Вазорати энергетика ва саноати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

Роҳбалад

Дархости лозимaро ворид кунед

Рӯзҳои таърихии вазорат

Таҷҳизоти технологӣ (ПГ НВК)

Каталог ба тарғиби васеъи маҳсулоти дар корхонаҳои саноатии мамлакат истеҳсолшаванда, ҷалб намудани харидории дохилӣ ва хориҷӣ ба истифодаи маҳсулоти саноатӣ, муаррифии иқтидорҳои истеҳсолӣ ҷиҳати тавлиди маҳсулоти дорои рақобат дар бозори дохил ва хориҷи мамлакат, шартномабандии доду гирифти маҳсулот, инчунин вусъати шарикиҳо дар самти ҳамкорӣ барои азхудкунии истеҳсолоти нав нигаронида шудааст.

Барои шиносоӣ бо Каталог метавонед ба суроғаи TECNOLOGE-18@mail.ru муроҷиат намоед.
Шӯрои илмӣ - техникии Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ҳамкориҳои байнидавлатии илмӣ - техникӣ вобаста ба истифодаи дастовардҳои илмӣ - техникии соҳаи саноати кӯҳӣ технологияи бо усули гравитатсионӣ аз ҷисмҳои кӯҳӣ дар конҳои тиллои пошхӯрда ҷудо намудани тиллоро (дастоварди тадқиқотчиёни Руссия) барои татбиқ намудан дар истеҳсолот тавсия намуд.
Технологияи мазкур нисбат ба усули гидроэлеваторӣ (обшӯи) ҷудо кардани тилло самарабахш буда, маҳсулнокиро то 15% зиёд менамояд.
Ин таҷҳизоти технологӣ (ПГ НВК) бештар барои корхонаҳои хурду миёнаи заршӯӣ қуллай мебошад.
Маълумоти маҳдуд оид ба технологияи ПГ НВК дар суроғаи TECNOLOGE-18@mail.ru ҷой дода шудааст ва Шумо метавонед онро дастрас намоед.
Шӯрои илмӣ - техникии Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи истифодабарии конҳои ангишти ҷумҳуриро ҳамчун ашёи химиявӣ ва технологӣ баррасӣ намуда, ба хулосаҳои зерин мувофиқ гардид.

Имрӯз дар комплекси энергетикӣ ва саноатии Тоҷикистон дар қатори масъалаҳои ҳалталаб ба монанди навсозии инфраструктура, такмили технология, барқарорсозии иқтидорҳои ғайрифаъол проблемаи ба истеҳсолот ворид намудани захираҳои арзони ашёи хоми дохилӣ яке аз мавқеъҳои намоёнро ишғол менамояд. Бояд таззакур дод, ки дар ин робита истифодабарии ангишти конҳои Тоҷикистон ҳамчун ашёи технологӣ ва химиявӣ дар комплекси саноатӣ, ки захираи калон ва намудҳои гуногуни он дар ҷумҳурӣ маҳфуз мебошад, аз манфиат холӣ набуда, дар ҳолати ба роҳ мондани истеҳсолоти саноатӣ он ба иқтисодиёти мамлакат самараи калон ба бор меоварад.

Сузишвориҳои маъданӣ ва пайвастагиҳои химиявии онҳо ашёи асосӣ дар истеҳсолоти маҳсулотҳои органикӣ ва ғайриорганикӣ ба ҳисоб мераванд. Аз қатронҳои ангишт то 60 адад намуди маҳсулот истеҳсол намудан мумкин аст. Дар ин раванд омӯзишу тадқиқотҳои солҳои каблӣ ҷиҳати хусусиятҳои ашёи хом доштани ангишти конҳои Шӯроб, Фон-Яғноб, Кштут-Зауран, Назар-Айлоқ, Зиддӣ ва дигарҳо гузаронида шуда, барои ба роҳ мондани комплекси истеҳсолоти саноатии онҳо пешниҳодҳо ирсол гардидаанд.

Масалан ангишти кони Шӯроб асосан ҳамчун сӯзишворӣ барои нерӯгоҳҳои барқӣ гармидиҳӣ (ТЭЦ) истифода бурда мешавад. Бо назардошти он, ки эҳтиёҷоти вилояти Суғд бо энергияи барқ калон аст, бунёд намудани нерӯгоҳҳои гармидиҳи-барқӣ, (ТЭЦ, ГРЭС) бо истифода аз ангишти Шӯроб ба мақсад мувофиқ мебошад. ҳамзамон бинобар дар таркиби ин ангишт мавҷудияти зиёди елими кислотагӣ истифодаи он дар истеҳсоли нуриҳои минералӣ тавсия дода мешавад. ғайр аз ин бо пешниҳоди олимони Институти химияи АИ ҷТ аз ин ангишт ҳосил кардани моддаҳои рангкунанда барои саноати бофандагӣ мумкин аст.

Тадқиқотҳои пурраи технологӣ ва химикӣ истифодабарии ангишти кони Фон-Яғнобро барои истеҳсол намудани сӯзишвории кокси бо сифати баланд фарқкунанда аз дигар намудҳои, ангишт ки соҳаҳои металлургия, ҳамчунин энергияи технологӣ истифода мешавад муайян намуданд. Истифодаи кокси ангишти кони Фон-Яғноб дар рушди соҳаи металлургия, хусусан дар заминаи кони маъдани оҳани Чакадам-Булоқ манфиатовар мебошад.
ҳангоми коксонидани 1 млн.тонна ангишти кокс 65000 т. бензол, 2000 т. нафталин, 300 т. маҳсулоти сохтмонӣ (ксилит) ҷудо гардида истеҳсол мегардад. қатронҳои ҳангоми коксонидан ҷудошуда ҳамчун ашё дар истеҳсолоти пластмасс, рангҳо, нахҳои синтетикӣ ва доруворӣ истеҳсоли карбид ва сианиди калсий истеҳсоли сӯзишвории моеъ истифода бурда мумкин аст. Аз ин ҷиҳат дар заминаи кони ангишти Фон- Яғноб сохта ба истифода додани корхонаи коксу химиявӣ боиси дастгирӣ мебошад.

Ангишти гуруҳи конҳои маъдани минтақаи Панҷакент устувории зиёд надошта тез ва ба осонӣ хока мегардад, таркибаш аз сулфур бой аст, аммо бойгардонии он ба осонӣ муяссар мегардад Дар таркиби он минералӣ пирит мавҷуд аст, ки он барои истеҳсолоти кислотаи сулфат истифода бурда мешавад. Аз хокистари ин ангишт ҷудо намудани металлҳои галлий, германий, молибден ва дигар металлҳои нодир имконият дорад. Тадқиқотҳо инчунин барои истеҳсоли карбиди калсий истифода бурдани ангишти кони Кштут-Зауринро тасдиқ намудаанд.

Яке аз нодиртарин ашёи технологӣ ва химиявӣ ин ангишти кони Назар-Айлоқ ба шумор меравад, ки аз антрасиди холис иборат мебошад. Нишондиҳандаҳои сифатии ин ангишт аз он шаҳодат медиҳанд, ки аз он ба даст овардани сӯзишвории моеъ имконият дорад. Тадқиқотҳо намуданд, ки антрасит ҳамчун маводи пуркунанда дар истеҳсоли электрод, ашёи маҳсулоти бутабандӣ дар печҳо, дар истеҳсолоти блокҳои бетонии карбондори ба гармӣ тобовар , термоантрасид ва ғайраҳо истифода кардан мумкин мебошад.
Дар конҳои Зиддӣ истифодаи комплексии ангишт ва хокаи ба оташ тобоварӣ каолин вуҷуд дорад, ки он барои истеҳсолоти чиниворӣ ашёи аввалиндараҷа мебошад.

Ахбори рӯз

Мулоқот дар вазорат 2014-04-28

Кӯмаки навбатӣ ба хонаи кӯдакон 2013-12-30

Коргоҳҳои нави соҳаи саноати маъдани кўҳӣ ва металлҳои қиматбаҳо 2013-12-30

Таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар соҳаи саноати маъдани кӯҳӣ ва металҳои қимматбаҳо 2013-12-31

Фаъолияти ҶМСП «ТоҷИрон»-и шаҳри Душанбе 2013-12-19

Пешравиҳо дар ҶДММ «Хуаксин Ғаюр семент»-и ноҳияи Ёвон 2013-12-19

Оғози фаъолияти ҶММ «Тоҷис-Эко-чарм» дар Душанбе 2013-12-06

Мулоқот дар вазорат 2013-12-03