Вазорати энергетика ва саноати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

Роҳбалад

Дархости лозимaро ворид кунед

Рӯзҳои таърихии вазорат

КОНИ АНГИШТСАНГИ ЗИДДӢ

Кони ангиштсанги Зиддӣ дар қисми ҷанубии шохаи қаторкӯҳҳои Ҳисор дар масофаи 70 км дуртар аз тарафи шимолии ш. Душанбе ҷойгир шудааст.

Аҳамияти амалии муҳимро дар кон захираҳои хокаи ба оташтобовар доро мебошанд, ки бевосита дар зер ва болои қабатҳои ангишт хобидаанд.
Кони ангишти Зиддӣ аз солҳои 1920-ӯми асри XX ошкор гардида ба омӯзиши кон бошад аз соли 1939-ӯм шурӯъ карда шуд. Захираҳои ангишти кон кашф ва ба ҳисоб грифта шуда аз тарафи Комиссияи марказӣ оид ба захираҳо бо чунин миқдор тасдиқ карда шуданд: В – 8396 ҳаз. тонна, С1 – 12557 ҳаз. тонна, С2 – 25069 ҳаз. тонна. Дар соли 1977-ӯм аз тарафи Иттиҳодияи истеҳсолии «Средазуголь» имконияти бо тарзи кушода истихроҷ намудани ангишт дар майдони Ғарбӣ баррасӣ гардида, чунин параметрҳо гирифта шуданд: кунҷи нишебӣ - 350, имконияти истихроҷи анигшт – 5,5 млн. тонна, ҳаҷми кушодашавӣ - 60,68 млн. м3, коэффисиенти миёнаи кушодашавӣ - 10,95 м3/тонна.

Захираи сафедхоки (каолинӣ) ба оташтобовар дар кони ангишти Зиддӣ 62076 ҳаз. тоннаро ташкил менамояд. Дар соли 1990-ӯм лоиҳаи кории кон таҳия карда шудааст.
Кони ангишт аз ду қабати ғафси (4-24 м) кунҷи афтишашон 8-100 иборат аст:

Қабати I. Намнокии аналитикӣ - аз 2,45 то 3,38%; хокистарнокиаш аз 6,45 то 30,83% таъғир меёбад, ки миқдори миёнааш 18,73%-ро ташкил медиҳад. Баромади моддаҳои хориҷшаванда аз вазни сӯзанда аз 26,88 то 34,34% таъғир меёбад. Ҳарорати сӯзиши вазни сӯзанда (ба бомба) ба миқдори 7116-7989 ккал/кг тағирёбанда мебошад.

Қабати II. Намнокии аналитикӣ - аз 2,56 то 5,77%; хокистарнокиаш аз 15,82 то 43,01% таъғир меёбад асосан барои ангишт - 22-29,6%; баромади моддаҳои хориҷшаванда аз вазни сӯзанда аз 24,39 то 39,87% таъғирёбанда аст. Ҳарорати сӯзиш аз 6708 то 7685 ккал/кг.

ТАВСИФИ СИФАТИИ АНГИШТИ КОНИ «ЗИДДӢ»

Нишондодҳо

Миқдор

Намнокӣ

3,4-10,2 %

Хокистарнокӣ

12,6-33,7 %

Mоддаҳои хориҷшаванда

4,96-25,8 %

Гидроген

5,1 %

Ҳарорати сӯзиш

баландӣ -7116-7989 ккал/кг; поёнӣ - 6708-7685 ккал/кг

Карбон

67,1 %

Сулфур

0,51-0,68 %

Ахбори рӯз

Мулоқот дар вазорат 2014-04-28

Кӯмаки навбатӣ ба хонаи кӯдакон 2013-12-30

Коргоҳҳои нави соҳаи саноати маъдани кўҳӣ ва металлҳои қиматбаҳо 2013-12-30

Таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар соҳаи саноати маъдани кӯҳӣ ва металҳои қимматбаҳо 2013-12-31

Фаъолияти ҶМСП «ТоҷИрон»-и шаҳри Душанбе 2013-12-19

Пешравиҳо дар ҶДММ «Хуаксин Ғаюр семент»-и ноҳияи Ёвон 2013-12-19

Оғози фаъолияти ҶММ «Тоҷис-Эко-чарм» дар Душанбе 2013-12-06

Мулоқот дар вазорат 2013-12-03