Гўшту шир» ва як қатор корхонаҳои соҳаи коркарди гўшту шир ҶСП «Комбинати гўшту консерва», Комбинати шири Душанбе, Фабрикаи шири «Саодат» ба кўдакистони воқеъ дар ш. Турсунзода кўмаки моддӣ расонида шуд.

Просмотров: 847


Истеҳсол ва содироти маҳсулот афзуд

Таърихи рӯз: 2013-01-31

Корхонаи ҶММ КМ «Силкоат Боя» корхонаи муштарак, дар минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» воқеъ гардида он ба истеҳсоли ранг ва хокаҳои молиданӣ машғул мебошад. Дар соли 2012 корхона ба маблағи 3583,2 ҳазор сомонӣ маҳсулот, аз ҷумла 686,9 тонна андова, 473,1 тонна ранг ва 34,3 тонна таҳранг (грунтовка) истеҳсол намудааст.

Просмотров: 726


Истеҳсоли мех дар корхонаҳои саноатӣ

Таърихи рӯз: 2013-01-31

Дар доираи иқдоми Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати зиёд кардани иқтидорҳои истеҳсолӣ ва истеҳсоли номгўи нави маҳсулот дар корхонаҳои саноатии ҷумҳурӣ истеҳсоли мехи сохтмонӣ ба роҳ монда шуд.

Просмотров: 744

Ахбори рӯз

Мулоқот дар вазорат 2014-04-28

Кӯмаки навбатӣ ба хонаи кӯдакон 2013-12-30

Коргоҳҳои нави соҳаи саноати маъдани кўҳӣ ва металлҳои қиматбаҳо 2013-12-30

Таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар соҳаи саноати маъдани кӯҳӣ ва металҳои қимматбаҳо 2013-12-31

Фаъолияти ҶМСП «ТоҷИрон»-и шаҳри Душанбе 2013-12-19

Пешравиҳо дар ҶДММ «Хуаксин Ғаюр семент»-и ноҳияи Ёвон 2013-12-19

Оғози фаъолияти ҶММ «Тоҷис-Эко-чарм» дар Душанбе 2013-12-06

Мулоқот дар вазорат 2013-12-03