Вазорати энергетика ва саноати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

Роҳбалад

Дархости лозимaро ворид кунед

Рӯзҳои таърихии вазорат

Пешравиҳо дар ҶДММ «Хуаксин Ғаюр семент»-и ноҳияи Ёвон

Таъризи рӯз: 2013-12-19

29-уми сентябри соли 2013 бо иштироки Сарвари давлат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корхонаи ҶДММ «Хуаксин Ғаюр семент»-и ноҳияи Ёвон бо иқтидори солонаи 1,0 миллион тонна бомаблағи 100 миллион доллари ИМА ба фаъолият оғоз намуд.

Сохтмони корхонаи мазкур 15-уми сентябри соли 2013 таҳти ҳамкории муштараки ҶДММ «Ғаюр»-и ноҳияи Ёвон ва ширкати хитойии «Хуаксин Сентрал Эйша Инвестмент» оғоз гардид.

Айни замон корхона фаъолияти мунтазам дошта, ҳамарӯза 2-2,5 ҳазор тонна сементи хушсифати ватанӣ истеҳсол карда истодааст. Аз оғози фаъолият то 1-уми декабри соли 2013 корхона 227,5 ҳазор тонна семент бо маблағи 93,1 миллион сомонӣ истеҳсол намудааст. Тамғаи сементи истеҳсолшаванда М-400 ва М-500 мебошад. Бо истифода аз технологияи муосир хароҷоти ангишт ба як тонна клинкери истеҳсолшуда 140-160 кг-ро ташкил медиҳад.

Оғози фаъолияти корхонаи ҶДММ «Хуаксин Ғаюр семент» боиси бо ҷои кори доимӣ таъмин гардидани 534 нафар гардид, ки аз ин шумора 80%-ро коргарони маҳаллӣ ташкил медиҳад.

Завод бо 75% сармояи ширкати хитойӣ ва 25% сармояи ҶДММ «Ғаюр»-и ноҳияи Ёвон сохта шудааст.

Мавриди зикр аст, ки барои истеҳсоли семент дар корхонаи мазкур аз кони оҳаксанги «Пусхур» (захирааш 80 миллион тонна), гилхоки «Дарагӣ» (31 миллион тонна) ва гаҷсанги «Чормағзак» (2.2 миллион тонна) истифода бурда мешавад.

Бояд қайд кард, ки баъди ба фаъолият оғоз кардани корхонаи бузурги сементбарории ҶДММ «Хуаксин Ғаюр семент» истеҳсоли сементи ватанӣ афзуда, нархи 1 киллограмми он дар бозори дохилӣ аз 1,2 ба 0,8 сомонӣ паст фаромад.

Шуъбаи котиботи
Вазорати саноат
ва технологияҳои нави
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таваҷӯҳ: 6396

Ахбори рӯз

Мулоқот дар вазорат 2014-04-28

Кӯмаки навбатӣ ба хонаи кӯдакон 2013-12-30

Коргоҳҳои нави соҳаи саноати маъдани кўҳӣ ва металлҳои қиматбаҳо 2013-12-30

Таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар соҳаи саноати маъдани кӯҳӣ ва металҳои қимматбаҳо 2013-12-31

Фаъолияти ҶМСП «ТоҷИрон»-и шаҳри Душанбе 2013-12-19

Пешравиҳо дар ҶДММ «Хуаксин Ғаюр семент»-и ноҳияи Ёвон 2013-12-19

Оғози фаъолияти ҶММ «Тоҷис-Эко-чарм» дар Душанбе 2013-12-06

Мулоқот дар вазорат 2013-12-03