Вазорати энергетика ва саноати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

Роҳбалад

Дархости лозимaро ворид кунед

Рӯзҳои таърихии вазорат

Кӯмаки навбатӣ ба хонаи кӯдакон

Таъризи рӯз: 2013-12-30

Дар арафаи фарорасии Соли нави мелодӣ Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон барои 120 нафар тарбиятгирандагони Хонаи кӯдакони деҳаи Танобчии ноҳияи Темурмалик ба маблағи 10 000 (даҳ хазор) сомонӣ маводи хӯрока ва молҳои ниёзи аввалия аз қабили гӯшт, орд, шири хушк, марҷӯмак (гречка), перловка, наск, картошка, пиёз, сабзӣ, себ, мандарин, биринҷ, равған, 2 навъ собун, айна ва амсоли инҳо кӯмак расонид. Ҳамчунин ба кудакон 120 дона тӯҳфаи солинавӣ тақдим карда шуд.

Ин иқдом дар доираи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12.01.2008 № АП-467 оид ба расонидани кӯмаки доимии моддию молиявӣ ба маъюбону пиронсолон, иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, оилаҳои камбизоат, хона-интернатҳо ва муассисаҳои иҷтимоӣ охирин набуда, мунтазам амалӣ хоҳад гашт.

Шуъбаи котиботи Вазорати саноат ва
технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таваҷӯҳ: 6218

Ахбори рӯз

Мулоқот дар вазорат 2014-04-28

Кӯмаки навбатӣ ба хонаи кӯдакон 2013-12-30

Коргоҳҳои нави соҳаи саноати маъдани кўҳӣ ва металлҳои қиматбаҳо 2013-12-30

Таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар соҳаи саноати маъдани кӯҳӣ ва металҳои қимматбаҳо 2013-12-31

Фаъолияти ҶМСП «ТоҷИрон»-и шаҳри Душанбе 2013-12-19

Пешравиҳо дар ҶДММ «Хуаксин Ғаюр семент»-и ноҳияи Ёвон 2013-12-19

Оғози фаъолияти ҶММ «Тоҷис-Эко-чарм» дар Душанбе 2013-12-06

Мулоқот дар вазорат 2013-12-03