Вазорати энергетика ва саноати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

Роҳбалад

Дархости лозимaро ворид кунед

Рӯзҳои таърихии вазорат

Таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар соҳаи саноати маъдани кӯҳӣ ва металҳои қимматбаҳо

Таъризи рӯз: 2013-12-31

Дар доираи нақшаву чорабиниҳои Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати бунёди корхонаҳои нави соҳавӣ, азнавсозии корхонаҳо, истеҳсоли маҳсулоти нав, воридоти техника ва технологияи муосир ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар соҳаи саноати маъдани кӯҳӣ ва металлҳои қиматбаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2013 як қатор корҳои мушаххас ба сомон расонида шудааст.

Дар ин давра тибқи маълумотҳои пешакии солонаи соҳаи саноати кӯҳӣ зиёда аз 8326 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд, аз ҷумла, соҳаи истихроҷи металлҳои қиматбаҳо 4852 нафар, металлҳои ранга дар намуди хока 3206 нафар ва соҳаи заргарӣ ва коркарди сангҳои ороишӣ 268 нафар буда, ба ҳисоби миёна музди меҳнат дар як моҳ 1587,1 сомониро ташкил мекунад.

Шумораи ҷойҳои нави корӣ ва барқароршуда дар соли 2013 дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2012 ба ҳисоби умумӣ 1609 ададро ташкил менамояд. Аз ин шумор дар ҶДММ КМ «Зарафшон» 407 нафар, ҶДММ КМ «Апрелевка» 104 нафар, ҶДММ Пакрут 272, ҶДММ “Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону-Хитой” 349 нафар, ҶДММ “Баракати истиқлол” 88 нафар фаъолият мекунанд. Музди миёнаи меҳнат дар умум нисбат ба соли 2012- 300 сомонӣ зиёд гаштааст.

Ҷиҳати ташкили ҷойҳои нави корӣ, дар асоси Нақшаву чорабиниҳо аз 21 октябри соли 2011, № 14/10 - 30 дар доираи амалӣ намудани дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Артели заршӯии “Одина” якчанд коргоҳҳои хурду миёна сохта ба истифода дода шуд.

Шуъбаи котиботи Вазорати саноат ва
технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таваҷӯҳ: 6655

Ахбори рӯз

Мулоқот дар вазорат 2014-04-28

Кӯмаки навбатӣ ба хонаи кӯдакон 2013-12-30

Коргоҳҳои нави соҳаи саноати маъдани кўҳӣ ва металлҳои қиматбаҳо 2013-12-30

Таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар соҳаи саноати маъдани кӯҳӣ ва металҳои қимматбаҳо 2013-12-31

Фаъолияти ҶМСП «ТоҷИрон»-и шаҳри Душанбе 2013-12-19

Пешравиҳо дар ҶДММ «Хуаксин Ғаюр семент»-и ноҳияи Ёвон 2013-12-19

Оғози фаъолияти ҶММ «Тоҷис-Эко-чарм» дар Душанбе 2013-12-06

Мулоқот дар вазорат 2013-12-03