Вазорати энергетика ва саноати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

Роҳбалад

Дархости лозимaро ворид кунед

Рӯзҳои таърихии вазорат

КОНИ АНГИШТИ КОКСАШАВАНДАИ ФОН-ЯҒНОБ

Кони ангишти Фон-Яғноб дар ҳудуди ноҳияи Айнии вилояти Суғд дар масофаи 130 км аз тарафи Шимолу-Ғарбии ш. Душанбе ҷойгир шудааст. Кони ангишт дар масофаи 24 км қад-қади дарёҳои Яғноб ва Фон-Дарё тӯл кашида ва нишебии қаторкӯҳҳои Зарафшон ва Ҳисорро дар баландии 1600-3600 м аз сатҳи баҳр ишғол кардааст. Дар ғафсии қабатҳои ангиштдори давраи юра зиёда аз 50 қабат ва зерқабатҳои ангишт ошкор карда шудаанд, ки аз инҳо 16-тоаш дорои иқтидор корӣ мебошанд.

Кони ангишт хеле ҷолиби диққат мебошад: ангишти кон баландсифати коксашавандаи навъӣ Г (газовый)- газдор ва ГЖ (газовый-жирный) - газдор-равғандор. Захираи дурнамо зиёда аз 0,9 млрд. тонна ва тарозӣ қарибии 400 млн. тонна. Кони ангишти коксшавандаи Фон-Яғноб пешсафи саноати ангишти ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад. Кони анигшт аз соли 1983-ӯм аз тарафи шахтаи ҳамном коркард мешавад. То имрӯз истихроҷи ангишт бо тарзи нақбӣ (штольневым) ба миқдори маҳдуд вобаста ба кам будани талабот ба ангишт ва ҳолати душвори иқтисодии корхона, бурда мешавад.

Истихроҷи максималии ангишт ба ҳаҷми зиёда аз 50 ҳаз. тонна соли 1988-ӯм расида буд. Солҳои охир ангишт ба ҳаҷми 8-10 ҳаз. тонна истихроҷ карда мешаваду халос. Системаи коркард – камерӣ-сутуни (камер¬но-столбовая)-и ангиштканӣ бо усули тарконидани чоҳ (буровзрывным способом). Аз 18 қабати кори ангишт 5-то қабат дорои хусусият баланди коксшавӣ мебошад, ки гудозишро бо воситаи омехтаи хуногун талаб менамояд. Захираи ангишти дигар қабатҳо ашъёи хуби энергетикӣ мебошанд. Иқтидори қабатҳо аз 1,0 то 14,5 метр мерасад.
Лоиҳаи сохтмони карьери «ШарҚӣ» («Восточный») бо иқтидори 315 ҳаз. тонна ангишт дар як сол таҳия карда шудааст. Мумкин аст, ки истихроҷи ангишт то 1200 ҳаз. тонна дар як сол зиёд карда шавад.

ТАВСИФИ СИФАТИИ
АНГИШТСАНГИ КОНИ «ФОН-ЯҒНОБ»

Нишондодҳо

Миқдор

Намнокӣ

0,35-1,88 %

Хокистарнокӣ

3,99-24,54 %

Сулфури умумӣ

0,1-1,96 %

Моддаҳои хориҷшаванда

23,11-36,90 %

Ҳарорати сӯзиш

7936-8463 ккал/кг (33,43,35,43 МҶ/кг)

Карбон

80,43-86,82 %

Гидроген

4,73-6,10 %

Нишондоди пластоматерӣ

х=22"42 мм; у=0"11 мм

Сумма витрена

42,6-71,6 %

Ахбори рӯз

Мулоқот дар вазорат 2014-04-28

Кӯмаки навбатӣ ба хонаи кӯдакон 2013-12-30

Коргоҳҳои нави соҳаи саноати маъдани кўҳӣ ва металлҳои қиматбаҳо 2013-12-30

Таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар соҳаи саноати маъдани кӯҳӣ ва металҳои қимматбаҳо 2013-12-31

Фаъолияти ҶМСП «ТоҷИрон»-и шаҳри Душанбе 2013-12-19

Пешравиҳо дар ҶДММ «Хуаксин Ғаюр семент»-и ноҳияи Ёвон 2013-12-19

Оғози фаъолияти ҶММ «Тоҷис-Эко-чарм» дар Душанбе 2013-12-06

Мулоқот дар вазорат 2013-12-03