Вазорати энергетика ва саноати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

Роҳбалад

Дархости лозимaро ворид кунед

Рӯзҳои таърихии вазорат


Мулоқот дар вазорат

Таърихи рӯз: 2013-05-02

Имрӯз дар Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гул Шералӣ бо намояндаи доимии Бонки Осиёи Рушд Си Си Ю баргузор гардид.

Просмотров: 798


Истеҳсоли маҳсулоти нав дар ҶСШК «Химзавод»

Таърихи рӯз: 2013-05-08

ҶСШК «Химзавод» ҷиҳати ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда дар дохили мамлакат, ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ ва таъмин намудани талаботи бозори дохилӣ ба маҳсулоти арзони истеҳсоли ватанӣ чораҳои заруриро андешида, ба ташкили коргоҳи истеҳсоли намудҳои нави маводҳои таркандаи эмулсионӣ оғоз намудааст, ки то ба имрӯз корҳои ҷамъу васлкунии дастгоҳу таҷҳизотҳои зарурӣ тақрибан 80% ба иҷро расидааст.

Просмотров: 877


Конфронс-инкишофи инноватсионӣ

Таърихи рӯз: 2013-05-08

Имрӯзҳо дар тамоми муассисаҳои таълимии зертобеи Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои қарору дастурҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба баргузории конфронсҳо, симпозиумҳо ва машваратҳои илмию амалӣ ва ҷумҳуриявӣ чораҳои зарурӣ амалӣ мегарданд.

Просмотров: 862


Баррасии Паём дар муассисаҳои таълимии зертобеи вазорат

Таърихи рӯз: 2013-05-08

Муассисаҳои таълимии зертобеи Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯзҳо оид ба баррасии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рӯзи 26 апрели соли 2013 ироа гардида буд, тадбирҳо андешида, як қатор чорабиниҳои муҳим, суҳбатҳои судмандро бо иштироки васеи устодон ва донишҷӯён баргузор намуд.

Просмотров: 770


ХИБ дар Шибансой

Таърихи рӯз: 2013-05-10

Рӯзи 5 майи соли 2013 дар деҳаи Шибансойи ноҳияи Данғара хати интиқоли барқи 6 кВ сохта ба истифода дода шуд.

Просмотров: 811


Фаъолияти Корхонаи воҳиди давлатии «Гӯшту шир»

Таърихи рӯз: 2013-05-11

Корхонаҳои КВД «Гӯшту шир» дар чор моҳи аввали соли 2013, мувофиқи маълумотҳо ба маблағи 11 591 009 сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда, пешкаши аҳолӣ намуданд, ки ин 123,2% - ро ташкил намуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2 179 832 сомонӣ зиёд мебошад.

Просмотров: 1162


Оғози фаъолияти боз як корхонаи пӯст

Таърихи рӯз: 2013-05-11

Аз тарафи соҳибкорони ватанӣ дар якҷоягӣ бо сармоягузорони Ҷумҳурии Халқии Хитой, дар шаҳри Ваҳдат корхонаи коркарди ашёи хом-пӯст бо иқтидори истеҳсолии 150 ҳазор дона дар як сол ба роҳ монда шуд. Корхонаи мазкур аз моҳи апрели соли 2013 ба фаъолият шуруъ намуда, 30 нафар шаҳрвандони маҳаллӣ бо ҷойҳои нави корӣ таъмин гардидаанд.

Просмотров: 901


Конфронс дар ДТТ баргузор гардид

Таърихи рӯз: 2013-05-14

Донишгоҳи технологии Тоҷикистон тайи солҳои охир ҳамчун шарики фаъол дар як қатор лоиҳаҳо ҳамкорӣ дар чаҳорчӯбаи барномаи таълимотии TEMPUS-и Итиҳоди Аврупо ширкат меварзад, ки онҳо ба раванди баланд бардоштани сифати таҳсилот ва мутобиқкунонии барномаҳои таълимии ихтисосҳои донишгоҳ ба барномаи таълимии сатҳи аврупоӣ, инчунин такмили маҳорати педагогӣ ва малакаи касбии ҳайати омӯзгорони донишгоҳ равона гардидаанд.

Просмотров: 888


Варақаи иттилоотӣ

Таърихи рӯз: 2013-05-15

Нимаи дуюми имрӯз дар Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади беҳбудӣ бахшидан ба фаъолияти истеҳсолии корхонаҳои дӯзандагӣ дар бобати ба роҳ мондани дӯхти сару либосҳои мактабӣ мутобиқ ба талабу дархости муассисаҳои таҳсилоти умумӣ тибқи намунаҳои муқаррарии тасдиқгардида, бо иштироки роҳбарону мутахассисони корхонаҳои саноатии дӯзандагӣ ва масъулини шуъбаҳои маорифи шаҳри Душанбе семинар-машварат баргузор гардид.

Просмотров: 810


Чорабиниҳо дар Филиали ДТТ дар шаҳри Исфара

Таърихи рӯз: 2013-05-17

Дар Филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара як қатор чорабиниҳо гузаронида шуд.

Просмотров: 1098


Мусобиқаи варзишӣ дар вазорат

Таърихи рӯз: 2013-05-18

Дар доираи иқдоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба рушди соҳаи варзиш дар ҷумҳурӣ, инчунин ҷиҳати татбиқи Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки зимни мулоқот бо варзишгарони кишвар 20 декабри соли 2010 баён гардиданд, Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои доир намудани мусобиқаҳои варзишӣ пайваста чораҳо меандешад.

Просмотров: 882


Донишҷӯёни тоҷик дар Русия

Таърихи рӯз: 2013-05-24

Конфронси илмӣ – амалии байналмилалӣ, ки рӯзҳои 17-18 майи соли 2013 дар мавзуи «Тайёр намудани мутахассисони рақобатпазири бозори меҳнат дар шароити ҳамгироии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии хориҷи кишвар ва Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо иштироки Ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Кӯлоб, муовини аввали Вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони муассисаҳои таълимии шаҳрҳои Москва, Санкт Петербург, Рибинск дар доираи васеи олимону профессорони дохилу хориҷи кишвар ва роҳбарони як қатор муассисаҳои олӣ доир шуд, дар сатҳи баланди илмию сиёсӣ ва фарҳангӣ ташкил гардида, ба иштирокчиён таассуроти амиқ гузошт.

Просмотров: 823


«Рӯзи дарҳои кушод» барои довталабон

Таърихи рӯз: 2013-05-24

Бо мақсади ҷалби довталабон барои соҳаи энергетикаи кишвар дар Коллеҷи энергетикии ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ, рӯзи 25 майи соли 2013 «Рӯзи дарҳои кушод» эълон гардидааст.

Просмотров: 928


Вазири энергетика ва саноат дар нахустин Форуми энергетикии Осиё ва Уқёнуси Ором

Таърихи рӯз: 2013-05-31

Имрӯз, 30 майи соли 2013 Вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гул Шералӣ дар нахустин Форуми энергетикии Осиё ва Уқёнуси Ором суханронӣ кард.

Просмотров: 1059


Дастовардҳои энергетика ва саноат дар тӯли солҳои 2006-2013

Таърихи рӯз: 2013-05-11

Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми ноябри соли 2006 №9 «Дар бораи такмили сохтори мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар заминаи Вазорати саноат ва Вазорати энергетика таъсис дода, ба зиммаи вазорати навтаъсис вазифаҳои ду вазорати мазкур ва вазифаҳои вобаста ба саноати хӯроквории Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор гардид.

Просмотров: 1462

Ахбори рӯз

Мулоқот дар вазорат 2014-04-28

Кӯмаки навбатӣ ба хонаи кӯдакон 2013-12-30

Коргоҳҳои нави соҳаи саноати маъдани кўҳӣ ва металлҳои қиматбаҳо 2013-12-30

Таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар соҳаи саноати маъдани кӯҳӣ ва металҳои қимматбаҳо 2013-12-31

Фаъолияти ҶМСП «ТоҷИрон»-и шаҳри Душанбе 2013-12-19

Пешравиҳо дар ҶДММ «Хуаксин Ғаюр семент»-и ноҳияи Ёвон 2013-12-19

Оғози фаъолияти ҶММ «Тоҷис-Эко-чарм» дар Душанбе 2013-12-06

Мулоқот дар вазорат 2013-12-03