Вазорати энергетика ва саноати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

Роҳбалад

Дархости лозимaро ворид кунед

Рӯзҳои таърихии вазорат


Мулоқот дар вазорат

Таърихи рӯз: 2013-08-15

Имрӯз 15 августи соли ҷорӣ мулоқоти Вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гул Шералӣ бо Вазири молияи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳазрат Умар Зохилвол, Раиси идораи роҳи оҳани Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ямо Шамс ва Сафири Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуғаффор Орзу баргузор гардид.

Просмотров: 727


13 корхонаи маводи сохтмон дар 7 моҳ

Таърихи рӯз: 2013-08-19

Дар моҳҳои январ - июли соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ 4,9 ҳазор тонна оҳак (назар ба ҳамин давраи соли гузашта 3,9 ҳазор тонна зиёд), 56,3 млн. дона хишт (9,6 млн. дона зиёд), 347,8 ҳазор м3 қуму шағал (170,4 ҳазор м3 зиёд), 5,2 млн. дона хишти сементӣ (1,4 млн. дона зиёд), 22,1 ҳазор м3 оҳану бетони васлшаванда (6,3 ҳазор м3 зиёд) истеҳсол шудааст. Дар ин давра ҳаҷми истеҳсоли семент бе назардошти ҶСК «Тоҷиксемент» 29,0 ҳазор тоннаро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 12,7 ҳазор тонна зиёд буда 178%-ро ташкил медиҳад.

Просмотров: 836


Мулоқотҳо дар Кохи Сомон

Таърихи рӯз: 2013-08-21

Дар доираи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи об дар Кохи Сомони Бустонсарои ҳукуматӣ вохӯрии Вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гул Шералӣ бо намояндагони ҳайати як қатор кишварҳо ва созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла ҷониби Украина таҳти сарпарастии Вазири экология ва захираҳои табии Украина О. Прусяков, муовини Вазири нерӯи Ҷумҳурии Исломии Эрон Алиризо Доимӣ, муовини аввали Вазири энергетика ва оби Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Шуҷовуддин Зиёӣ, Дабири кулли Паймони Нерӯ Урбан Руснак ва Директори иҷроияи Ассотсиатсияи байналмилалии гидроэнергетикӣ Ричард Тейлор баргузор гардид.

Просмотров: 919


Афзоиши истихроҷи ангишт 56 ҳазор тонна

Таърихи рӯз: 2013-08-27

Дар арафаи ҷашни 22-солагии соҳибистиқлолияти ҷумҳурӣ, ҳамчунин «Рӯзи ангиштканон» истихроҷи ангишт дар ҷумҳурӣ 236 ҳазор тоннаро ташкил дод, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригардида 56 ҳазор тонна зиёд мебошад.

Просмотров: 742


Оғози фаъолияти ҶДММ «Хуаксин-Ғаюр-семент»

Таърихи рӯз: 2013-08-29

Имрӯз маросими расмии кушодашавии ҶДММ «Хуаксин-Ғаюр-семент» бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон доир гардид.

Просмотров: 1140

Ахбори рӯз

Мулоқот дар вазорат 2014-04-28

Кӯмаки навбатӣ ба хонаи кӯдакон 2013-12-30

Коргоҳҳои нави соҳаи саноати маъдани кўҳӣ ва металлҳои қиматбаҳо 2013-12-30

Таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар соҳаи саноати маъдани кӯҳӣ ва металҳои қимматбаҳо 2013-12-31

Фаъолияти ҶМСП «ТоҷИрон»-и шаҳри Душанбе 2013-12-19

Пешравиҳо дар ҶДММ «Хуаксин Ғаюр семент»-и ноҳияи Ёвон 2013-12-19

Оғози фаъолияти ҶММ «Тоҷис-Эко-чарм» дар Душанбе 2013-12-06

Мулоқот дар вазорат 2013-12-03