Вазорати энергетика ва саноати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

Роҳбалад

Дархости лозимaро ворид кунед

Рӯзҳои таърихии вазорат

КОНИ АНИГШТИ САЙЁД

Кони ангишти дар масофаи 67 км дуртар аз тарафи Шимолу-Шарқии ш. Душанбе дар қисми Ҷанубу-Ғарбии қаторкӯҳои Қаротегини ноҳияи Ваҳдат, дар 10 км-и тарафи шарқии пос. Ромит дар баландии 1500-2300 метр ҷойгир шудааст.
Дар қабатҳои ангиштдори давраи юра як қабати саноатии ангишти «М» мавҷуд аст, ки иқтидораш ба 1,1-17,8 метр мерасад. Кунҷи афтиши қабат 180-250 мувофиқи нишебии майдон. Майдони конро қабати гилхоки ғафсиаш 0,5-20,0 метр пӯшонидааст. Дар натиҷаи корҳои ҷустуҷӯи-баҳодиҳии аввали соли 1990-ӯм гузаронидашуда минтақаи на онқадар калони кон омӯхта шуда захираҳои баҳисобгирифта ва дурнамоӣ он ба ҳаҷми 3,4 млн. тонна ангишт баҳогузорӣ карда шудаанд.
Ангишт ба навъӣ ангиштсанг дохил шуда хокситарнокиаш баланд мебошад (37,0%) ва барои эҳтиёҷоти хоҷагӣ-маишӣ истифода бурда мешавад.
Шароитҳои геологию-кӯҳии кон барои коркарди тарзи кушод бисёр мусоид мебошад. Коэффисиенти кушодани қабатҳои болои ангишт он қадар калон набуда (0,2-1,0) дар тамоми масоҳати майдони кони ангишт устувор мемонад.
Дар кони анигшти Сайёд ООО «Ширкати тиҷоратии «Сайёд» ба коркарду истихроҷи ангишт машғул аст. Захираи саноатии ангишти кон ҳоло ҳисоб карда нашудааст. Коркарди кони мазкур аз соли 2001-ӯм инҷониб бо тарзи кушода бурда мешавад.

ТАВСИФИ СИФАТИИ АНГИШТСАНГИ КОНИ «САЙЁД»

Нишондодҳо

Миқдор

Намнокӣ

4,9 %

Хокистарнокӣ

32,3 %

Mоддаҳои хориҷшаванда

39,4 %

Гидроген

5,1 %

Ҳарорати сӯзиш

7385 ккал/кг (30,31 МҶ/кг)

Карбон

67,1 %

Ахбори рӯз

Мулоқот дар вазорат 2014-04-28

Кӯмаки навбатӣ ба хонаи кӯдакон 2013-12-30

Коргоҳҳои нави соҳаи саноати маъдани кўҳӣ ва металлҳои қиматбаҳо 2013-12-30

Таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар соҳаи саноати маъдани кӯҳӣ ва металҳои қимматбаҳо 2013-12-31

Фаъолияти ҶМСП «ТоҷИрон»-и шаҳри Душанбе 2013-12-19

Пешравиҳо дар ҶДММ «Хуаксин Ғаюр семент»-и ноҳияи Ёвон 2013-12-19

Оғози фаъолияти ҶММ «Тоҷис-Эко-чарм» дар Душанбе 2013-12-06

Мулоқот дар вазорат 2013-12-03