Вазорати энергетика ва саноати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

Роҳбалад

Дархости лозимaро ворид кунед

Рӯзҳои таърихии вазорат

КОНИ АНГИШТИ РАВНОВ

Кони ангишти Равнов дар ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар ҳавзаи дарёи Оби-Равнов дар шароити баландкӯҳи душворгузар, ки баландиаш ба 2900-3500 м мерасад воқеъ буда, дар масофаи 30 км аз қисми ғарбии пос.
Сағирдашт ҷойгир шудааст. Барои азхуднамоии кони ангишт лозим меояд, ки дар шароити душвори кӯҳӣ роҳи автомобилгард сохта шуда ҳар сол барқарор карда шавад. Кони ангишт аз ҷиҳати геологӣ номукаммал омӯхта шудааст. Дар солҳои 1991-92-ӯм корҳои ҷустуҷӯӣ-баҳодиҳи гузаронида шуд, ки дар натиҷа чорто қабати кории ангишт бо иқтидори аз 1,0 то 14,3 м бо дарозии 7 км муайян карда шуд. Кунҷи афтиши қабатҳо бисёр калон мебошад. Вобаста ба шароити номусоиди кӯҳию-геологӣ истихроҷи ангишт бо тарзи кушода маҳдуд мебошад.
Захираҳои дурнамоӣ кони ангишт ба миқдори 179 млн. тонна баҳогузорӣ карда мешавад. Аз сабаби он, ки баҳисобгирӣ танҳо дар ду қабат гузаронида шудааст ин миқдор захираҳо мутлақо кам нишон дода шудаанд.
Кони ангишт ба се минтақа ҷудо мешавад: худи Равнов, Равнови ҷанубу-ғарбӣ ва Равнови шарқӣ. Захираҳои баҳисобгирифта бо гурӯҳи С1 – 6,4 млн. тонна, Р - 12,8 млн. тонна ва Сз - 55,3 млн. тоннаро ташкил медиҳанд.

ТАВСИФИ СИФАТИИ
АНГИШТИ КОНИ «РАВНОВ»

Нишондодҳо

Миқдор

Хокистарнокӣ

6,3-34,8 %

Намнокӣ

0,3-9,6 %

Моддаҳои хориҷшаванда

29,3-38,3 %

Ҳарорати сӯзиш

31719 кҷ/кг

Гидроген

5,9 %

Ахбори рӯз

Мулоқот дар вазорат 2014-04-28

Кӯмаки навбатӣ ба хонаи кӯдакон 2013-12-30

Коргоҳҳои нави соҳаи саноати маъдани кўҳӣ ва металлҳои қиматбаҳо 2013-12-30

Таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар соҳаи саноати маъдани кӯҳӣ ва металҳои қимматбаҳо 2013-12-31

Фаъолияти ҶМСП «ТоҷИрон»-и шаҳри Душанбе 2013-12-19

Пешравиҳо дар ҶДММ «Хуаксин Ғаюр семент»-и ноҳияи Ёвон 2013-12-19

Оғози фаъолияти ҶММ «Тоҷис-Эко-чарм» дар Душанбе 2013-12-06

Мулоқот дар вазорат 2013-12-03