Вазорати энергетика ва саноати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

Роҳбалад

Дархости лозимaро ворид кунед

Рӯзҳои таърихии вазорат


Истеҳсоли маҳсулоти пластмасӣ дар ҷумҳурӣ

Таърихи рӯз: 2013-02-06

Соли 2012 5 коргоҳ ва 5 корхонаҳои истеҳсоли маҳсулоти пластикӣ аз ҷумла: ҶДММ «Равзана пластик» ҶДММ «Стар Пласт», ҶДММ «Альфа Пет», ҶДММ «Суперпласт плюс» ва ҶММ «Суғд Пласт» ба истеҳсоли маҳсулоти пластмассӣ аз қабили профилҳои пластмассӣ, зарфҳои пластмассӣ, плёнкаи полиэтиленӣ, пенопористероли сохтмонӣ, сатил ва тағораҳои полиэтиленӣ, борхалтаҳои полиэтиленӣ қутиҳои пластмасӣ барои рангҳои сохтмонӣ оғоз карданд. Таҷҳизот ва хатҳои технологӣ дар корхонаҳои мазкур насбгардида истеҳсоли Олмон, Австрия, Туркия ва Хитой буда, маҳсулоти истеҳсолии онҳо ба стандартҳо ва меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгў мебошад ва дар бозори дохилӣ рақобатпазир мебошад.

Просмотров: 858


Мулоқоти корӣ дар вазорат

Таърихи рӯз: 2013-02-12

Имрўз дар Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гул Шералӣ бо Сафири фавқулодда ва мухтори навтаъингардидаи Украина дар Тоҷикистон В. Никитюк баргузор гардид.

Просмотров: 808


Сохтмони Комбинати металлургӣ идома дорад

Таърихи рӯз: 2013-02-12

Бо ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ аз тарафи ҶДММ «Комбинати металлургии тоҷикию хитоӣ» аз аввали соли 2011 сохтмони комбинати металлургӣ дар ноҳияи Ҳисор идома дорад.

Просмотров: 987


Ҷамъбасти фаъолияти корхонаву муассисаҳои зертобеи Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2012

Таърихи рӯз: 2013-02-14

Cоли 2012 афзоиши ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ дар ҷумҳурӣ нисбат ба соли 2011 10,4%-ро ташкил дод, ки ин дар муқоиса бо нишондиҳандаҳои дурнамои ҷумҳурӣ, ки афзоиши ҳаҷми маҳсулоти саноатиро дар сатҳи 5,8% пешбинӣ намуда буд, 4,6 фоиз зиёд аст.

Просмотров: 1616


Истеҳсоли маводҳои шўянда дар корхонаҳои ҷумҳурӣ

Таърихи рӯз: 2013-02-15

Соли 2012 дар ноҳияи Ваҳдат тавассути сармоягузорони эронӣ ду корхонаи нави ҶДММ «Тули перс» ва ҶДММ «Алмаз Тиҷорат» ташкил карда шудааст. Дар корхонаҳои номбурда истеҳсоли моеъҳои шустушўии тамғаи «Дарья», «Некс» ва «Ныю» ба роҳ монда шудааст, ки ҳаҷмашон 500 мл ва 750 мл буда, барои шустушўии зарфҳои хўрокхурӣ, оинаи тирезаҳои биноҳо, инчунин автомашинаҳо ба таври васеъ истифода бурда мешавад.

Просмотров: 791


Мусобиқаи варзишӣ дар вазорат

Таърихи рӯз: 2013-02-16

Дар доираи иқдоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба рушди соҳаи варзиш дар ҷумҳурӣ, инчунин ҷиҳати татбиқи Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки зимни мулоқот бо варзишгарони кишвар 20 декабри соли 2010 баён гардиданд, Вазорати энергетика ва саноати ҷТ барои доир намудани мусобиқаҳои варзишӣ пайваста чораҳо меандешад.

Просмотров: 797


Дастовардҳои соҳаи маводи сохтмон аз соли 2006 то соли 2012

Таърихи рӯз: 2013-02-18

Дар зарфи солҳои 2006-2012 дар соҳаи маводи сохтмон 117 корхонаи нави хурду миёнаи саноатӣ бо таъсиси 2721 ҷойҳои нави корӣ сохта ба истифода дода шуд.

Просмотров: 804


Шумораи корхонаҳои истеҳсоли семент меафзояд

Таърихи рӯз: 2013-02-19

Тавре маълум аст, бо дастгирии бевоситаи Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи сентябри соли 2012 дар ноҳияи Мастчоҳ ҶДММ «Суғд семент» корхонаи сементбарорӣ бо иқтидори солонаи 100 ҳазор тонна ба истифода дода шуд, ки дар он 142 нафар бо ҷои нави корӣ таъмин карда шудаанд. Айни замон сохтмони навбати дуюми он бо иқтидори истеҳсолии то 300 ҳазор тонна семент дар як сол пешбинӣ шудааст, оғоз гардидааст.

Просмотров: 925


Рўзи нерўгоҳҳои барқии хурд дар Тоҷикистон

Таърихи рӯз: 2013-02-22

27 феврали соли 2013 бахшида ба «Рўзи нерўгоҳҳои барқии хурд дар Тоҷикистон» дар шаҳри Душанбе дар маҷлисгоҳи Созмони бехатарӣ ва ҳамкорӣ бо Аврупо (ОБСЕ) гузаронидани машварат дар мавзўи «Рўзи нерўгоҳҳои барқии хурд дар Тоҷикистон: таҷриба ва пешравӣ» дар назар дошта шудааст.

Просмотров: 848


Суръати афзоиш беш аз 200%

Таърихи рӯз: 2013-02-22

Дар ҷумҳурӣ вобаста ба мавсими кунунӣ айни замон ҶСШК “Ангишт”, КФ “Шахтаи”Фон-Яғноб” ва минтақаи “Угольный”-и КМ “Анзоб” ба истихроҷ ва коркарди ангишт машғул буда, дар давраи ҳисоботӣ ба миқдори 24600,0 тонна ангишт истихроҷ намудаанд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 13839,0 тонна зиёд ва суръати афзоиш 229 %-ро ташкил медиҳад.

Просмотров: 889


Мулоқоти корӣ дар вазорат

Таърихи рӯз: 2013-02-26

Имрўз дар Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохўрии Вазири энергетика ва санаоти Ҷумҳурии Тоҷикистон Гул Шералӣ бо Намояндаи доимии нави Ташкилоти Оғохон оид ба рушд дар ҷумҳурии Тоҷикистон – Акбар Алӣ Песнанӣ баргузор гардид.

Просмотров: 845


Корхонаҳои коркарди нахи пахта меафзояд

Таърихи рӯз: 2013-02-28

Ҷиҳати иҷрои Нақша – чорабиниҳои «Барномаи коркарди пурраи нахи пахтаи дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсолшаванда барои давраи то соли 2015» аз ҷониби Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон як зумра корҳои назаррас, аз ҷумла таъсиси корхонаҳои нав, ҷорӣ намудани технологияи пешқадами истеҳсолӣ, муҷаҳҳазгардонии корхонаҳои амалкунандаи саноати коркарди нахи пахта ва дар ин асос зиёд намудани ҳаҷми истеҳсол, ҳамчунин афзун намудани номгўи маҳсулоти истеҳсолшаванда, баланд бардоштани сифат ва рақобатпазирии маҳсулот дар бозори дохилию хориҷӣ ва ба ин васила ташкили ҷойҳои нави корӣ ба анҷом расонида шудааст.

Просмотров: 969

Ахбори рӯз

Мулоқот дар вазорат 2014-04-28

Кӯмаки навбатӣ ба хонаи кӯдакон 2013-12-30

Коргоҳҳои нави соҳаи саноати маъдани кўҳӣ ва металлҳои қиматбаҳо 2013-12-30

Таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар соҳаи саноати маъдани кӯҳӣ ва металҳои қимматбаҳо 2013-12-31

Фаъолияти ҶМСП «ТоҷИрон»-и шаҳри Душанбе 2013-12-19

Пешравиҳо дар ҶДММ «Хуаксин Ғаюр семент»-и ноҳияи Ёвон 2013-12-19

Оғози фаъолияти ҶММ «Тоҷис-Эко-чарм» дар Душанбе 2013-12-06

Мулоқот дар вазорат 2013-12-03