Вазорати энергетика ва саноати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

Роҳбалад

Дархости лозимaро ворид кунед

Рӯзҳои таърихии вазорат

Оғози фаъолияти ҶММ «Тоҷис-Эко-чарм» дар Душанбе

Таъризи рӯз: 2013-12-06

Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва татбиқи нақшаву чорабиниҳои худ ҷиҳати таъсису барқарорсозии корхонаҳои саноатӣ ва ташкили ҷойҳои корӣ мунтазам тадбирҳои мушаххас меандешад.

Ҳамчунин дар доираи нақшаи чорабиниҳои «Барномаи коркарди пурраи ашёи хоми чорво (пӯст ва пашм) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2015» корхонаи коркарди ашёи хоми чорво (пӯст) то маҳсулоти ниҳоӣ (чармӣ тайёр ) таъсис дода шуд . Корхонаи мазкур фаъолияти истеҳсолии худро аз моҳи сентябри соли 2013 дар шаҳри Душанбе оғоз намудааст. Ҳамчунин барои ба роҳ мондани фаъолияти ин корхонаи навтаъсис ҷалби мутахассисони Олмонӣ ба мушоҳида мерасад.

Айни ҳол дар ҶММ «Тоҷис -Эко – чарм » истеҳсоли маҳсулотҳои гуногун, аз қабили ҷузвдонҳои (сумкаҳои) занона, курткаҳои мардона, сарпӯши мардона (кепка) ва дастпӯшакҳои чармӣ ба таврӣ таҷрибавӣ ба роҳ монда шудааст.

Шуъбаи котиботи Вазорати саноат
ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таваҷӯҳ: 6324

Ахбори рӯз

Мулоқот дар вазорат 2014-04-28

Кӯмаки навбатӣ ба хонаи кӯдакон 2013-12-30

Коргоҳҳои нави соҳаи саноати маъдани кўҳӣ ва металлҳои қиматбаҳо 2013-12-30

Таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар соҳаи саноати маъдани кӯҳӣ ва металҳои қимматбаҳо 2013-12-31

Фаъолияти ҶМСП «ТоҷИрон»-и шаҳри Душанбе 2013-12-19

Пешравиҳо дар ҶДММ «Хуаксин Ғаюр семент»-и ноҳияи Ёвон 2013-12-19

Оғози фаъолияти ҶММ «Тоҷис-Эко-чарм» дар Душанбе 2013-12-06

Мулоқот дар вазорат 2013-12-03