Вазорати энергетика ва саноати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

Роҳбалад

Дархости лозимaро ворид кунед

Рӯзҳои таърихии вазорат

КОНИ АНГИШТИ ҲАКИМӢ

Кони ангишти Ҳакимӣ дар масофаи 52 км аз тарафи ғарбии ш. Душанбе дар мавзеъӣ кӯҳии баландиаш 1550-2100 м ҷойгир шудааст.
Кони ангишт соли 1932-ӯм ошкор гардида, номукаммал омӯхта шудааст. Захираҳои дурнамои кон ба ҳаҷми 42 млн. тонна ва захираҳои баҳисобгирифта 100 ҳаз. тонна баҳогузорӣ карда шудаанд.
Дар мавзеи қабатҳои ангиштдори давраи юра дуто қабати ангишт муайян карда шудаанд, ки дарозиашон ба 1,5 км мерасад. Яктои ин қабатҳо дорои аҳамияти саноатӣ буда, сохтораш оддист ва иқтидораш аз 4 то 11 м мерасад. Кунҷи афтиши қабат 400-500 буда то ба ҳадди амудӣ рафта мерасад. Навъи ангишт сангӣ буда ба гурӯҳи ГЖ (газовый жирный) газӣ-равғандор дохил мешавад. Вобаста ба лоиҳаи корӣ истихроҷи ангишт бо тарзи кушода то чуқурии 20 м бо коэффисиенти кушодашавии қабатҳои болоии ангишт 7-10 м3/тонна ба назар гирифта шудааст.

ТАВСИФИ СИФАТИИ
АНГИШТИ КОНИ «ҲАКИМӢ»

Нишондодҳо

Миқдор

Хокистарнокӣ

4,8-19,7 (миёна – 14,2) %

Намнокӣ

5,2-17,4 (миёна - 15,1) %

Сулфури умумӣ

0,4-0,16 (миёна – 0,12)%

Моддаҳои хориҷшаванда

26,8-46,9 (миёна – 38,4) %

Ҳарорати сӯзиш

6453-7780 (миёна - 7372) ккал/кг (27,01-32,57 (миёна - 30,86) МҶ/кг)

Карбон

58,4-72,6 (миёна - 65,5) %

Гидроген

5,3-6,1 (миёна - 5,7) %

Ахбори рӯз

Мулоқот дар вазорат 2014-04-28

Кӯмаки навбатӣ ба хонаи кӯдакон 2013-12-30

Коргоҳҳои нави соҳаи саноати маъдани кўҳӣ ва металлҳои қиматбаҳо 2013-12-30

Таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар соҳаи саноати маъдани кӯҳӣ ва металҳои қимматбаҳо 2013-12-31

Фаъолияти ҶМСП «ТоҷИрон»-и шаҳри Душанбе 2013-12-19

Пешравиҳо дар ҶДММ «Хуаксин Ғаюр семент»-и ноҳияи Ёвон 2013-12-19

Оғози фаъолияти ҶММ «Тоҷис-Эко-чарм» дар Душанбе 2013-12-06

Мулоқот дар вазорат 2013-12-03