Вазорати энергетика ва саноати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

Роҳбалад

Дархости лозимaро ворид кунед

Рӯзҳои таърихии вазорат

КОНИ АНТРАСИТИ НАЗАР-АЙЛОҚ

Кони антрасити Назар-Айлоқ дар ҳудуди ноҳияи Рашт дар масофаи 300 км дуртар аз ш. Душанбе дар ҷои бо ҳам пайвастшавии қаторкӯҳҳои Зарафшону Қаротегин дар шароити мураккаби баландкӯҳи баландиаш 3600-4000 м ҷойгир шудааст.

Захираҳои геологӣ умуман дар кони ангишт ба миқдори 300 млн. тонна муайян карда шудааст. Дар кон оиди сохтмони кони ангишт бо иқтидори 200 ҳаз. тонна дар як сол ва заводи тозакунии ангишт, асоснокнамоии техникию-иқтисодӣ мавҷуд мебошад. Масоҳати майдони кон 25 км2-ро ташкил дода, дарозии қабатҳо зиёда ба 10 км мерасанд.
Захираи дурнамои антрасит ба миқдори 450 млн. тонна ва захираи муайяншуда ба 65 млн. тонна баҳогузорӣ карда шудаанд. Зимнан антрасити аз ҳама баландсифат асосан дар қабати IV ва қисман дар қабати VI ҷамъ шудаанд.

Озмоиши намунаи антрасит дар Россия (ВУХИН, ш. Свердловск), Финландия ва Германия гузаронида шудааст. Оиди як қатор нишондодҳои сифатӣ антрасити Назар-Айлоқ аз антрасити Украина ва оҳангарӣ беҳтар буда ва умуман ба антрасити машҳури Вьетнамии кони Ха-Ту шабоҳат дорад.
Ғайр аз ин антрасити кони Назар-айлоқ бо захираи зиёди худ талаботи ГОСТ 9604-75 «Антрасити ҳавзаи Донецкро барои истеҳсоли электроди термоантрситӣ» қонеъ мегардонад.
Озмоишҳои лабораторӣ, нимизаводӣ ва таҷрибавию саноатии антрасити кони Назар-Айлоқ дар панҷ институти илмию-тадқиқотии Федератсияи Россия гузаронида шуда, истифодабарии онро бо чунин мақсадҳо исбот намудаанд:

• истеҳсоли электродҳо ва маснуоти графитӣ-ангиштӣ
• ба сифати карбюризатор дар печҳои барқии дағал ва индуксионӣ дар вақти обнамоии пӯлоди махсус ва чуяни синтетикӣ ба ҷои электроди шикасташуда;
• бар ивази кокс дар вақти истеҳсоли карбиди кальсий;
• ба сифати ивазкунандаи графити пулакчашакл (чешуйчатого графита) дар истеҳсоли бетонҳои периклаз-карбонии баоташтобовар (периклазуглеродных огнеупорных бетонов).

Соли 1991-ӯм намунаҳои антрасити кони Назар-Айлоқро дар Маркази тадқиқоти техникии ш. Эспоои Финландия тадқиқот гузаронидаанд.

ТАВСИФИ СИФАТИИ
АНТРАСИТИ КОНИ «НАЗАР-АЙЛОҚ»

Нишондодҳо

Миқдор

Хокистарнокӣ

1,2-4,2 (миёна - 2,8) %

Намнокии аналитикӣ

0,78-4,66 %

Моддаҳои хориҷшаванда

3,0-5,0 %

Ҳарорати сӯзиш

8394 (35,14 МҶ/кг) ккал/кг

Гидроген

3,12-3,54 %

Сулфур

0,13-0,62 %

Карбон

89,27-93,86 %

Нитроген

1,04-1,52 %

Оксиген

1,81-4,96 %

Зичи (плотность)

1,47 т/м3

Ахбори рӯз

Мулоқот дар вазорат 2014-04-28

Кӯмаки навбатӣ ба хонаи кӯдакон 2013-12-30

Коргоҳҳои нави соҳаи саноати маъдани кўҳӣ ва металлҳои қиматбаҳо 2013-12-30

Таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар соҳаи саноати маъдани кӯҳӣ ва металҳои қимматбаҳо 2013-12-31

Фаъолияти ҶМСП «ТоҷИрон»-и шаҳри Душанбе 2013-12-19

Пешравиҳо дар ҶДММ «Хуаксин Ғаюр семент»-и ноҳияи Ёвон 2013-12-19

Оғози фаъолияти ҶММ «Тоҷис-Эко-чарм» дар Душанбе 2013-12-06

Мулоқот дар вазорат 2013-12-03