Вазорати энергетика ва саноати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

Роҳбалад

Дархости лозимaро ворид кунед

Рӯзҳои таърихии вазорат

ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ 20- СОЛАГИИ ДОНИШКАДАИ СОҲИБКОРӢ ВА ХИЗМАТ

Дата: 2011-11-10

10 ноябри соли 2011 дар Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Тоҷикистон Конференсияи ҷумҳуриявӣ бахшида ба 20- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 20- солагии Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат дар мавзӯи "Рушди соҳибкорӣ ва хизмат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи истиқлолият" баргузор гардид.

Меҳмонон қабл аз оғози конференсия донишкадаро дидан карданд ва бо буридани лентаҳо китобхона ва толори маҷлисгоҳи Гимназияи донишкада, факултети низоми технологияи иттилоотӣ дар иқтисодиёт, чопхонаи Маркази иттилоотӣ - иртиботии Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат ба фаъолият оғоз намуданд.

Ректори донишкада, профессор Комилов Файзалӣ Саъдуллоевич ба кори конференсия ҳусни оғоз бахшида, маърӯа кард. Мавсӯф дар маърӯзааш ба ҳозирин муваффақиятҳои ба даст овардаи донишкадаро тӯли 20- соли сипаришуда иброз дошт ва ҳозиринро бо ин ҷашни фархунда табрику таҳният гуфт. Пасон, Комилов Ф.А., ёдовар шуд, ки конференсия дар Рӯзи байналмилалии илм ба хотири сулҳ ва тараққиёт, ки аввалин бор соли 1999 дар Конференсияи илмии байналмилалӣ дар Будапешт пешниҳод гардида буд ва ЮНЕСКО расман 63зи байналмилалии илмро соли 2011 қабул намуда, эълон дошт, баргузор мегардад.

Мудири шӯъбаи илм ва маорифи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои филологӣ, профессор Нозимов А., муовини вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадуллоев Х.А., раиси шӯрои ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ректори Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон Саидов Н., раиси федератсияи иттифоқҳои касабаи озоди Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳов М., аввалин ректори Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат Умаров Ҳ.У., намояндагони дигар ташкилоту созмонҳо оид ба дастовардҳои Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат сухан гуфта, ҳамагонро самимона табрик намуданд.

Дар бахшҳои конференсия дар мавзӯъҳои "Рушди соҳибкорӣ дар даврони истиқлолияти давлатӣ", "Моли ва қ дар соҳаи соҳибкорӣ", "Масълаҳои инкишофи муҳосибот, аудит ва таҳлил", "Масъалаҳои иҷтимоӣ - сиёсӣ", "Муаммоҳои рушди иқтисодӣ дар иқтисоди бозорӣ", "Технологияи иттилоотӣ ва риёзиёт", "Забонҳои хориҷӣ ва методҳои таълим" ва ғайра олимон бо маърӯзаҳои пурмазмун баромад карданд. Дар охири кори конференсия ҳисоботи роҳбарони бахшҳо шунида шуд ва қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.

11 ноябр конференсия бо иштироки вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонов А.А. кори худро идома бахшид. Мӯҳтарам Раҳмонов А.А. дар маърузаи пурмӯҳтавояш, ки ҳамаи ҷабҳаҳои соҳаи маорифро дар бар гирифт, ба донишҷӯён таъкид намуд, ки хубу аъло таҳсил намоянд, аз дониҳои технологияи инноватсионӣ бархурдор бошанд ва се забон - давлатӣ, русӣ ва англисиро ҳатман аз бар намоянд. Баъд барномаи фарҳангии ансамбли "Соҳибкор"- и Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат хотири ҳозиринро шод гардонид.

Просмотров: 1731

Ахбори рӯз

Мулоқот дар вазорат 2014-04-28

Кӯмаки навбатӣ ба хонаи кӯдакон 2013-12-30

Коргоҳҳои нави соҳаи саноати маъдани кўҳӣ ва металлҳои қиматбаҳо 2013-12-30

Таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар соҳаи саноати маъдани кӯҳӣ ва металҳои қимматбаҳо 2013-12-31

Фаъолияти ҶМСП «ТоҷИрон»-и шаҳри Душанбе 2013-12-19

Пешравиҳо дар ҶДММ «Хуаксин Ғаюр семент»-и ноҳияи Ёвон 2013-12-19

Оғози фаъолияти ҶММ «Тоҷис-Эко-чарм» дар Душанбе 2013-12-06

Мулоқот дар вазорат 2013-12-03