Вазорати энергетика ва саноати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

Роҳбалад

Дархости лозимaро ворид кунед

Рӯзҳои таърихии вазорат

Ҷамъбасти фаъолияти корхонаву муассисаҳои зертобеи Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2012

Дата: 2013-02-12

Cоли 2012 афзоиши ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ дар ҷумҳурӣ нисбат ба соли 2011 10,4%-ро ташкил дод, ки ин дар муқоиса бо нишондиҳандаҳои дурнамои ҷумҳурӣ, ки афзоиши ҳаҷми маҳсулоти саноатиро дар сатҳи 5,8% пешбинӣ намуда буд, 4,6 фоиз зиёд аст.

Аз рўи маълумоти фаврӣ, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар соли ҳисоботӣ 9 млрд. 797,5 млн. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2011 ба маблағи 926,7 млн. сомонӣ зиёд мебошад.
Вобаста ба ин рушди саноат ғайр аз шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ (99,3% аз ҳисоби шаҳри Турсунзода) дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ таъмин гардида, афзоиши ҳаҷми истеҳсоли саноатӣ дар ВМКБ 10,4%, вилоятҳои Суғд 15,7%, Хатлон 15% ва шаҳри Душанбе 3,3%-ро ташкил дод.
Дар корхонаҳои системаи Вазорати энергетика ва саноат дар ин давра ба маблағи 3 млрд. 433,7 млн.сомонӣ, нисбат ба соли 2011 603,3 млн.сомонӣ зиёд маҳсулот истеҳсол гардида, суръати афзоиш ба 121,3% расонида шуд.

Энергетика

Дар давраи ҳисоботӣ истеҳсоли нерўи барқ дар ҷумҳурӣ 16 млрд. 952,5 млн.кВт.соатро ташкил дод, ки ин нисбат ба соли 2011 733,9 млн.кВт соат зиёд буда, суръати афзоиш 104,5% таъмин карда шуд. Бо истифодаи мунтазами хатти интиқоли барқи байни Тоҷикистону Афғонистон имкониятҳои содироти нерўи барқ зиёд шуда, соли 2012 қариб 600 млн. квт/соат, ба маблағи беш аз 21 млн. доллар содирот карда шуд.
Соли ҳисоботӣ дар НБО-и “Варзоб-1” ва НБО-и “Сарбанд, корҳои азнавсозӣ ба анҷом расонида, иқтидори НБО-и “Варзоб-1” 2 МВт ва иқтидори НБО-и НБО-и “Сарбанд ” 10 МВт зиёд карда шуданд.
Дар давраи ҳисоботӣ боз 17 адад НБО-ҳои хурд бо иқтидори умумии 1 806,5 кВт. сохта, шумораи умумии онҳо ба 282 адад бо иқтидори умумии 25 214,2 кВт. расонида шуд. Имрўзҳо сохтмони боз 14 адад НБО-и хурд идома дорад.
Соли гузашта ҳамчунин ба оилаҳои камбизоат, муассисаҳои тиббӣ ва маорифи ноҳияҳои Варзоб, Ванҷ, Ишкошим, Рӯшон, Дарвоз, Шуғнон, Роштқалъа, А.Ҷомӣ ва Фархор 1200 адад таҷҳизотҳои барқдиҳандаи офтобӣ дастрас карда шудааст.
Ҷиҳати суръат бахшидан ба татбиқи лоиҳаи CASA – 1000 гурӯҳҳои кории назди Шўрои байниҳукуматии лоиҳа таъсис дода шуда, моҳе як маротиба тариқи видеоконференсия ва як маротиба дар се моҳ мустақиман ҷаласаҳо гузаронида мешаванд. Шарти асосии маблағгузории лоиҳа аз ҷониби донорҳо, ба имзо расонидани Шартномаи хариду фурӯши байни кишварҳои аъзои лоиҳа мебошад. Дар назар аст, ки пас аз имзои Шартномаи мазкур, маблағгузории корҳои лоиҳакашӣ ва сохтмонӣ оғоз меёбад.
Дар соли сипаришуда ҷиҳати амалӣ намудани корҳои сохтмонию барқарорсозии соҳаҳои энергетика ва саноати ҷумҳурӣ як қатор корҳо ба анҷом расонида шуд. Аз он ҷумла, дар НБО «Сангтўда-2», баъд аз ворид намудани миқдори зарурии таҷҳизотҳо, иҷрои корҳои сохтмонию васлгарии агрегати дуюм идома доранд ва мувофиқи ҷадвал агрегати дуюми нерўгоҳ то Иди Наврўз ба кор дароварда мешавад.
Дар доираи барқарорсозии дастгоҳи кушодаи 220 кВ-и НБО-и Норак, иваз намудани таҷҳизотҳо пурра ба маблағи 22 млн. евро ба анҷом расонида шуд. Дар баробари ин корҳои азнавбарқарорсозии дастгоҳи кушодаи 500 кВ-и НБО-и Норак ба маблағи 66,9 млн. доллари моҳи август оғоз ёфт.

Соли 2012 корҳои омодагии татбиқи лоиҳаи сохтмони ХИБ 220 кВ-и Қайроққум-Ашт ва Геран-Румӣ анҷом ёфта, сохтмон аввали соли 2013 оғоз меёбад. Дар соли сипаришуда истихроҷи ангишт дар ҷумҳурӣ 411,8 ҳазор тоннаро ташкил дод, ки ин нисбат ба соли 2011 175,1 ҳазор тонна зиёд аст.
Фурўши ангишт бо назардошти бақия 444 ҳазор тоннаро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2011 қариб 2 баробар зиёд аст. Имрўзҳо 154 корхонаю муассисаҳои соҳаҳои саноат ва хоҷагии коммуналии ҷумҳурӣ фаъолияташонро бо истифода аз ангишт ба роҳ мондаанд.
Ҳоло дар соҳаи кашф, истихроҷ ва коркарди нафту гази ҷумҳурӣ ҶСК «Газпром-Зарубежнефтегаз», ширкати «Кулоб Петролеум Лимитед», ширкати муштараки тоҷикистониву швейсариягии ҶМСП «Сомон Ойл», ширкати тоҷикистониву австриягӣ ҶМММ «Петролеум Суғд» фаъолият доранд.
Соли 2012 дар чоҳи №16 майдони “Маҳрам” чуқурии он ба 4 440 метр ва дар майдони Сариқамиш чуқурии чоҳ 5563 метр расонида, инчунин корҳои сейсмоиктишофӣ дар масоҳати 946 км тӯлонӣ гузаронида шудааст. Корҳо дар ин самт идома доранд.
Дар баробари ин дар ноҳияи Шаҳринав корхона бо иқтидори коркарди 100 ҳазор тонна нафт сохта шуда истода, кисми аввали он барои коркарди 50 ҳазор тонна нафт омодаи кор аст.

Саноат

Дар соли сипаришуда 5,5 баробар зиёд будани ҳаҷми маҳсулоти саноати коркард нисбат ба саноати истихроҷ, гувоҳи он аст, ки сиёсати стратегии давлат дар соҳаи саноат, дар самти баланд бардоштани дараҷаи коркарди ашёи хоми маҳаллӣ то маҳсулоти ниҳоӣ дуруст интихоб ва амалӣ гардида истодааст.
Дар соли сипаришуда низ, раванди сохтмони корхона ва истеҳсолотҳои нав идома ёфта, дар ҷумҳурӣ 120 корхонаҳои баланси мустақилдоштаи нав ва корхонаҳое, ки соли 2011 фаъолият надоштанд, аз ҷумла дар системаи Вазорат 88 корхона, ба кор дароварда, дар ҷумҳурӣ беш аз 12000, аз ҷумла дар системаи Вазорат беш аз 8300 ҷойҳои корӣ ташкил ва барқарор карда шуданд.
Аз ин 8701 ҷойҳои нави корӣ ба 332 корхона ва коргоҳҳои нав, ки соли 2012 дар доираи иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №175 аз 21 апрели соли 2012 «Дар бораи тасдиқи Нақшаи амал оид ба таъсисёбии корхонаҳои саноатӣ дар солҳои 2012-2013» таъсис дода шудаанд, рост меояд.
Бояд зикр намуд, ки вазни қиёсии маҳсулоти содиротшуда аз маҷмуи маҳсулоти истеҳсолгардидаи соҳаҳои алоҳидаи саноат, аз ҷумла корхонаҳои нассоҷӣ, дӯзандагӣ, коркарди чарм, кашбофӣ, маҳсулоти тайёри металлӣ, маъданҳои кӯҳӣ, маводи сохтмон, консервабарорӣ афзуда, фаъолияти корхонаҳои соҳа дар самти содирот устувор гардида истодааст.
Дар маҷмӯъ, дар соли ҳисоботӣ, содироти корхонаҳои системаи Вазорати энергетика ва саноат беш аз 1 млрд. 129 млн. сомониро ташкил дод. Айни замон дар соҳаҳои саноати ҷумҳурӣ 11 барномаҳои соҳавӣ амалӣ гардида истодааст.
Дар доираи иҷрои Нақшаи чорабиниҳои «Барномаи рушди саноати сабук дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2015», «Барномаи коркарди пурраи нахи пахтаи дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсолшаванда барои давраи то соли 2015» дар соҳаи саноати сабук 77 корхонаю коргоҳҳо сохта ба истифода дода, 2346 ҷойҳои нави корӣ ташкил гардиданд. Корхонаҳои ресандагии кишвар 10245 тонна нахи пахтаро коркард намуданд, ки нисбат ба соли 2011 1967 тонна зиёд буда, суръати афзоиш 123,8% таъмин карда шуд.
Суръати афзоиши истеҳсоли риштаи пахтагин низ, бо афзоиши 1671,1 тонна 123,8% таъмин карда шуд. ҶСП «Ресмон», ҶММ «Спитамен -Текстайл», ҶММ «Авесто - 2010», ҶСК «Фаррес» ва корхонаи давлатии «Пўст» - и ноҳияи Данғара, ки муддати тўлонӣ бо сабабҳои гуногун аз фаъолият бозмонда буданд, давоми соли 2012 ба фаъолият оғоз намуда, 474 ҷойҳои корӣ барқарор карда шуданд. Бо мақсади рушди саноат дар минтақаҳои кӯҳистон, дар ноҳияи Балҷувон як корхонаи нави истеҳсолӣ ба истифода дода шуд, ки он бо дастгоҳҳои замонавӣ ҷиҳозонида, дар як баст барои 60 нафар занону духтарони маҳаллӣ ҷойҳои нави корӣ муҳайё гардидааст.
Дар баробари таъмини суръати афзоиш дар соҳаи коркарди нахи пахта, соли 2012 се корхонаҳои соҳа: ҶММ «Замин -Текстил», ҶС «Эҳё», ва ҶС «Самар» умуман фаъолият накарданд, ки ин дар маҷмўъ ба раванди иҷрои Барномаи соҳа таъсири манфӣ расонд. Дар доираи иҷрои Нақшаи чорабиниҳои «Барномаи коркарди пурраи ашёи хоми чорво (пўст ва пашм) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2015» коргоҳу корхонаҳои нав дар шаҳрҳои Конибодом ва Қайроққум оид ба коркарди пўст ба истифода дода шуд, ки айни ҳол мунтазам фаъолият доранд.
Давоми соли 2012 аз ҷониби корхонаҳои соҳа 1 млн. 70 ҳазору 828 дона пўсти чорвои шохдори калон ва хурд ё 32 266 дона зиёд коркард гардид. Соли 2012 дар ноҳияи Мурғоб як коргоҳ оид ба коркарди ашёи хоми чорво бо иқтидори коркарди 2 ҳазор дона пўст ва 7 тонна пашм дар як сол таъсис дода шуд.
Тибқи «Барномаи рушди заргарӣ, коркарди сангҳои қиматбаҳо ва ороишӣ барои солҳои 2009-2015», айни замон аз 10 корхонаи сохтмонашон пешбинишуда, 8-адад, аз он ҷумла соли 2012 корхонаҳои заргарӣ ва коркарди санг ҶСК «Равшан» дар шаҳраки Консой ва ҶДММ «Майрабибӣ» дар шаҳри Қурғонтеппа таъсис дода шуданд.
Корхонаҳои соҳаи саноати маъдани кўҳӣ ва металлҳои қиматбаҳо дар соли 2012 ба маблағи 1 млрд. 25 млн. сомонӣ маҳсулот, аз ҷумла 2400,9 кг тилло (160 кг зиёд) ва 1767,9 кг нуқра (3,9 кг зиёд) истеҳсол намуданд. Ҷиҳати боз ҳам хубтар ба роҳ мондани истеҳсолоти соҳаи маъдани кӯҳӣ, соли 2012 зиёда аз 400,7 млн. сомонӣ cармояи хориҷӣ ворид карда шуд.
Сохтмони коргоҳи поксозии тилло ва нуқра дар ҶДММ КМ «Зарафшон» пурра ба анҷом расида, айни замон корҳои санҷишии хатти технологӣ ва пур кардани хатти технологӣ рафта истодааст. Тибқи нақша ба таври расмӣ коргоҳ моҳи марти соли 2013 пурра мавриди истифода қарор дода мешавад. Иловатан дар корхона корҳои заминӣ барои сохтмони фабрикаи бойгардонии маъдан бо иқтидори 10000 тн маъдан дар як шабонарўз идома дорад.
Ҳоло қисми таҷҳизот ва техникаи кўҳӣ барои коргоҳи мазкур дар ҳаҷми 45% ворид шудааст. Ширкат барои зиёд намудани ҳаҷми маҳсулот, тибқи нақша тасмим гирифтааст, ки дар солҳои 2012-2016 ба маблағи 200 млн. доллар сармоягузорӣ намояд.
Ҳамчунин бо ҷалби маблағҳои сармоявӣ омода намудани асосноккунии иқтисодӣ-техникии коргоҳи холискории мис ба анҷом расонида мешавад.
Корхонаи истеҳсоли хоки қалъагӣ ва мис аз ҷониби ҶДММ «Броадтек». Фаъолияти Ширкати «Броадтек» аз моҳи апрели соли 2011 оғоз гардида, корҳои сохтмонии фабрикаи бойгардонӣ, азхудкунии кони «Мушкистон» ба роҳ монда, то имрўз барои корҳои сохтмонӣ ва таҷҳизотҳо 20 млн. сомонӣ истифода шудааст. Ширкат боз иловатан ҷалби 20 млн. сомониро ба нақша гирифтааст. Иқтидори фабрикаи бойгардонии коркарди маъдани кони «Мушкистон», 300 тн/дар як шабонарўз ё 100 тн маъдан дар як сол мебошад. Маблағи умумии лоиҳаи мазкур 100 млн. сомониро ташкил дода, ифтитоҳи корхона дар семоҳаи чоруми соли 2013 ба нақша гирифта шудааст.
Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рафти сафари корӣ ба ноҳияи Ховалинг, Артели заршуии «Одина» тасмим гирифтааст, ки моҳи августи соли 2013 сохтмони мактаб-интернатро бо хобгоҳаш барои 320-нафар, ошхона ва толори варзишӣ, бинои коргоҳи заргарӣ, бинои коргоҳи коркарди гиёҳҳои шифобахш, бинои хушкашўӣ, бинои дегхона ва коргоҳи нонпазӣ дар деҳаи Шугновро ба истифода диҳад. ҳоло корҳои сохтмонӣ ба охир расида, корҳои ороишию рангуборкунӣ рафта истодааст.
Барои сохтмони иншоотҳои дар боло номбаршуда корхона айни замон 20 млн сомонӣ хароҷот намудааст. Тибқи нақша шумораи кормандон дар коргоҳи заргарӣ ва коркарди гиёҳҳои шифобахш зиёда аз 40 нафарро ташкил мекунад.
Баистифодадиҳии фабрикаи нави бойгардонии ҶСК «Тагоб» бо истеҳсоли маҳсулоти ниҳоии хокаи флюорит тибқи нақша дар моҳи майи соли 2013 ба нақша гирифта шудаааст. Корҳои сохтмони фабрикаи бойгардонӣ 80% ба анҷом расонида шудааст.
Соли сипаришуда дар саноати маводи сохтмон 70 корхона бо 1512 ҷойҳои нави корӣ, аз ҷумла дар системаи вазорат 34 корхона бо 923 ҷойҳои нави корӣ мавриди истифода қарор гирифт. Дар давраи ҳисоботӣ аз рўи маълумоти пешакӣ, истеҳсоли хишт, тахтасанг, гаҷ, шишаи сохтмонӣ, бомпӯш, маводи ғайримаъданӣ, оҳак ва дигар маводи сохтмонӣ афзуд.
Соли 2012 дар шаҳри Чкаловск корхонаи коркарди санг- ҶДММ «Элегант» бо иқтидори солонаи 3,5 ҳазор м2 дар як сол ва дар ноҳияи Мастчоҳ ҶДММ «Суғд семент»-и бо иқтидори солонаи истеҳсоли 100 ҳазор тонна семент ба фаъолият оғоз намуданд.
Корхонаҳои истеҳсоли хишт, қуму шағал, оҳакбарорӣ, коркарди санг ва гаҷбарорӣ дар ноҳияҳои Ҷ. Расулов, Мӯъминобод, Ҳисор, Рўдакӣ, Турсунзода, Данғара, Ваҳдат, Хуросон, Ғончӣ, Чкалов ва Исфара ба фаъолият сар карданд. Дар соҳаи саноати мошинсозӣ, саноати мудофиа ва химия дар соли 2012 истеҳсоли молҳои воридотивазкунанда, аз ҷумла мех, электрод, симтўр, маводи шўянда, маҳсулотҳои пластмассӣ, дару тирезаҳо, зарфҳо ва профилҳои пластикӣ ба роҳ монда шуд.
Айни замон дар миқёси ҷумҳурӣ 60 корхонаҳои хурду миёнаи коркарди пораву партовҳои металлҳои сиёҳ ва ранга, 14 корхона ва 3 коргоҳи коркарди пластмасса фаъолият намуда, симҳои металлӣ, арматураи сохтмонии ғафсиашон гуногун, кунҷакҳои металлӣ, қубур, плёнка, борхалта, зарф, сарпўш, яшикҳои пластмассӣ, варақаи пластикӣ ва дигар молҳои ниёзи мардум истеҳсол намуда истодаанд.
Аз аввали соли 2012 12 корхонаи соҳа трансформаторҳо, маводҳои таркандаи саноатӣ, арматура, кунҷак ва плитаҳои алюминиро ба маблағи 13,3 млн. сомонӣ ба хориҷа содир намуданд, ки назар ба соли 2011 3,5 млн.сомонӣ зиёд мебошад.
Ягона барномае, ки татбиқи амалии он ба мушкилиҳо дучор шудааст, ин «Барномаи коркард ва истеҳсоли маҳсулоти тайёр аз алюминийи аввалия барои солҳои 2007-2015» мебошад, ки сабабаш дастрасии номунтазам ба ашёи хом (алюминий) мебошад. ҳаҷми коркарди алюминий дар соли 2012 36200 тонна пешбинӣ шуда, ҳаҷми воқеии алюминийи коркардшуда 18825 тонна кам мебошад.
Моҳи марти соли сипаригардида дар Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботи Вазорати энергетика ва саноат «Дар бораи рушди саноати хўрокворӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» шунида, вобаста ба он қарори дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шудааст.
Дар давраи ҳисоботӣ, дар соҳаи саноати хўрокворӣ 89 корхонаҳои нав бо 1522 ҷойҳои нави корӣ бунёд гардида, шумораи умумии онҳо қариб ба 700 адад расидааст. Ёдовар мешавем, ки аз рўи маълумоти расмии омор, соли 1991 дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ 94 корхонаи саноати хўрокворӣ мавҷуд буд.
Ҷаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноати хӯрокворӣ низ тамоили устувори рушд пайдо намуда, соли 2012 дар ин соҳа ба маблағи 3 млрд. 642,1 млн. сомонӣ истеҳсол шудааст, ки 37,2%-и маҳсулоти умумии саноатиро ташкил медиҳад.
Тайи солҳои охир аксар корхонаҳое, ки технологияи кўҳна доштанд ва ё дастгоҳҳояшон фарсуда шуда буд, бо технология ва дастгоҳҳои муосир ҷиҳозонида шуданд.
Солҳои охир яке аз масъалаҳои ҳалталаби соҳа ин таъмин намудани корхонаҳо бо зарфҳо буд.
Соли гузашта баъди ба истифода дода шудани корхонаи дуюми истеҳсоли зарфҳои шишагин дар шаҳри қайроққум, корхонаҳои коркард, ки солиёни зиёд аз норасогии зарфҳо душворӣ мекашиданд, пурра бо зарфҳо таъмин гардида, 61,7 млн. қуттии шартӣ консерваи меваю сабзавот истеҳсол намуданд.
Бо мақсади аз фаъолияти мавсимӣ ба фаъолияти доимӣ гузаронидани корхонаҳои консервабарорӣ, дар давраи фаровонии меваю сабзавот корхонаҳои коркард қайла истеҳсол намуда, онро дар фасли зимистон ҳамчун ашёи хом барои истеҳсоли шарбат истифода мебаранд. ҳаҷми қайлаи ба 1 январи соли 2013 захирашуда тақрибан барои истеҳсоли 40 миллион қуттии шартӣ мерасад.
Дар корхонаҳои соҳаи гӯшту шир зиёда аз 45 намуд маҳсулоти ширӣ ва 50 намуд маҳсулоти ҳасибӣ истеҳсол ва пешкаши шаҳрвандон шуда истодааст.

Просмотров: 1897

Ахбори рӯз

Мулоқот дар вазорат 2014-04-28

Кӯмаки навбатӣ ба хонаи кӯдакон 2013-12-30

Коргоҳҳои нави соҳаи саноати маъдани кўҳӣ ва металлҳои қиматбаҳо 2013-12-30

Таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар соҳаи саноати маъдани кӯҳӣ ва металҳои қимматбаҳо 2013-12-31

Фаъолияти ҶМСП «ТоҷИрон»-и шаҳри Душанбе 2013-12-19

Пешравиҳо дар ҶДММ «Хуаксин Ғаюр семент»-и ноҳияи Ёвон 2013-12-19

Оғози фаъолияти ҶММ «Тоҷис-Эко-чарм» дар Душанбе 2013-12-06

Мулоқот дар вазорат 2013-12-03